Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Довталабон: Квотаи президентӣ "обу лой" мешавад


Довталабон мегӯянд, квотаи президентии таҳсил, ки ҳадафаш ҳалли мушкили мутахассис дар деҳоти дурдаст буд, аз тарафи мансабдорон барои фарзандон ва наздиконашон суистифода мешавад.

Агар Муборакшо Абдуллоев, довталаб аз ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод, имсол соҳиби квотаи президентӣ мешуд, шояд дар оянда ягона табибе мебуд, ки барои мардуми ин маҳал хизмат мекард. Маҳалле, ки дар зимистон роҳҳояш то маркази ноҳия баста мешаванд ва гоҳо беморонро бо замбар то фосилаи 15-20 километр ба беморхонаи маркази ноҳия ё шаҳри Кӯлоб мебаранд.

Аммо Муборакшо мегӯяд, "бинобар беадолатӣ дар ҷараёни тақсими квотаҳои президентӣ" талошҳои чандсолааш барои табиби деҳ шудан барбод рафт.

Барои Даштиҷум ва Лангардара, ду ҷамоати кӯҳистонӣ ва дурдасти ноҳияи Шӯрообод, ки дар мавсими сармо иртиботашон бо марказ канда мешавад ва камбуди табиб доранд, бо як қарори ҳукумат 4 квотаи таҳсил дар Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ Сино ҷудо шуд. Аммо Муборакшо ва довталабони дигар мегӯянд, амри президент иҷро нашуд ва ба ғайри як нафар аз ҷамоати дигар, боқӣ аз квотаи таҳсил маҳрум шуданд.

"Дар озмун саволи мушкил набуд. Фақат дар як савол аз физика аз ман хатои имлоӣ сар зад ва як бал паст шуд. Аз он сабаб ки дар мактаби мо на ҳама мутахассисон ҳастанд, ба дигар ноҳия рафта, хонда омадам. Мехостам, ба мардуми деҳ кӯмак кунам," -- афзуд Муборакшо.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, квотаи Донишгоҳи тиббӣ ба он хотир зарур буд, ки ҷамоати онҳо ҳамагӣ як пизишк дорад ва ӯ ҳам дар як деҳи дурдаст зиндагӣ мекунад. "Беморон дар ҳолати зарурӣ маҷбуранд бо ранҷу азоб аз деҳ ба маркази ноҳия раванд. Дар мавсими сармо бошад онҳо аз ин имкон ҳам маҳрум мешаванд, чун ҳаракати нақлиёт қатъ мешавад," -- нақл кард Муборакшо.

Хатмкунандагони мактабҳои ин ҷамоати иборат аз 20 деҳа дар озмунҳои ноҳиявӣ барои дарёфти квота ба Донишгоҳи тиббӣ ҳар сол ноком мешуданд, зеро ба қавли сокинон, маориф дар ин ҷо "бо ҳарду пой мелангад" ва дарсҳои кимиёву табиатшиносӣ хуб ба роҳ монда нашудаанд. Аммо кормандони маорифи ноҳияи Шӯробод мегӯянд, дар ин ду ҷамоат довталабони арзанда барои рақобат пайдо нашуданд.

Розиқ Содиқов, мудири шӯъбаи маорифи Шӯрообод, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси қоида барои як квота ҳадди ақалл 3 нафар бояд рақобат кунад. Аммо ӯ мегӯяд, "духтарҳо балли паст гирифтанд, албатта, дар як бор мо натавонистем нақшаро иҷро кунем, вале кӯшиш мекунем, ин масъала боз дар вазорат баррасӣ мешавад."

Дар ҳамин ҳол, Сафарбой Самадов, масъули Вазорати маориф ва илми кишвар, ки намояндаи ин ниҳод дар озмунҳо барои тақсими квота аст, мегӯяд, дониши махсусан духтарони ин ду ҷамоат барои таҳсил дар Донишгоҳи тиббӣ аслан ҷавобгӯ набуд: "Ҳатто як саволи одиро аз биология ва химия намедонанд. Пагоҳ аз онҳо чӣ гуна духтур мебарояд?"

Дар ҳоле ки масъулон аз кам будани довталабу рақобат барои ба даст овардани квота ва паст будани дониши хонандагони мактабҳои ҷамоатҳои дурдасти Шӯрообод сӯҳбат мекунанд, бархе аз волидайн, мегӯянд, маҳз ба қавли онҳо ноадолатӣ дар тақсими квота ва ҳатто иддаои фурӯхта шудани он боис шудааст, ки довталабон аз ширкат дар чунин озмунҳо худдорӣ кунанд.

Имсол охирин соле будааст, ки квотаи президентӣ барои муҳассилини навоҳии дурдаст ҷудо мешавад. Квота сар аз соли 2007 барои рафъи камбуди мутахассис дар ноҳияҳои дурдасти кишвар ҳамчун имтиёз ба довталабон пешниҳод мешуд. То соли 2011 саҳмия барои духтарони кӯҳистон ва аз оилаҳои камбизоат пешниҳод мешуд, баъдан ин имтиёз писаронро низ фаро гирифт.

Масъулон мегӯянд, дар ин муддат квотаи президентӣ тавонист то ҷое ба ҳадаф расад, аммо шикоятҳо ҳам аз ҷараёни тақсими он хеле зиёд буд. Марҳаббо Ҷабборӣ, муовини нахуствазири Тоҷикистон соли равон дар як сухани худ, аз риоя нагардидани тартиби тақсими саҳмияи президентӣ нигаронӣ карда буд. Таҳлилгарон мегӯянд, масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ, ин имтиёзи президентиро ба нафъи худ ва наздиконашон истифода мебаранд. Ё ҳолатҳое ҳам буданд, ки хонандаҳо аз марказҳои шаҳр охирин моҳи таҳсилро ба хотири ба даст овардани квота дар мактаби деҳа мегузаронанд.

Акнун саҳмияи президентӣ аз соли дигар ба ҷавононони навоҳии дурдаст дода намешавад ва як сабабаш ин будааст, ки донишҷӯён баъд аз хатми донишгоҳ ба зодгоҳи худ барнагаштанд. ​Шукрона ягона духтаре аз ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара аст, ки имсол барои ба даст овардани квотаи таҳсил ба донишгоҳи техникӣ дар ноҳияи Исфара ширкат карду ноком шуд. Ӯ мегӯяд: "Ба ман суоле доданд, ки баъдан омадаму инҷо фаҳмидам нодуруст будааст. Тамоми омӯзгорони мактаб посух ба ин суолро намедонанд ва мегӯянд, дар озмун ё моро масхара кардаанд ё шӯхӣ."

Шукрона дигар умеде аз квотаи президентӣ надорад ва ҳоло барои имтиҳоноти Маркази тестӣ омодагӣ мебинад, аммо Муборакшо, довталаби дигари ноком аз Даштиҷум, ки соҳиби 35 диплому ифтихорномаҳои мактабӣ аст, ба ин осонӣ аз аз раъйаш гаштанӣ нест ва мегӯяд, ягона ва охирин квотаи Донишгоҳи тиббӣ барои ҷамоати Даштиҷумро аз даст нахоҳад дод ва лозим шавад, шикояташро то пеши раисиҷумҳур хоҳад бурд.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон соли ҷорӣ дар донишгоҳҳои кишвар беш аз 5 ҳазор донишҷӯ тариқи саҳмия таҳсил кардаанд ва ин вазорат ҳоло дар пайи таҳияи як низомномаи нав аст, ки ба ҷои квотаи президентӣ бо роҳҳои дигар ҷавонони деҳро ба таҳсил фаро хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG