Таърихи аввалин бор ба деҳа фуромадани ин оҳубарра басо ҷолибу пурмуаммост. Тирамоҳ, аниқтараш 25-ноябри соли 2006, Одина Мамадҳасанов (1933-2010) ном зодаи деҳа, ки дар пойтахти Ҷумҳурӣ зиндагӣ мекард, тобути ҳамсари фавтидааш - Степанида Мамадҳасановаро ба деҳа барои ба хок супоридан оварда буд. Тамоми аҳли деҳа саргарми ин маърака буданд. Гурӯҳи мардони деҳа дар қабристон манзили охирини марҳумаро тайёр менамуданд. Ногоҳ аз қуллаи кӯҳ ин бузичаи оҳуи кўҳӣ (ба забони ишкошимӣ онро ҷондорк ‘ҷондорак’ меноманд) сарнишеб, бе ягон тарсу ҳарос ба сӯи деҳа фуромадан гирифт. Бузича аз байни ҳавлиҳо гузашта, рост ба ҳавлии соҳиби маърака рафт, ҳавлиро чарх зада ба сари қабристон, ба он ҷое, ки қабри нав меканданд, роҳ гирифт, аз чашмони ба таҳайюр афтодаи қабрканҳо гӯё тӯрида (гурехта), боз ба домани кӯҳ, ба сӯи қуллаҳо рамид.
Пас аз дафни марҳума ҳар саҳар он бо роҳи қабристон, маҳз аз паҳлуи қабри нав гузашта, ба деҳа ворид мегардид, ба ҳавлие ки аз он ҷо тобутро бароварда буданд, меравад ва ҳамин тавр ин оҳу қисми таркибии ин диёр ва рўзгори мардуми он мегардад. Албатта, дар аввалҳо мардум ба ин оҳубача чун ба мӯъҷиза менигаристанд. Дар воқеъ ҳам он мўъҷиза буд. Тасаввур кунед, ки дар деҳот оҳубачаи кӯҳӣ бебокона мегардад, байни чорвои хонагӣ даромада, баробари онҳо чаро ва ҷастухез менамояд. Мардуми деҳа оҳиста-оҳиста ба ин рӯйдод одат намуданд. Овозаи он деҳаҳои саросари ноҳия ва вилоятро низ фаро гирифт. Аз дуру наздик одамон барои бо чашми сар дидани он ва итминони комил пайдо намудан ба деҳаи Рэн меоянд. Дар ин байн хатаре низ ба ҷони ин махлуқи зебои табиат пайдо шуд. Дӯстдорони шикор чандин бор мехостанд, онро мавриди сайди хеш қарор диҳанд, вале ягонагию дилбастагии мардуми деҳа нисбати он ҳар дафъа сари роҳи ин ҳадафи нопокро мегирифт. Яъне то имрӯз сари ин масъала хиради солим ба ҷаҳолат ғолиб меояд ва умед аст, ки минбаъд низ ин ғалаба давом хоҳад кард.
Феълан чун зуҳуроти ин ҳодиса ба айёми сӯгвории шодравон Одина Мамадҳасанови ишкошимӣ рост омада буд, лозим медонем, ки дар бораи ӯ низ маълумоти нисбатан мукаммалтар диҳем. Одина пас аз адои хизмати ҳарбӣ бо роҳхати комсомол ба сохтмони умумиит¬тифоқии он замон зарбдори Иттиҳоди Шӯравӣ - кони ангишти Донетски ҳозира Ҷумҳурии Украина ба кор меравад. Дар давоми кор дар ин сохтмон ӯ маҳбуби дилаш Степанида Михайловнаро ёфта, бо ӯ издивоҷ мекунад. Пас аз чанде онҳо ба Тоҷикистон омада, дар шаҳри Душанбе маскун шуданд. Одина пас аз таҳсил, дар сохторҳои мухталиф кор карда, ниҳоят солиёни бардавом дар Пажӯҳишгоҳи математикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси мутахассиси мошинҳои ҳисоббарор кор карда, аз ҳамон ҷо ба нафақа баромад. Ҳамсараш Степанида бошад якумр дар соҳаи сохтмон кор кардааст. Ҳанӯз ҳангоми беморӣ, пеш аз марг, Степанида ба ҳамсараш исрор намуд, ки «маро он ҷойе мегӯронӣ, ки он ҷоро барои худат манзили охират гуморида бошӣ». Ҳамин тавр тобути ҳамсараш¬ро ба деҳаи Рэни ноҳияи Ишкошим бурда буд.
Ва пайдоиши оҳуи кӯҳӣ маҳз ба маросими маъракаю дафни ҳамсараш рост омад. Бисёриҳо ин зуҳуротро рамзи нек арзёбӣ намуданд. Худи Одина аз он фоли покию садоқати беҳамтои ҳамсарашро нисбат ба худ медонист. Пас аз бозгашт ба Душанбе ва гузаронидани маъракаҳои муқар¬рарии азодорӣ Одина доим дар фикру ёди ин ғизол буд. Агар касе аз деҳа пайдо шавад, дарҳол аз он оҳу мепурсид. Шахсе ки онро дида бошаду дар хусусаш нақл мекард, онро бо тамоми ҳастӣ гӯш мекард ва чашмонаш аз қаноаътмандӣ шӯъла мезад. Феълан, сари маросими гӯру ҷаноза хотироти дигаре низ дошт, ки он бештар ба нозукиҳои ҷисму рӯҳ мутааллиқ аст ва ба гумони Одина мантиқан ба пайдоиши ин нахчири кўҳӣ низ рабте дошт.
Нафароне низ аз бошандагони деҳа сари онанд, ки ин оҳу гӯё ба ҳамсари Одина алоқамандие надошта бошад. Вале дар он соату рӯзи ҷанозаи ӯ ба деҳа рӯ оварданашро рад намекунанд. Ба ҳар ҳол ин аҷоиботи рӯзгор қобили таваҷҷӯҳи ҳамагон аст. Пас аз чанд соли вафоти ҳамсараш ӯ низ дар шаҳри Душанбе бо ин ҷаҳон падруд гуфт ва ҳамдиёронаш ҷасади ӯро ба ноҳияи Ишкошим, ки дар 653-километрии шаҳри Душанбе воқеъ гаштааст, бурданд. Оқибат ин ду дилдода ниқоби хоки азизи деҳаи Рэни Ишкошимро ба рӯй кашиданд. Ва оҳу (ҷондор) ҳар саҳар аз паҳлуи гӯри онҳо гузашта, ба сӯи рамаи деҳа мешитобад. Бояд тазаккур дод, ки аз насли ин оҳуи кӯҳӣ чандин оҳубарра дар деҳаи Рэн ба дунё омадааст, аммо, мутаассифона, қариб аксари онҳо то яксолагӣ мерасанду мефавтанд.
Э штэнаки маст маки тэ парколэт ку̊л,
Пу пэтф кундэт мэ тана афгорэт ку̊л.
Хи мешэки масти пэ чаро венэм аз,
Ци амрагэнок вани љэдо венэм аз.
Ар нохалафе кэ wан пэчин це веду,
Ци йорэт дийор wани љэдо венэм аз.
Хи мэшки пэ Рэн кэ чаро wенэм аз,
И ранг цэ ранги - љэдо wэнэм аз.
Ар зомани шак тар wан сонг це wеду,
Ци нон барок зэндаљэдо weнэм аз.
(шеър бо забонӣ ишкошимӣ)
Бо қалами Назар Назарзода ва Ханҷарбек Қурбонбеков