Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми 4-уми паҳлавони тоҷик Фирӯз Ёқубов дар Нанҷинг


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Фирӯз Ёқубов, варзишгари ҷавони тоҷик, дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин дар риштаи гуштии озод мақоми чорумро касб кард.

Дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин охирин варзишгари тоҷик – Фирӯз Ёқубов - дар риштаи гуштии озод дар вазни то 100 килограмм имрӯз, 27-уми август, вориди рақобат шуд.

Фирӯз дар аввалин қувваозмоияш бар Муҳаммад Розиқулиеви туркман бо ҳисоби 3-1 ғолиб омад. Баъдан вай бар гуштигири Австралия Бен Пратт бо ҳисоби 4-0 ғалаба кард. Вале ӯ дар қувваозмоии севумаш барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ аз Дмитрий Кикуста аз Молдова бо ҳисоби 0-4 шикаст хӯрд. Сипас Фирӯз барои медали биринҷӣ бо варзишгари Миср Абдулло Элгизавӣ қувваозмоӣ карда, бо ҳисоби 1-4 мағлуб шуд.

Ин севумин варзишгари тоҷик аст, ки дар Олимпиадаи Нанҷинг дар мақоми чорум қарор гирифт. Ду рӯз пеш, 25-уми август, паҳлавонони тоҷик Равзатуллоҳ Исоев дар сабқати гуштии юнониву румӣ дар вазни то 42 кг ва Тоҳирҷон Охонов дар вазни то 85 кг ҷойҳои чорумро ишғол карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон 8 варзишгар дар 7 намуд – гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, варзиши сабук, дзюдо, камонварӣ, тирандозӣ ва шиноварӣ – дохил буданд.

Нахуст Фаррухи Салим, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар сабқати дзюдо дар вазни то 81 кг дар даври аввал аз Усома Маҳмуд Санусӣ аз Тунис шикаст хӯрд. Баъдан вай дар ду қувваозмоӣ бар Маттиас Куусик аз Эстония ва Ҷозе Басили аз Бразилия пирӯз шуд. Вале Фаррух дар қувваозмоии чорумаш аз Луис Криебер-Гагнон аз Канада мағлуб гашт ва дар натиҷа мақоми 9-умро касб кард.

Баъдан варзишгари дигари тоҷик Ҷаъфар Шерматов дар сабқати тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр бо 521 имтиёз дар байни 20 нафар дар ҷойи охирин қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ маҳрум шуд.

Сипас варзишгари навраси тоҷик Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр миёни духтарон рақобат кард. Вай бо натиҷаи 10 дақиқаю 11,6 сония дар байни 20 нафар ҷойи 15-умро соҳиб шуд ва аз ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ маҳрум гашт. Бояд гуфт, ки натиҷаи беҳтарини Меҳрангез аз ин пеш 10 дақиқаю 31 сония буд.

Инчунин варзишгари Тоҷикистон Карина Климик дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули озод миёни духтарон бо натиҷаи 31,94 сония дар байни 48 нафар ҷойи 42-юмро гирифт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуд.

Аниса Замирова дар камонварӣ бо 599 имтиёз дар байни 32 нафар ҷойи 29-умро гирифт. Сипас ӯ дар сабқати инфиродӣ дар даври хориҷшавӣ аз рақибаш Алисия Марин (Испания) бо ҳисоби 0-6 шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои медалҳо бенасиб монд.

Равзатуллоҳ Исоев дар сабқати гуштии юнониву румӣ дар вазни то 42 кг дар аввалин қувваозмоияш аз рақиби худ Сюн Ри аз Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0-4 шикаст хӯрд. Баъдан вай бар гуштигири Мексика Алфонзо Эмилио Перез бо ҳисоби 4-0 пирӯз шуд. Вале Равзатуллоҳ қувваозмоиро барои медали биринҷӣ ба варзишгари Украина Алексей Масик бо ҳисоби 1-3 бохт ва дар натиҷа мақоми чаҳорумро касб кард.

Паҳлавони дигари тоҷик Тоҳирҷон Охонов бошад, дар сабқати гуштии юнониву румӣ дар вазни то 85 кг дар қувваозмоии аввалинаш бар Чей-Хёнг МсМур Виау аз Самоаи Амрико бо ҳисоби 4-0 ғалаба кард, вале дар даври баъдӣ аз намояндаи Русия Марк Бемалиён бо ҳисоби 1-4 мағлуб гашт. Сипас Тоҳирҷон дар даври навбатии марҳилаи интихобӣ бар варзишгари Канада Романдин Хеҳира бо ҳисоби 4-0 ғолиб омад ва барои медали биринҷӣ бо Аҳмад Аҳмад аз Миср мубориза бурд. Қувваозмоии ҳалкунанда бо пирӯзии паҳлавони ҷавони мисрӣ бо ҳисоби 4-0 хотима ёфт. Тоҳирҷон дар ҷойи чорум қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG