Як гурӯҳе аз хабарнигорони Садои Амрико ҳукумати раиси ҷумҳур Доналд Трамп ва дигар мақомҳои расмиро бо иттиҳоми қатъи ғайриқонии кори чанде аз расонаҳои ҷамъиятии кишвар ба додгоҳ кашидаанд.
Ҷорҷ Гелзман, як шаҳрванди Амрико, ки рӯзи 20-уми март аз боздошт дар Афғонистон озод шуд, ба Иёлоти Муттаҳида баргашт ва ба дидори ҳамсараш расид.
Таъкид ба шарикии стратегӣ ва таваҷҷӯҳи зиёди Русия ба бахшҳои саноат ва низомӣ ва ҳашт санади нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав баёнгари ҳузури густардатари Русия дар оянда ин бахшҳои Тоҷикистон аст.
Дар Тоҷикистон имрӯз садҳо зиндониро, ки дар солҳои гуногун барои ҷинояте паси панҷара рафтаанд, озод кардаанд.
Баъд аз як соли ҳамлаи маргбор ба толори "Крокус" дар наздикии Маскав ҳамоно сахттар кардани сиёсати муҳоҷират дар Русия давом дорад. Душанбе дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави содироти қувваи корист.
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар як соли гузашта бо зиёд шудани тафтишҳо ва боздошту ихроҷҳо вазъашон бадтар шудааст.
Баъд аз қарори ҳукумат дар бораи боло бурдани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон Радиои Озодӣ назари чанде аз сокинонро пурсид, ки оё тавони пардохти онро доранд?
Хатмкардаи Омӯзишгоҳи техникӣ, Нурсултон Назарбоев, 30 сол дар Қазоқистон зимоми қудратро ба даст дошт. Шаш сол пеш истеъфо дод ва Қосимҷомарт Тоқаев, раиси он замон порлумони Қазоқистонро вориси худ эълон кард. Пас аз ин кеши шахсиятпарастии аввалин президент ба авҷи худ расид.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ беш аз бист сокини боздоштшудаи маҳаллаи "Дарвоз"-и Душанберо, ки язгуломӣ ҳастанд, ду моҳ ба ҳабс гирифтааст. Язгулом ҷамоате дар ноҳияи Ванҷ аст, вале баъзе аз зодагонаш дар пойтахт ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.
Ёфтҳои бештар