Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи се сокини Хатлон барои ҳамдастӣ бо Толибон


Раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон се сокини ин минтақаро дар ҷустуҷӯ қарор додааст, ки ба ҳамдастӣ ва узвияти ҳаракати "Толибон" гунаҳгор дониста мешаванд.

Раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон се сокини ин минтақаро дар ҷустуҷӯ қарор додааст, ки ба ҳамдастӣ ва узвияти ҳаракати "Толибон" гунаҳгор дониста мешаванд. Аз мақомоти пулиси вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки корҳои оперативӣ маълум кардааст, ки онҳо ҷавононе будаанд, ки чанд соли пеш кишварро тарк кардаанд.

Сӯҳроб Саломов, муовини сардори Раёсати корҳои дохилаи вилоят гуфт, ба хотири халал наёфтани рафти тафтишот, феълан аз аз гуфтани ному насаби ин афрод ва аз кадом буданашон, худдорӣ меварзанд: "Сирри тафтишот ҳаст. Ҳоло ҳамаи парвандаҳо ба додгоҳ нарасидаанд. Ин одамҳо солҳои пеш сарҳадро убур кардаанд ва дар задухӯрдҳо ширкат доранд. Ҳоло аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст."

Мақомоти қудратӣ дар ҷануби Тоҷикистон ҳузури ин ҷавононро, ки ҳоло аъзои гурӯҳи "Толибон" ҳастанд, барои амнияти кишвар хатарнок арзёбӣ мекунад. Мақомоти амниятӣ дар ҷануби кишвар Шаҳриёр Тӯрахонов, як ҷавони ноҳияи Панҷро, ки баъди 3 моҳи тамрин бо Толибон барои анҷом додани таркишҳо ба Тоҷикистон омада буд, мисол меорад, ки барои таркондани чанд бинои тафреҳӣ, ба Тоҷикистон омада буд.

Додгоҳи вилояти Хатлон Шаҳриёр Тӯрахоновро, ки шаҳодат дода буд, дастури таркондани як дисктклуб ва Театри опера ва балети Душанберо гирифта ва аз пай анҷоми он будааст, баҳори соли ҷорӣ аз марзи Тоҷикистону Афғонистон боздошт карданд ва додгоҳ ӯро барои 21 сол равонаи зиндон кард.

Мақомоти умури дохилаи вилояти Хатлон мегӯянд, ки дар баробари 3 узви Толибон, ҳамчунин 283 сокини вилоятро ба гумони узвият ва ҳамкорӣ дар ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, дар пайгарди байналмилалӣ қарор додааст. Дар ин миён 3 нафар азоёни Ҳизб-ул-таҳрир, як нафар аъзои Ҳаракати исломии Туркистон, як нафар аъзои Ал-Қоида, 7 нафар аъзоёни Гурӯҳи 24 ва се нафар аъзоёни "Ҷамоати таблиғ" ва дигар ҳизбҳои фаъолияташон мамнӯъ будаанд.

Раҷабалӣ Юлдошев, муовини додситони вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ парвандаҳои ҷиноятӣ алайҳи афродеро, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ мепайванданд, "ҳассос" гуфт ва афзуд, ки онҳо талош мекунад то вақти боздошт ё ба охир расидани тафтишот, аз онҳо ном набаранд.

Масъалаи ифротгароии ҷавонон дар ҷануби Тоҷикистон аз мавзӯъҳои доғ ба шумор меравад ва мақомоту ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Давлатшоҳ Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон ҳафтаи гузашта шумораи ҷавонони хатлониро, ки танҳо дар ҷангҳои зидди режими Башор Асад дар Сурия ширкат доранд, 110 нафар гуфт. Ҷаноби Гулаҳмадзода гуфт, баъзе ин ҷавонон зану фарзандонашонро низ ҳамроҳи худ ба Сурия бурдаанд.

Мақомоти амниятӣ дар ҷануби кишвар мегӯяд, ки пайвастани ҷавонон ба "Давлати исломӣ" соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи онҳо, наздики 300 сокини ин вилоят соли гузашта аз роҳи Русия ба майдонҳои ҷанги Ироқу Сурия рафта, дастикам 30 нафарашон кушта шудаанд.

Як рӯзи пеш мақомоти Раёсати корҳои дохилаи Хатлон дар баробари ҳузури ҷавонон дар Ховари Миёна дар "Давлати исломӣ", аз ҳамдастии ҷавонон ба ҳаракати "Салафия" нигаронӣ карда ва гуфтанд, ки танҳо дар шаш моҳи соли равон танҳо аз ин вилоят 110 нафар салафиҳо боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG