Владимир Путин, президенти Русия, дар суҳбат бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, розӣ шудааст, ки барои сӣ рӯз ҳамлаҳоро ба бахши энержӣ ва зербунёдҳои Украина бас кунад. Ба унвони қадаме дар роҳи расидан ба оташбаси комил.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар таҳқиқоти наве гуфтааст, ки пас аз ҳамла ба толори консертии “Крокус”, муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия пайваста таъқиб ва озору азият мешаванд.
Бадахшон Сафарова, сокини 30-солаи ноҳияи Восеъ, мехоҳад ду фарзанди хурдсолашро ба ятимхона ё интернат бисупорад. Ӯ аз шавҳар ҷудо шудааст ва ба танҳоӣ наметавонад ҳам кор кунад ва ҳам фарзандонашро нигоҳубин.
Интизор меравад, вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо қатъи буҷаи тасдиқкардаи Конгресси Амрико барои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро низ баррасӣ кунанд. Онҳо рӯзи 17-уми март дар Брюссел ҷамъ шудаанд, вале мавзӯи асосии баҳсашон ҷанг дар Украина ва вазъ дар Ховари Миёна аст.
"Хона зери обу лой монд. Дигар не қолин ҳаст, не кӯрпача. Ҳамаро об бурд. Дегу газ ҳам нест."
Артиши Украина дар набард бо нерӯҳои ҳавоии Русия теъдоди афзояндаи паҳподҳо ё дронҳоеро мебинанд, ки бо нахи нурӣ ё оптикӣ идора мешаванд ва заданашон ҳам осон нест.
Бисёриҳо дар Қирғизистон талаб доранд, ки мурофиаи шахсони гумонзад ба таҷовузи гурӯҳии як духтар дар шаҳри Бишкек ошкор ва бо ҳузури намояндагони матбуоту ҷомеа баргузор шавад. Ҳодиса шаби 28-уми феврал рӯй додааст.
Ёфтҳои бештар