Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 5 сокини ин минтақаро, бо шумули як имоми масҷиди панҷвақта, барои пайравӣ аз ҷараёни мазҳабии "Салафия" ба зиндон фиристодааст. Боир Зоирзода, додраси парванда, рӯзи 19 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, Ҳамид Каримов - имоми масҷиди ҷамоати Унҷии Бобоҷон Ғафуров ҳамчун раҳбари ин гурӯҳ ба 8 соли ҳабс маҳкум шуда, чор нафари боқимонда 7-солӣ гирифтаанд.
Ӯ гуфт, ки Ҳамид Каримов бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - "барангехтани кинаву адовати... динӣ" ва "иштирок дар созмони мазҳабии мамнӯъ" - муҷрим шинохта шудааст. "Боқимондаҳо танҳо бар асоси як модда, яъне узвият дар созмони мамнӯъ маҳкум шуданд," - гуфт додрас.
Ба қавли Боир Зоирзода, Ҳамид Каримов дар аввали соли 2014 тавассути як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба равияи "Салафия" пайваста, баъдан дар масҷиди таҳти роҳбарияш ба таблиғи ин гурӯҳ машғул шудааст. "Ӯ дар масҷид ин гурӯҳро таблиғ мекард ва чор ҳамроҳашро, ки ҳоло зиндонӣ шуданд, аз рӯи китоби "Аслҳои сегона", "Чор қоида" ва "Тавҳид" омӯзиш додааст," – афзуд ӯ.
Додрас гуфт, ки ин гурӯҳи панҷнафарӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ аз сӯи нерӯҳои интизомии Тоҷикистон боздошт шуда, то он дам бо шеваи ришгузорӣ ва либоспӯшии худ аз дигарон фарқ доштаанд. Ба қавли ӯ, имом ва чор ҳамроҳаш бо садои баланд Омин гуфта, тарки намози суннат мекардаанд ва ба ин тариқ, ба қавли ӯ, дар миёни ҷомеа ихтилоф ба вуҷуд овардаанд.
Аз ин панҷ нафари маҳкумшуда танҳо Ҳамид Каримов - имоми масҷиди ҷамоати Унҷии Бобоҷон Ғафуров ба худ вакили дифоъ гирифта, дигарон, ба қавли додрас, аз хидмати вакил даст кашидаанд.
Ҷамшед Сабуров, вакили дифои Ҳамид Каримов гуфт, феълан нафари таҳти ҳимояташ ва чор ҳамроҳи ӯ ҷазои додгоҳро “сахт” номида ва мехоҳанд, ки бозбинии парвандаашонро аз додгоҳи вилояти Суғд талаб кунанд. Ӯ афзуд, “чор нафаре, ки ки вакили дифоъ надоштанд, онҳо низ ҳоло мехоҳанд вакил бигиранд. Онҳо мегӯянд, ки мақсади барангехтани ихтилофҳои мазҳабӣ байни сокинонро надоштанд, балки ҳадафашон аз омӯзиш танҳо ба хотири огоҳии бештар аз дини ислом буд.”
Тоҷикистон як кишвари мусалмонист ва 90 дарсади аҳолиаш пайравони мазҳаби Ҳанафия мебошанд. Мақомот равияҳои дигари мазҳаб, аз ҷумла "Салафия"-ро барои амнияти кишвар хатарбор дониста, назоратро бар масоили динӣ афзоиш медиҳанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2009 фаъолияти ҷараёни тозапайдои "Салафия"-ро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон кард. Додситонии кулли Тоҷикистон ахиран эълон дошт, ки беш аз ҳазор шаҳрванди ин кишвар асосан бо ташвиқи салафиҳо ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" пайвастаанд.
"Салафия" як шохаи мазҳаби Ислом аст, ки дар Арабистони Саудӣ ба он пайравӣ мекунанд ва баъзан ин мазҳабро бо мазҳаби Ваҳҳобия якҷоя ном мебаранд. Ба қавли таҳлилгарон, пайравони шохаи "Салафия" дар Тоҷикистон ҷавонони навпайдое ҳастанд, ки дар мадориси давлатҳое назири Арабистони Саудӣ ва Покистон таҳсил намудаанд.
Пайравони ин ҷараён дар оғози солҳои 2000-ум аз худ дарак дода, асосан бо рӯҳониёни суннатӣ вориди баҳс шуданд. Нахустин гурӯҳи пайравони "Салафия" дар Тоҷикистон соли 2010, бо шумули Эшони Сироҷииддин ва писараш Киромиддин, маҳкум ба зиндон шуданд. Ҳоло Муҳаммадӣ Раҳматулло, ки дар гузашта аз ӯ раҳбари салафиҳо ном бурда мешуд, низ дар боздошт аст.