Деҳаи мо Тутак ном дорад. Номаш он қадар зебо ҳам набошад, худаш хеле зебо аст. Ман 6 фарзанду ба назарам қариб 30 набера дорам. Чаро қариб? Чунки як келинам бояд ҳамин рӯзҳо таваллуд кунад. Чаро хостам аз рӯзу рӯзгорам қисса кунам? Чунки вақте як давраи хеле калони умри худро пушти сар гузоштаву заҳматҳои зиёде барои ободии мулку диёр мекашиву дар охири умр, ки вақти давлати пирӣ рондан фаро расидааст, аз камтарин шароити зиндагӣ маҳрумӣ, бовар кунед, сахт алам мекардааст.
Не, ман гила аз фарзандон надорам. Худоро шукр эҳтиромамро ба ҷо меранд. Писарон хонахез чанд сол аст, ки дар Русияанд. Ба ману муйсафедам пул мефиристанд. Аз ҳеҷ чиз кам нестем. Лекин чизе ки моро ранҷ медиҳад, бебарқиву беобӣ аст. Масъалаи обамонро ку падари хориҷиҳора раҳмат кунад, ба қарибӣ ҳал карданд.
Кӯҳро шикофтаву қубур кашида аз дара бароямон об оварданд. Солҳои дароз мо оби шӯр мехӯрдем. Агар бо он оби шӯр сар мешустем, муйи сарамон мисли намади солҳо ҳамчун аҳили хар хизматкарда ва рӯи обро надида, чунон мечаспид, ки бо шонаи оҳанин ҳам, ҳамвор намешуд. Агар онро менӯшидӣ, дар гулӯят як ҳафта меҷӯшид. Хайрият, ки аввал раҳми худо ва баъд раҳми ҳамон ташкилоти хориҷӣ,(номашро намедонам) ба мо омаду даҳонамон оби ширинро дид.
Ман зиёд не, танҳо дар мисоли як рӯзи зиндагиам дар деҳаи худ қисса карданиам. Ману пайвандон ва ҳамдеҳагонам вақтҳои ахир чӣ гуна фурӯзон шудани чароғи электирикиро аз ёд бурдаем. Мабодо агар хобҳои ахиран дидаам бароянду ба мо ягон рӯз барқ диҳанд, шояд ман дар куҷо будани калиди он ё (выключатель)-и онро ёфта натавонам. Чунки дар куҷо будани онро фаромӯш кардаам. Дур намеравем ва ҳамин иди Қурбони гузаштаро мегирем. Яке буд, ки Барқбону омад, Кӯдаку калона мебинӣ, ки ғалтидаву хеста калидаки барқ мекобанд. Баъзеҳо бинии ҳамдигарро ба ҷои он зер карданд. Ва ниҳоят ёфтанд онро ва хонаҳо равшану гарм шуд. Тағораи таппакҳои бечораро як лагад зада аз дар берун кардем.
Ҳама шодӣ кардему даст ба гиребони шукрона бурдем, ки моро дар ҳамин рӯзи ид «Барқбону» фаромӯш накардаву ба суроғамон омадааст. Дар як дам ба пухту паз шуруъ кардему торту печенпазӣ ба авҷи аълояш расдида буд, ки Бону қаҳр кунад намешавад. Дигар на зориву тавалло ва нишон додани квитансияҳои 100 - 150 сомонии пардохти он фоидае набахшад, мешавад? Ҳамагӣ дусоата омаду рафт. Торти бечора дар товадони барқӣ як лунҷаш нав варам кардаву дар боло ва лунҷи дигараш дар поин ҳайрон монд, ки чӣ гап шуда бошад?Ана ҳамин хел иди Қурбонро гузарондем.
Баробари саршавии тирамоҳ нерӯи барқ бе хайрухуш аз деҳаи мо куч баст. Ҳол он, ки ин ёри бевафо ваъдаи дода буд, ки имсол лаҳзае таркатон нахоҳам кард. Аз мо чӣ гузашт, намедонам. Ба қадаш, ку зар рехтем. Пулчинак аз дур пайдо нашуда пулашро медавондем. Барояш фурӯзонакҳои каммасраф гуфт, харидем. Сими чӯбҳоро нав кунед гуфт, кардем. Ҳама нозу нузашро бардоштем. Худамонро ту мегуфтему Барқбонуро шумо, ки дар ҳамин рӯзҳои хунуки зимистон ба ҳоли зорамон раҳм кунад, накард. Бачамурда, раҳм накард. Ҳайҳот, рафту чизе нагуфт.
Агар имсол ҳам ваъдаи нарафтанашро намедод, ман мисли солҳои пештар бо намбераҳакоям тапаку ҳезум ва ғӯзапояи бисёртар ҷамъ мекардем.
Мани пир аз рӯи одати дерин, келину духтарҳоро нигоҳ накарда бомдодҳо вақте, ки ҳанӯз шаб думи рӯзро сар надодааст, аз хоб мехезам, то барои худу муйсафедам оби таҳорат гарм кунам. Барои хонаи мисли яхдон сардамонро гарм кардан дар чанд дару девори дигар сарамро мекӯбаму баъд чанд таппак оварда дар печ алав мемонам. Ҳамин аст ҳоламон бе Барқбонуи бераҳму бешафқат ва ваъдабоз. Аз ӯ ҳамин қадар қаҳре дорам, кӣ, тавонам муйҳояшро якто-якто меканам. Бо ӯ қаҳриам дигар. Дар рӯзҳои хунуки зимистон ба додам, ки нарасид, кай дигар мерасад? Тобистон? Тобистон, ки шуду ба гармиҳо задам, аҳ дигар наояд. Афғонистон меравад, Туркманистон меравад, Қазоқистон меравад, дигар кораш надорам.
Ана ҳамин буд қисааи як рӯзи зиндагии ман дар деҳаи азизам Тутак ва қиссаи қаҳри шуданам бо Барқбону. Мо мардуми Ёвон ҳама шӯхтабиатем ва ягон гапамонро бешӯхӣ намегӯем. Ман ҳам одати мардумамонро вайрон накардаму аламҳои диламро аз шароити ногувори зиндагии худу ҳамдеҳагонам каме намаки танзу мурчи шухӣ пошида бароятон ҳадя кардам. Боқӣ, Худо нигаҳбонатон бошад!
Масъули бахш: Сафаргули Олимӣ