Аз аксари ҷавононе, ки дар Хатлон бо иттиҳоми ифротгароӣ ва пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои манӯъ боздошт ва равонаи зиндон мешаванд, китобҳои дорои мазмуни ифротӣ мусодира шудааст ва мақомот аз ин адабиёт алайҳи ин афрод ҳамчун далели шайъӣ, истифода кардаанд. Ҳафтаи гузашта додгоҳи Қурғонтеппа Абдуманон Сатторов ва Сафаралӣ Бобиев, ду сокини ҷавони ин шаҳрро тибқи моддаи 307, Кодекси ҷиноят ба 6,5 сол зиндон маҳкум кард.
Ба иттилои додгоҳи Қӯрғонтеппа, ин ду ҷавон сокинонро ба созмони дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯи "Ҷамоати таблиғ" даъват намуда ва аз онҳо адабиёти дорои хусусияти ифротгароӣ, аз ҷумла китобҳои “Шашсифот”, “Дувоздаҳ усул”, “Фазоили аъмол” ва “Фазоили садақот" мусодира шудааст.
Ахиран вазорати корҳои дохилаи кишвар дар як дастурамал беш аз 50 китоби манӯъро пешниҳод кардааст. Гуфта мешавад, ки барои бори аввал феҳристи китобҳои манӯъ дар кишвар мебошад, ба дасти хонандагон мерасад.
“Салафия хатари он барои Тоҷикистон” китобест, ки аз сӯи Вазорати корҳои дохила ба дасти мардум расид, ки дар он номгӯи беш аз 50 китоби дар Тоҷикистон мамнӯъ навишта шудааст. Аксарияти ин китобҳо чопи Маскав, Риёз, Теҳрон, Мисри Араб, Димишқи Сурия буда ва дар миёни адабиёти мамнӯъ, ки хусусияти таблиғи ифротгароӣ доштааст, китоби “Али Мавлуди Каъба” аз чопхонаи “Суннатулло”-и Душанбе ба нашр расидааст.
“Зиёрати қабрҳо” ва даҳҳо номгӯи дигар, китобҳое ҳастанд, ки мақомоти тоҷик мегӯянд, аз хондани онҳо бояд дурӣ ҷуст. “Давлати хилофат”, “Китоби муъҷизаҳо” ва даҳҳо китоби дигар, ки бештари онҳо аз забонҳои дигар тарҷума шудаанд, аз ҷумлаи китобҳои шомили ин феҳрист мебошанд.