Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалворо кӣ мехӯрад ва калтакро кӣ?


Дилшод Исматов аз шаҳри Новорассийск, кишвари Краснодар:

«Мехоҳам, дар зери ин номаҳо каме илова кунам. Фарзандони тоҷик хусусан ҷавонон саломтии худро аз даст дода, дар Русия ба корҳои хело вазнин, дар ҳавои сард, дар ҷойҳои хатарнок, ки баландиаш то 150 метр аст, кор мекунад.

Бо як ҷавони тоҷик дар мағоза вохӯрдам ва баъзан саволҳоро додам. Гуфтам, додари азиз, ба чӣ кор машғулӣ дар ин ҷо? Гуфт, ман мардикорӣ омадам, бо ҳамроҳии падарам.

Гуфтам, падарат чандсола ҳаст? Дар ҷавоб гуфт, падарам 59-сола аст, кор нест, азоб кашидестем, каме сум доштем ба як узбека дода гуфтем, ки рафта, ба мо хӯрокворӣ хар, ки мо ба берун баромада наметавонем аз дасти ин милисаҳора. Узбек сума гирифта ғайб задаст. Дар Русия узбекҳо ба ҳоли тоҷик механданд ва хурсанд аз он хастанд, ки дигар тоҷикора дар Русия роҳ намедиханд.

Мегӯянд «ҳалворо ҳаким хӯрад, калтакро ятим. Ҳоли тоҷик айни замон дар Русия хело бад аст.»
XS
SM
MD
LG