Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуб аст, вале пурра нест." Тарҳи нав дар мавриди "патент" дар Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Русия рӯзи 10-уми март лоиҳаи қонунеро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки аз рӯйи он ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷоза дода мешавад бо як патент дар ду минтақаи Русия кор кунанд. Тартиби нав ба Маскав ва вилояти ҳамномаш, инчунин ба Санкт-Петербургу вилояти Ленинград дахл хоҳад кард.

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, мегӯяд, патенти алоҳидаи ҳар минтақа барои он вуҷуд дошт, ки пули он ба буҷаи минтақаҳо мерафт, аммо аз соли 2019 ҳамаи сармоя ба буҷаи умумии марказӣ меравад.

"Ин тарҳ ва қонуни бисёр хуб аст, аммо ҳанӯз пурра нест. Қонуни дуруст он мебуд, ки агар ба муҳоҷирон ҳаққи кор дар тамоми Русия медоданд. Дар тамоми кишвар, на минтақаҳо,” – гуфт ӯ дар суҳбат бо “Мигрант Медиа”.

Навор дар Инстаграм:

Муҳоҷирон мегӯянд, патент барояшон як мушкили калон шудааст.

“Бе патент ҳаққи кор кардан надорӣ. Ё муҳлаташ гузашта бошад, ҷарима ва ихроҷ мекунанд. Ҳар вилоят патенти худро дорад. Аз нимишабӣ одамон навбат мегиранд. Бояд пешакӣ андозро супоред. Ҳар сол нархаш боло меравад,” – гуфт Раҳматулло, муҳоҷири тоҷик.

Раиси иттиҳоди соҳибкории хурду миёнаи “Такягоҳи Русия” Александр Калинин гуфт, васеъ шудани ҷуғрофиёи патент ба корфармо имкон хоҳад дод, ки дар шароити кам будани нерӯ зуд кормандони хориҷии худро ба ҷойи дигар фиристад.

Дар шарҳи ҳукумати Русия, ки нашрияи “Коммерсант” нашр кардааст, гуфта мешавад, 15 дарсади талабгорони патент дар вилояти Маскав дар шаҳри Маскав сабтином шудаанд. Ба гуфтаи Валентина Чупик ин ҳолат мушкилоти зиёдеро пеш меорад.

“Хуб, тасаввур кунед, ки шахсе ронандаи мошинест, ки нон мекашонад. Қариб ҳамаи корхонаҳои нонпазӣ дар вилояти Маскав ҷойгир ҳастанд, вале ҳамаи фурӯшгоҳҳои нон дар шаҳри Маскав. Шумо чӣ фикр мекунед? Ин одам чӣ гуна иҷозати кор ё чӣ гуна патент дошта бошад?” – суол гузошт ӯ.

Вадим Коженов, коршиноси мустақили масъалаҳои муҳоҷират ба нашрияи “Коммерсант” гуфтааст, тарҳи умумӣ кардани патент барои чанд минтақа солҳост дар ҳукумати Русия баррасӣ мешуд. Дар оянда, ба гуфтаи ӯ, агар таҷрибаи ин ду минтақа комёб барояд, чунин сабукиро бояд ба ҳамаи кишвар паҳн кард.

Ин ақидаест, ки Валентина Чупик солҳост ба миён мегузорад, вале ба қабул шуданаш бовар надорад:

“Агар қабул шавад, ба муҳоҷирон таъсири хеле хуб хоҳад расонд, аммо гумон дорам, ки он қабул нахоҳад шуд. Мо аз соли 2008 ба ин тараф дар бораи универсалӣ шудани патент дар ҳамаи минтақа суҳбат мекардем. Нишон додем, ки давлат чӣ қадар зарар мебинад аз он ки одамон ба кори ғайриқонунӣ маҷбур карда мешаванд. Афсӯс ҳамеша тарафи фасод баранда мешавад.”

Агар Думаи давлатии Русия ин лоиҳаи қонунро қабул кунад, он аз 1-уми сентябри соли 2025 эътибор пайдо хоҳад кард. Аз рӯйи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, дар соли 2024 дар Русия 2 миллион патент дода шудааст.

Навор дар Фейсбук:

XS
SM
MD
LG