Мақомоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон нигарониҳоро дар робита ба афзоиши тундгароии динӣ дар кишвар рад карданд. Сулаймон Давдатзода, раиси Кумитаи дин рӯзи сешанбеи 12 июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, нигарониҳои созмонҳои байналмилалӣ дар бораи он ки гӯё бастани Ҳизби наҳзати исломӣ ба унвони ҳизби террористӣ низ ба оташи тудгароӣ дар кишвар равған мерезад, ҳақиқат надорад.
Ӯ гуфт, “сабаби асосии ифротгароии динӣ ин аст, ки як гурӯҳе, ки фикри қаҷ дорад, мехоҳад ин андешаи худро ба сари гурӯҳи дигар таҳмил кунад. Баръакс, бубинед, дар кишварҳои дунё даҳҳо ё садҳо ҳизбҳои сиёсие ҳастанд, ки характери динӣ доранд ва озодона фаъолият менамоянд, аммо дар ин кишварҳо ифротгароии мазҳабӣ коста нашудааст”. Ин дар ҳолест, ки дар ин авохир созмонҳои байнулмилалӣ аз маҳдуд шудани озодиҳои мазҳабии шаҳрвандони тоҷик интиқод карда ва ишора мекунанд, ки мамнӯъ шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки сентябри соли 2015 сурат гирифт, метавонад афзоиши тундгароии диниро дар баробари исломи мӯътадил бештар кунад.
Қаблан Ҷорҷ Роберт, раиси Комиссияи байнулмилалии озодиҳои мазҳабӣ дар Амрико ҳам гуфта буд, саркӯб шудани фаъолони мӯътадил ва мустақили дини ислом на ба коҳиш, балки ба афзоиши тундгароӣ дар ҷомеа сабаб хоҳад шуд. Комиссияи байнулмилалии озодиҳои мазҳабӣ мегӯяд, дар тӯли шаш соли охир, яъне аз замони ба иҷро даромадани қонуни озодии виҷдон дари даҳҳо масҷид дар Тоҷикистон баста ва ба ҷойҳои ҷамъиятӣ табдил шудаанд. Аммо масъулони Кумитаи дин мегӯянд, талоши онҳо на мубориза бо пайравони ислом, балки бо афроди тундгарост, ки қасди хароб кардани сохти конститутсионии Тоҷикистонро доранд.
Ҳусейн Шокиров, раҳбари раёсати иттиҳодияҳои динӣ дар Кумитаи дин, мегӯяд, ифротгароии диние, ки дар кулли кишварҳои исломӣ вуҷуд дорад, ҳадафаш ҷудоиандозист ва ин гурӯҳҳо мехоҳанд тавассути ифротгароии динӣ сари кудрат биёянд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ҳоло пайдоиши ифротгароии динӣ зиёд аз фазоҳои ҳоким дар кишварҳо вобаста нест. Ба назари Саъдӣ Юсуфӣ, коршиноси масоили динӣ дар ҷаҳони имрӯз заминаҳои тундгароии мазҳабӣ зиёд шуда характери дигарро ба худ касб кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто афроде ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастанд, ки онҳо аз ҳар лиҳоз озод буданд.
Ӯ бо овардани мисол мегуяд, “дар кишварҳои Осиёи Миёна аз озодиҳои мазҳабӣ бештар дар Қирғизистон бохабар ҳастанд, аммо даҳҳо сокинаш ба гурӯҳи ДИИШ пайваста ва дар чандин таркишҳо ширкат кардаанд”. Саъдӣ Юсуфӣ меафзояд, ки ҳоло пайдошии тундгароии динӣ то андозае маҷозӣ шудааст ва бештари онҳое ки ба ДИИШ пайвастаанд, бо ангезаи фикрӣ ба ин кор даст заданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи иттилои расмӣ ҳоло беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат мекунанд ва соли гузашта наздик ба ҳазор нафар бо иттиҳоми ифротгароӣ дар Тоҷикистон боздошт шудааст.
Таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки ҳукумати Тоҷикистон аз замони ҷанги шаҳрвандӣ то ҳол бо ифротгароӣ ва тундгароии мазҳабӣ даст ба гиребон аст. Худи ҳукумати Тоҷикистон ҳам қаблан эълон кард, ки бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ кишвар дар тамоми самтҳо муборизаро бо ифротгароӣ ва терроризм тақвият бахшидааст ва ба зудӣ стратегияи нави миллии мубориза бо терроризму ифротгароиро барои солҳои 2016-2020 қабул мекунад. Давоми чанд соли ахир дар Тоҷикистон гурӯҳҳое мисли Ҳизб-ут-таҳрир, Салафия, Ҷамоати Таблиғ пайдо шуданд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон онҳоро террористӣ ва экстремистӣ эълон карда, фаъолияташонро дар қаламрави кишвар манъ намудааст.
Гуфта мешавад, ин гурӯҳҳо, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, бо роҳҳои пинҳонӣ шаҳрвандони кишварро ба сафи худ ҷалб намуда, ба ҷангҳои Ироқу Сурия ва ё тахрибкорӣ дар дохили Тоҷикистон ташвиқ мекунанд. Аммо дар ҳамин ҳол масъулини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мегӯянд, дар соли равон алайҳи 14 имомхатиб парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, ки асосан бо ҷурми узвият дар равияҳои мамнӯи “Салафия” ва “Ихвон-ал-муслимин” гумонбар буданд.
Фаъолияти созмони "Ихвонулмуслимин" дар Тоҷикистон соли 2006 мамнӯъ шудааст, вале то кунун афроди бисёр кам бо иттиҳоми узвият дар ин созмон дастгир шудаанд. "Ихвонулмуслимин" як созмони мазҳабӣ ва сиёсист, ки соли 1928 дар Миср таъсис ёфтааст, вале фаъолияти онро дар бисёре аз худи кишварҳои арабӣ мамнӯъ кардаанд. Аммо масъулини ин кумита мегӯянд, аз 14 имомхатиби боздошшуда танҳо 2 нафарашон ҳангоми фаъолият боздошт шудаанд. Боқӣ ё қаблан аз вазифаашон барканор шуда буданд ва ё аз комиссияи аттестатсионӣ афтида буданд.
Танҳо аз вилояти Суғд 7 нафар аз имомхатибон бо ҷурми узвият дар созмони мамнӯи “Ихвон-ал-муслимин” аз 3 то 4 соли зиндон маҳкум шуданд. Ҳуқуқдони тоҷик Файзинисо Воҳидова, ки вакили дифои Сулаймон Болтуев, имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Гулистон буд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аксари имомхатибони боздоштшуда то замони боздошт ба ҳайси имомхатиб фаъолият доштанд. Воҳидова гуфт, “онҳо ягон амале, ки барои тағйири сохтори конститутсионии Тоҷикистон ё даъват ба кинаву адовати диниву мазҳабӣ накардаанд. Намозгузориву ақидаашон ҳам пурра аз рӯи мазҳаби ҳанафӣ будааст. Фақат мақсад гузошта будаанд, ки бо роҳи даъвати осоишта шумораи пайравон ва намозгузорони исломиро дар кишвари худ зиёд гардонанд”.
Ҳамчунин Тоҳир Ашӯров, имомхатиби маҳаллаи Ҳилоли Аҳмари шаҳри Кӯлоб, ки ҳамчун ҷойгузини Ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонии маъруф ном бурда мешуд, низ бо ҷурми узвият дар равияи мамнӯи “Салафия” барои 6 сол маҳкум ба зиндон шуд. Ин боздоштҳо дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон бар ин боваранд, ки мазҳаби Ҳанафия нисбат ба дигар соири мазоҳиби исломӣ мӯътадилтар ва демократитар аст.