Рӯзи 10 апрел дар Маскав натиҷаҳои раддабандии солонаи “Round University Ranking”-ро эълон шуд, ки онро ширкати русии "Рейтинговое Агентство RUR" ҳамроҳ бо оҷонсии "Thomson Reuters" бар асоси таҳқиқи 700 донишгоҳи ҷаҳон таҳия кардааст.
Муаллифони раддабандӣ иброз медоранд, ки дар як соли ахир мактабхои олии Русия нишондодҳои худро беҳтар кардаанд ва натиҷаҳои беҳтарро дар самти “сифати таълим” ба даст овардаанд.
Дар ин раддабандӣ аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар ҷои 46-ум, Донишгоҳи Томск дар зинаи 100 ва Донишгоҳи Дӯстии Халқҳо дар мақоми 104 ҷой гирифтаанд.
Олег Соловёв, муҳаррири радабандии донишгоҳҳои ҷаҳон мегӯяд: "Ба ҳисоби миёна дар макотиби олии Русия 1500 устод кор мекунад, ки ин ба нишондодҳои миёнаи ҷаҳонӣ баробар аст. Бо вуҷуди ин шумораи миёнаи донишҷӯён дар макотиби олии мо нисбатан камтар буда, теъдоди онҳо 13 800 нафарро (дар донишгоҳҳои дигари ҷаҳон 24 000 донишҷӯ) ташкил медиҳанд. Ин аз он далолат медиҳад, ки ба ҳар як устод дар макотиби мо нисбатан донишҷӯи камтар рост меояд ва устод ба ҳар як толибилм таваҷҷӯҳи бештарзоҳир мекунад".
Муаллифони Round University Ranking ҳамчунин таъкид карданд, ки зимни тартибдиҳии раддабандӣ, боре ҳам фикри хубтар нишон додани сатҳи донишгоҳҳои русӣ набудаанд. Баръакс ба гуфти онҳо, мақсад қиёс ва баҳогузории мунсифонаи вазъи тадриси олӣ дар Русия будааст.
Михаил Стриханов, раиси Донишгоҳи миллии таҳқиқоти ҳастаӣ - МИФИ гуфт: "Нисбати донишгоҳҳои Русия раддабандӣ хеле интиқодист. Мебинем, ки донишгоҳи пешсафи мо МГУ (Донишгоҳи Давлатии Маскав) дар ҷойгоҳи хуб қарор дорад, вале дар қиёс бо донишгоҳҳои маъруфи амрикоӣ мақоми он поёнтар аст. Мақотиби олии дигар, фарз кардем^ МИФИ наздик ба садгонаи сеюм аст, дигарон дар зинаҳои садаи сеюм ва чорум қарор гирифтаанд. Ҳамин сахтгирӣ посух ба суолест, ки чи қадар муаллифони раддабандӣ ба таҳқиқоти ҳуд муносибат мекунанд".
Дар ҳамин ҳол, таълим дар донишгоҳҳои Русия миёни шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравӣ ҳамоно эътибори зиёд дорад. Сатҳи баланди довталабонро ҷойгоҳи муҳими забони русӣ дар ин кишварҳо таъмин мекунад.
Аз ҷониби дигар, дар ҷалби ҷавонони хориҷӣ ба донишгоҳҳои Русия созмони давлатии “Россотрудничество” саҳм дорад.
Комрон Раҳимов, хатмкардаи Донишгоҳи Славянӣ, маҳз дар доираи квотаи “Россотрудничество” барои таҳсил дар магистратура ба Маскав омадааст.
Комрон Раҳимов мегӯяд: "Ҳамзамон дар байни донишҷӯёни тоҷикистонии макотиби олии Русия муҳассилини литсейҳои номдори туркӣ низ ҳастанд. Далер Қобилов, ки бо забони англисӣ озодона ҳарф мезанад, мегӯяд, ки аз ибтидо нияти таҳсил дар Туркияро дошт, аммо волидайн ӯро ба таҳсил дар Русия водор кардаанд. Далер мегӯяд, ки аз таҳсил дар Донишгоҳи дӯстии халқҳо пушаймон нест, аммо ба худ қавл додааст, ки аспирантураро дар яке аз донишгоҳҳои ғарбӣ ба итмом хоҳад расонид".
Далер Қобилов, донишҷӯи Донишгоҳи Дӯстии Халқҳо гуфт: "Устодони мо хубанд, таҳсил ҳам нағз, аммо зимни муошират бо ҳамсабақон, ки дар донишгоҳҳои аврупову амрико таҳсил доранд, хоҳ нохоҳ сифати тадриси инҷоро бо онҳо қиёс мекунем. Албатта фарқ дорад, барномаҳои дарсӣ, усули таълим... ба куллӣ фарқ дорад. Дар Русия системаи маориф қадимтар аст, шояд аз даврони шӯравӣ боқимонда бошад. Вале оҳиста-оҳиста он тағйир меёбад".
Дар ҳамин росто, мушкилии донишгоҳҳои Русияро, ҳукумати ин кишвар тариқи барномаи «5-100» мехозад ҳал намояд. Лоиҳаи мазкур чор сол қабл қабул шуда, вазифаи асосияш боло бурдани рақобатпазирии донишгоҳҳои русӣ аст, ва мақсади асосияш то соли 2020 шомил гардонидани на кам аз 5 донишгоҳи русӣ ба садгонаи беҳтарин макотиби олии ҷаҳон аст.
Дар доираи ин барнома, ҳоло дар донишгоҳҳои муҳталиф аз кор озоднамоии қисме аз профессорон ҷараён дорад ва ин иқдом сарусадоҳои зиёдро дар расонаҳо ба миён овардааст.
Алексей Фалалеев, намояндаи Барномаи «5-100»: "Ба фикри ман, вазъ дар макотиби олии Русия аз рӯи нишондодҳои ҷаҳони бисёр даҳшатбор аст. Фарз кардем, нишондоди истинодот. Дар донишгоҳи маъмулии Корея таҷрибаи корманди миёна иборат аст аз як соли корӣ, нишондоди истинодот баробар ба 1, ду соли корӣ, нишондод 2 ва ғайра. Агар ба нишондоди истинодоти кормандони макотиби олии мо назар кунем... хуб, шумо вазъро хеле хуб медонед. Бештари муаллимон дар сатҳи ҷаҳонӣнестанд. Устодони мо ба нафақа намераванд. Роҳи рафтан ба нафақа тариқи зали варзишист. Онҷо тобути онҳоро ба видоъ мегузоранд. Шояд ин начандон хуб бошад..."