Ин оҳуи кӯҳӣ беш аз се сол аст, ки ҳар субҳ аз кӯҳсор ба деҳа меояд ва байни чорвои хонагии мардуми деҳаи Рэни ноҳияи Ишкошим мечарад. Ба он на танҳо чорвои диёр, балки мардуми деҳа низ унс гирифтаанд. (Бояд тазаккур дод, ки бошандагони деҳаи Рэн ба забони ишкошимӣ, ки ба гурӯҳи ҷанубии забонҳои помирии хонаводаи ҳинду-аврупоӣ тааллуқ дорад, мутакаллиманд. Ва тақ¬дири ин забон ҳам бо теъдоди ками соҳибзабононаш мисли ин оҳў пайваста дар зери хатари заволёбӣ қарор дорад).