Рӯзи 24 март дар Вашингтон мурофиаи додгоҳӣ бар асоси шикояти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) алайҳи қарори Оҷонсии расонаҳои байналмилалии Амрико (USAGM) баргузор мешавад.
Баъди ҳабси рақиби муҳими президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар шаҳру манотиқи Туркия рӯзи панҷум аст, ки эътирозҳои сартосарӣ идома доранд.
Як духтари афғонистонӣ тиҷорати хурдеро ба роҳ монда, сокинонро бо барқ таъмин мекунад. Заҳро Алии 22-сола дар устохонаи на чандон калон дар Кобул аккумулятор ё дастгоҳи барқдиҳанда истеҳсол мекунад.
Пулиси Душанбе як ронандаи таксиро барои дағалӣ ва аз меъёр беш маблағи роҳкиро пурсидан аз сайёҳи эронӣ боздошт кардааст.
Чин гуфтааст, омодааст, то барои риояи оташбас дар Украина ба ин кишвар нерӯи сулхоҳ фиристад.
Моҳи майи соли гузашта додгоҳи Маскав чанд эълони ширкату корхонаҳое, ки корҷӯёнро бо "чеҳраи славянӣ" ба кор даъват мекарданд, хилофи қонуни меҳнат дониста, барои паҳн кардани чунин эълон таҳдид ба "ҷавобгарии ҷиноӣ" карда буд.
Мақомоти ноҳияи Темурмалик ваъда кардаанд, ки агар духтари англисидоне ба ҷавони як деҳаи дурдасти ин ноҳия шавҳар кунад, барояш хона медиҳанд.
Ёфтҳои бештар