Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбактаборҳо ба мактабҳои тоҷикӣ мераванд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Теъдоди ҳарчӣ бештари волидони хонандагони узбактабор дар Тоҷикистон ба таҳсили фарзандонашон дар мактабҳои тоҷикӣ бартарӣ медиҳанд.

Волидони ҳудуди 10 ҳазор хонандаи узбактабори ноҳияи Қубодиён аз ҳукумати ин минтақа хостаанд, ки фарзандонашон дар мактабҳои тоҷикӣ таҳсил кунанд. Зеро ба қавли онҳо, таҳсил дар мактабҳои тоҷикӣ барои шомил шудан ба донишгоҳҳо, дарёфти квотаи президентӣ, пайдо кардани кор дар идораҳои давлатии Тоҷикистон, яъне барои сохтани карйераи фарзандонашон дар оянда ёрӣ мекунад.

Мирзо Эшов, мудири шӯъбаи маориф ва илми ноҳияи Қубодиён, 21 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ноҳияи онҳо 26 мактаб бо забони узбакӣ фаъолият мекунад, вале бо хоҳиши волидон ҳудуди 70 дарсади хонандагони ин мактабҳо ба синфҳову мактабҳои тоҷикӣ гузаронда шудаанд. Ҳамин тавр, кӯдакони узбактаборе, ки ҳанӯз ба синфи якум мераванд, на дар мактабҳои узбакӣ, балки дар мактабҳои тоҷикӣ ба таълим фаро гирифта мешаванд.

Ба қавли мудири маорифи ноҳияи Қубодиён, дар асоси аризаи расмии волидони ин хонандагон, мактаббачаҳои то синфи 4 пурра ба мактабҳои тоҷикӣ гузаронда шуданд. Аммо аз сабаби набудани муаллими забони тоҷикӣ дар ин минтақа, имкони пурра бо забони тоҷикӣ ба таълим фаро гирифтани синфҳои болоиро ҳанӯз пайдо накардаанд: "Имсол мактабҳои узбакиро ҳудуди 500 нафар хатм кардаанд ва 50 дарсадашон ба донишгоҳҳо ҳуҷҷат супурданд. Аммо ҳанӯз мушаххас нест, ки чанд дарсади ин довталабон донишҷӯ шудаанд."

Бо онки пас аз як ҳафта соли нави таҳсил оғоз меёбад, қариб дар ҳама манотиқи Тоҷикистон шумори зиёди узбактаборон аз шӯъбаҳои маориф хостаанд, ки фарзандонашон дар мактабҳои тоҷикӣ таҳсил кунанд.

Мавлуда Ашӯрова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, аз сабаби хуб надонистани забони тоҷикӣ ду писараш натавонистанд ба донишгоҳ шомил шаванд ваё кори хубтар пайдо кунанд. Ба ин далел, ӯ тасмим гирифтааст, духтарашро, ки дар синфи ҳаштум мехонад, аз мактаби узбакӣ ба мактаби тоҷикӣ диҳад. Ашӯрова мегӯяд, шавҳараш ба идораи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа муроҷиат кардааст ва бояд рӯзҳои наздик дақиқ шавад, ки духтараш оё имкони таҳсилро дар мактабҳои тоҷикӣ пайдо мекунад ваё не.

Дар яке аз синфхонаҳо
Дар яке аз синфхонаҳо

Ин сокини шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, писари калониаш се сол пеш мактабро хатм карда буд. Ӯ ҳангоми дохил шудан дар факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллӣ натавонистааст бо забони тоҷикӣ иншо нависад ва аз имкони донишҷӯ шудан маҳрум гашт. Ҳоло писари калонии ӯ дар соли дуюми донишгоҳи Тошканд таҳсил мекунад. Писари дуюмаш бошад, имсол низ ба далели надонистани забони тоҷикӣ аз имтиҳони Донишгоҳи технологӣ ақиб гашт. Саволҳои Маркази миллии тестӣ, ки бо забони тоҷикӣ мебошанд, бештарашон барояш нофаҳмо будааст: "Духтарам табиб шудан мехоҳад. Ҳоло ӯ ҳам аз забони тоҷикӣ дарси иловагӣ мегирад ва ҳам аз забони англисӣ. Мехоҳам ҳадди аққал духтарам тавонад бе мушкил дар донишгоҳ дохил шавад."

Маҳбуба, духтари Мавлуда Ашӯрова, мегӯяд, албатта, барояш таҳсил бо забони узбакӣ писанд аст. Зеро ва ҳам дар хона, ҳам дар мактабу бо ҳамсояҳояшон бо ин забон ҳарф мезанад. Аммо нокомии бародаронаш барои вуруд ба донишгоҳ боис шуда, ки ӯ барои гузаштан ба мактаби тоҷикӣ тасмим бигирад: “Талаффузи баъзе калимаҳои тоҷикӣ бароям душвор мебошад. Лекин кӯшиш дорам, ки хуб аз худ кунам ин забонро.”

Дар ноҳияи Носири Хусрав низ шумораи зиёди узбактаборон расман муроҷиат кардаанд, ки фарзандонашон минбаъд дар мактабҳои узбакӣ таҳсил накунанд.

Бозоргул Саидова, муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав, зимни сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин минтақа 25 мактаб бо забони узбакӣ хонандагонро ба таҳсил фаро мегирад. Аммо азбаски волидон дигар намехоҳанд ба фарзандонашон забони узбакӣ таълим дода шавад, аз дигар навоҳӣ муаллимони забони тоҷикиро ба мактабҳо ҷалб карда истодаанд. Саидова мегӯяд, ҳатто муаллимони узбакзабонро ба курсҳои забони тоҷикӣ фаро гирифтаанд: “Ҳоло ҳама муаллимони узбакзабон аттестатсия шуда истодаанд. Ҳар касе аз аттестатсия гузашт, кор мекунад. Ҳар касе нагузашт, забони тоҷикияшро такмил медиҳад. Курси забони тоҷикӣ меомӯзад ва корашро идома медиҳад. Аз дигар ноҳияҳо муаллимони забони тоҷикӣ омада, ба муаллимони мо дарс мегӯянд.”

Вале Мунира Иноятова, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон ва коршиноси соҳа, мегӯяд, хуб нест, ки таълим бо забони узбакӣ аз байн рафта истодааст: “Беҳтар мебуд, ки таълими забони тоҷикиро дар мактабҳои узбакзабон хуб ба роҳ мемонданду кӯдакон якбора ду забонро меомӯхтанд. Танҳо бо забони тоҷикӣ маҳдуд кардани кӯдак барои рушди ояндаи ӯ, фикр мекунам, таъсири хуб нахоҳад дошт. Зеро агар донандагони забони узбекӣ ҳам дар идораҳо кор кунанд, бадӣ надорад.”

Дар Тоҷикистон наздики 900 муассиса бо забони узбакӣ кӯдаконро ба таҳсил фаро мегирад. Дар ҳоли ҳозир, бар пояи оморҳои расмӣ, дар ин муассисаҳо 487 110 хонанда бо забони узбакӣ таълим мегиранд. Дар гузашта узбактаборони Тоҷикистон бештар барои таҳсил ба донишгоҳҳои Узбакистон мерафтанд. Аммо сардии равобити ду кишвар ва ҷорӣ шудани виза роҳи онҳоро ба Узбакистон маҳдуд кард. Узбактаборон бузургтарин ақалияти қавмӣ дар Тоҷикистон буда, ҳудуди 15 дарсади аз тақрибан 8,5 миллион аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG