Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди гузориши Озодӣ: 100 ҷавон аз Мурғоб ба донишгоҳҳо дохил шуданд. АКС


Духтароне дар як рустои Мурғоб машғули дӯзандагӣ ҳастанд
Духтароне дар як рустои Мурғоб машғули дӯзандагӣ ҳастанд

Бо гузашти дуюним моҳ аз шурӯи соли нави таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф бо як тасмими фаврӣ ба сад ҷавони сокини ноҳияи Мурғоб квотаи таҳсил дар мактабҳои олиро тақдим кард. Мақомоти ноҳияи аксар қирғизтабори вилояти Бадахшони Кӯҳӣ мегӯянд, баъди нашри гузориши радиои Озодӣ, ба таври истисноӣ ба хатмкардаҳои мактабҳои миёнаи ноҳия сад квотаи таҳсил фароҳам оварда шуд.

Гузориши радиои Озодӣ аз 11 октябри соли ҷорӣ дар бораи омӯзиши забони тоҷикӣ аз ҷониби мансабдорон дар Мурғоб барои чунин тасмим сабаб шуд.

Фотима Бахтибекова, сокини 18-солаи ноҳияи Мурғоби Бадахшон ҳеҷ

Ҳамааш ғайриинтизор буд. Мехостам, дар Қирғизистон бихонам, аммо шароит надоштам ва ҳоло ба Душанбе омадам

бовар надошт, ки бо гузашти се моҳи таҳсил ногаҳон ӯ унвони донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мушарраф шуд. Ин духтари қирғизтабор мегӯяд, имсол мактаби миёнаро дар Мурғоб хатм кард ва умеди зиёд дошт, ки ба донишгоҳи Қирғизистони ҳамсоя дохил мешавад. Ӯ ба забони қирғизӣ хондааст ва мисли бисёр дигар ҷавонҳо дар Мурғоб, фикр мекард бояд дар Қирғизистон таҳсили олиро идома диҳад. Вале дурии роҳ сабаби аз ин нияташ гаштани ӯ шуд.

Дар яке аз рӯзҳои моҳи октябр баъди машварати директори мактабаш Ойҷамолро ҳамчун донандаи хуби илми математика ба идораи маорифи ноҳия даъват карданд ва гуфтанд, ки бидуни имтиҳон ба факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Душанбе дохил шудааст. "Ҳамаш ғайриинтизор буд. Мехостам, дар Қирғизистон бихонам, аммо шароит надоштам ва ҳоло ба Душанбе омадам", - гуфт Ойҷамол дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ.

Кӯдакони қирғизи рустои Аличори Мурғоб
Кӯдакони қирғизи рустои Аличори Мурғоб

Ин духтар бояд бо забони тоҷикӣ математика бихонад ва пас аз бозгашт ба Мурғоб ба мактаббачагони ин ноҳия аз ин фан ба забони тоҷикӣ таълим бидиҳад. Ҳоло дар баробари ихтисоси худ, Фотима ба таври мунтазам забони тоҷикиро меомӯзад ва орзу дорад мӯҳлати омӯзишаш зиёд накашад.

Ҳанӯз як моҳ пеш Фотима фикр мекард, ояндааш мисли дигар ҷавонҳои маҳаллӣ дар иҳотаи оилаву дӯстон, вале бидуни умеде барои кору фаъолиятҳои иҷтимоӣ пеш меравад ва шояд базудӣ издивоҷ карда, банди корҳои рӯзгор мешавад.

Баъди гузориши Радиои Озодӣ...

Ҳусния Раҷабова, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Мурғоб рӯзи 18 ноябр дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, пас аз нашри як мақола дар сомонаи Озодӣ, ки кормандони ҳукумати ноҳия талоши омӯхтани забони тоҷикиро доранд, вазорати маорифи Тоҷикистон ба таври истисноӣ сад квота барои ин ноҳия ҷудо кард. Аз миёни онҳо

90 дар садашон қирғизтаборанд ва дигарҳо тоҷик. Ин ҷавонҳо барои таҳсил дар мактабҳои олии Хуҷанд, Кӯлоб, Душанбе, Қурғонтеппа ва донишкадаи Ғарм роҳхат гирифтаанд. Мақсад ин аст, ки сатҳи забондонии инҳо хуб шавад ва оянда бо забони тоҷикӣ дар ноҳия мактаббачагонро дарс бидиҳанд, гуфт Ҳусния Раҷабова. Вай гуфт, дар ноҳия 12 мактаби қирғизӣ ва танҳо ду мактаби тоҷикӣ амал мекунад.

Китобхона дар минтақаи Аличури Мурғоб. Акс аз бойгонӣ
Китобхона дар минтақаи Аличури Мурғоб. Акс аз бойгонӣ

Дар ноҳияи Мурғоб, ки дар ҳудуди вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ва дар марз бо Қирғизистон ҷойгир аст, 60 сади аҳолиаш қирғизтабор ҳастанд. Онҳо ба забони худ кору зиндагӣ мекунанд, расму оинҳои миллии худро риоя ва забони тоҷикиро ҳамчун забони расмии Тоҷикистон ба кор мебаранд.

Ваъдаи квотаҳои бештар дар солҳои оянда

Вазорати маорифи Тоҷикистон ваъда кардааст, ки сад ҷавони дигарро низ соли оянда бар асоси квота ба донишгоҳҳои Тоҷикистон қабул хоҳад кард. Квота ё имтиёзи таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар ҳанӯз соли 2007 ба хотири кӯмак дар тарбияи мутахассисони соҳаҳои мухталиф дар деҳоти кишвар ҷорӣ шуд ва бар асоси он, ҳар сол беш аз 1000 нафар, бештар духтарон, аз манотиқи дурдасти рустову кӯҳистони Тоҷикистон ба донишгоҳҳо қабул мешаванд.

Ҷавонҳое, ки аз Мурғоб омада рӯзи 14 ноябр тоза таҳсилро шурӯъ кардаанд, бо хобгоҳ ва стипендия таъмин шуда, барояшон дарсҳои иловагии забони тоҷикӣ ҳам дода мешавад.

Ноҳияи дар иҳотаи кӯҳу роҳҳои душворгузари Мурғоб

Минтақаи баландкӯҳи Мурғоб дар баландии беш аз 3600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, беш аз 15 ҳазор аҳолӣ дорад ва 60 дар садашро қирғизҳо ташкил медиҳанд. Ҳаммарзи Чину Қирғизистон аст. Вале аз назари ҳудуд ин бузургтарин ноҳияи Тоҷикистон аст, ки дар фосилаи 700 км роҳ то Душанбе ҷойгир аст. Наздиктарин маркази маъмурӣ шаҳри Хоруғ аст, ки дар фосилаи 300 км роҳ ҷойгир аст, аз ин хотир, иртибототи аҳолӣ бо дигар нуқоти Тоҷикистон чандон осон нест, чун барои расидан то Душанбе бо мошин то ду рӯз лозим мешавад.

Роҳи Мурғоб
Роҳи Мурғоб

Аз ин хотир, таҳсил дар мактабҳои олии шаҳрҳои калони Тоҷикистон барои бисёр ҷавонҳои ноҳияи Мурғоб як орзу мемонад. Онҳое ҳам, ки ҷиддан барои амалишавии орзуҳояшон талош мекунанд, ба мактабҳои наздиктарини Қирғизистони ҳамсояву ҳамзабон мераванд. Аз ҳамин хотир ҳам, дар бархе ҳолатҳо ҳатто кормандони ҳукумати ноҳия ҳам дар баёни фикр ва корбарӣ ба забони давлатии тоҷикӣ мушкил мекашанд. Барои онҳо дарсҳои махсуси омӯзиш ва такмили забони тоҷикӣ амал мекунад.

XS
SM
MD
LG