Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Задани зан нишони заъфи мард аст»


Cанавбар Мирзозода, сокини Душанбешаҳр
Cанавбар Мирзозода, сокини Душанбешаҳр

Ҳодисаеро, ки мехоҳам қисса кунам, ҳамагӣ 6 моҳи пеш шоҳидаш будам.

Корафтодаи шӯъбаи бемориҳои гӯшу гулу ва бинии дармонгоҳи марказии «Қараболо» шудам ва соатеро бояд дар интизории яке аз духтурони ин шӯъба сипарӣ мекардам. Дар даҳлези беморхона бо лутфи яке аз ҳамшираҳои шафқат курсиеро гирифтаву дар рӯбарӯи яке аз ҳуҷраҳои табобатӣ нишастам. Дар ҳуҷра чашмам ба ҷавонзане афтод, ки сару рӯяш докапеч буд ва танҳо даҳон ва чашмонаш менамуд. Зан ба пушт мехобид ва дар ҳар ду гӯшаш найчаҳоеро барои зардобро берун кашидан пайваст карда буданд. Ҷавонзан аз ғояти дард паст-паст нолиш мекарду маро эҳсоси дилсӯзиву ҳамдардӣ омехта ба ҳисси кунҷковӣ бетоқат месохт. Вақти хӯроки нисфирӯзӣ, ки буд, дар даҳлези беморхона одами кам ба назар мерасид. Ман ба ҳуҷра даромада дар як гӯшаи кати ҷавонзан нишастам. Оҳиста даст ба пешонааш бурдам ва пас аз аҳволпурсӣ гуфтам, агар кӯмаке мехоҳад, ман омодаам.

Ҷавонзан дар ҳоли гурез аз дард, интизори ҳамсӯҳбате буд магар то худро андармон сохта дарди гӯшҳояҳои маҷрӯҳашро фаромӯш кунад, ки бе ягон суол ва ҳайрат ба сухан даромад. Гуфт 30 сол дорад ва сокини ноҳияи Кофарниҳон (Ваҳдат) аст. Ҳарчанд баёзи гардани ширсон ва чашму абрӯвони базебаш аз ҳусни расои ӯ гувоҳӣ медододанд, вале муйҳои кам-кам сафедӣ дамидаи аз зери дока андаке намудор ва мавҷи ожангҳои гирди чашмонаш ба зани на 30 сол, балки 40 -45 солро медоданд.

Ба ин суоли ман, ки магар шумо ба садама дучор шудед? базӯр табассум карду гуфт: "Не хоҳарам. Агар гӯям, хандаатон меояд. Маро шавҳарам барои як коса об зада пардаи гӯшҳоямро пора кард. Як бегоҳ шавҳарам аз кор бо димоғи сӯхта баргашт. Ман, ки хислаташро медонам чизе напурсидам. Дастурхон густруда хостам барояш чою хӯрок биёрам. Ба рӯи ҳавлӣ баромада будам, ки зани ҳамсоя аз сари девор маро садо кард ва як коса мураббо ба дастам дод. Вақте ман ҷониби ҳамсоя мерафтам, шавҳарам як коса оби хунук биёр гуфта будааст. Лекин ман, ки дуртар будам, нашунидам. Косаи мураббо дар дастам нав ба хона даромада хандакунон, ана мардак, ин ҳам ризқи шумо гуфта будам, ки аз як зарбаи мушти ӯ, ки ба гӯшам хӯрда буд, беҳуш шуда афтодам. Ба ҳуш омадам, ки шавҳарам аз тарс чор тараф медаваду хуни аз гӯшам рехтаро пок мекунад. Фарзандонам бошанд бароям гиря мекарданд."

Зан дар ин ҷои қиссаи худ расида бо тарс сӯи дар нигоҳ карда гуфт. «Вақти омадани шавҳарам шуд. Агар фаҳмад, ки ба ягон кас ин кори кардаи ӯро нақл кардаам, маро мекушад. Барои ҳамин зуд-зуд меояд. Поида-поида меояд, ки мабод бо ягон кас ҳамсӯҳбат шаваму заданашро гӯям. Агар маро зудтар ба духтур меовард, шояд гӯши дигарам осеб намедид. Ин пардаи гӯш ҳаминхел будааст, ки хоҳарам, яктоаш медаридааст, дуввуминаш ҳам оҳиста -оҳиста пӯсида аз байн мерафтааст. Ман бо ҳамиин дарди ҷонкоҳи гӯш 4 моҳ тоқат кардам. Духтурҳо хеле ҷангам карданд, ки дер омадӣ. Охир ман чӣ кор мекардам. Мардакам таҳдид кард, ки агар ба касе гӯям, ҳоламро аз ин бад мекунад. Ба хотири 4 фарзанд андеша кардаму ҳатто ин сирро пеши хешу табори наздикам ҳам накушодам. Вақте аҳволам бисёр бад шуд, маҷбур шуд, ки ба духтурам биёрад. Худаш бо ҳар баҳона аз суоли духтурон мегурезад. Зардоб аз гӯшҳоям ба мағзи сарам расидааст. Таби баландам аз ҳисоби ҳамин будааст. Ду бор ҷарроҳӣ карданд маро. Боз як бори дигар бояд маро ҷарроҳӣ карда зардобро аз сарам тоза кунанд».

Инро гуфту ҷавонзан бо ҳамон табассуми хастаҳолона илова кард. «Аз тиреза нигоҳ кунед, шавҳарамро шояд бубинед. Намозашро ҳам дар ҳамин ҷо мехонад. Маро посбонӣ мекунад».

Ман аз панҷара ба берун нигоҳ карда марди қавиҳайкали ришдореро болои ҷойнамоз дидам, ки бовиқорона ва худнамоёна рост истода намоз мегузошт. Ва пурсидам, ки шавҳари шумо салла ва ҷелаки кабуд дорад? Гуфт, бале ҳамон аст ва афзуд, «Хонаводаи шавҳари ман ҳама намозхонанд. Шавҳарам гӯштингир буд. Дар мусобиқаҳо иштирок мекард. Ҳоло бас кардааст».

Ман лаҳзае марди намозгузорро бо ин андешаҳо назора кардам: Оё ин марде, ки бо камтарин гуноҳ модари фарзандони худро зада абгор кардаву кӯдакони хурдсолашро ба танҳоиву як ҳоли ногуворе андохтааст ва аз муҷозоти қонун даргурез аст, бо худои худ чӣ мегуфта бошад?

Бо хоҳиши ҷавонзан ман аз ҳуҷраи беморон берун шудам. Дар даҳлез шавҳари ҷавонзанро дидам, ки бо қавоқи гирифта ва қадамониҳои бовиқорона вориди ҳуҷра шуд. Чашми ман ба китфони ҳузарбу дасту бозувони паҳлавононаи ӯ афтоду ба худ гуфтам, ҷони ин зани бечора воқеъан ҳам дар ҷои сахтӣ будааст, ки баъди чунин мушт боз зинда мондааст. Ман пайи кори худ рафтаму ҷавонзани маъюбу абгор дар зиндони ҷаҳолату разолат бо марди зиндонбон танҳо монд.

Санавбари Мирзозода,сокини шаҳри Душанбе.

Масъули бахш Сафаргул Олимӣ.
XS
SM
MD
LG