Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси абади полковник барои нӯҳ куштор


Собиқ полковники Кумитаи марзбонии Тоҷикистон бо ҷурми куштори нӯҳ нафар ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Додгоҳ маҳкумшуда Бекмуҳаммад Холиқовро аз ҷумла дар куштори бародараш, ҳамсари бародараш ва ду фарзанди бародараш гунаҳгор медонад, ки пас аз ин амал ӯ мағозаи бародарашро дар хиёбони Гулистони пойтахт аз худ кардааст.

Қурбоналӣ Ҳусейнов, додситони ноҳияи Рудакӣ дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, Бекмурод Холиқов - сокини деҳаи Зартеппаи ноҳияи Рудакӣ, қаблан низ бо иттиҳоми одамкушӣ зиндонӣ шудааст, ва аз соли 1994 то соли 2002 фаъолияти ҷинояткоронаи худро идома додааст. Ӯ ва 4 муҳофизаш дар қатли 9 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 2 нафарашон занон будаанд, айбдор дониста шудааст.

Ба гуфтаи оқои Ҳусейнов, бо шуруъи нооромиҳо дар кишвар дар оғози солҳои 90, Бекмурод Холиқов аз маҳбаси Қурғонтеппа раҳо шуда, дар мақомоти интизомӣ, аз ҷумла дар Додгоҳи олии кишвар, ва дар Кумитаи марзбонии Тоҷикистон ифои вазифа намуда, ҳамзамон, ба ҷиноятҳои сангини худ идома додааст.

Ҷаноби Ҳусейнов зимни номбар кардани ҷиноятҳои содиркардаи полковник Бекмуҳаммад Холиқов, дар робита ба яке аз кушторҳои ӯ, ки аз ҷониби муфаттишон бо мушкили зиёд ошкор шудааст, гуфт, вай яке аз қарздорони худро кушта, ҷасадашро дар замини наздиҳавлигии худ гуронида, дар болояш хона сохтааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ инчунин аз макони зисти полковники пешин марзбонӣ Бекмуҳаммад Холиқов дидан кард. Вай дар деҳаи Зартеппаи ноҳияи Рудакӣ се хонаи дуошёнаи сохти замонавӣ дорад, ки дар ҳар кадоме се зани ӯ ва аз як то 4 фарзандонашон ба сар мебурданд.

Ҳалима Иброҳимова, яке аз занҳои Бекмурод Холиқов дар суҳбат бо мо иқрор кард, ки воқеан ҷасадеро, ки бо дасти шавҳари ӯ кушта шудааст, аз чуқурии қариб 9 метр аз ҳавлии зани дуввуми ӯ пайдо карданд. Аммо, ӯ мегӯяд, ба дигар айбҳое, ки додгоҳ шавҳари ӯро муттаҳам донистааст, бовар надорад.

Бино ба гуфтаи додситони ноҳияи Рудакӣ, ҳарчанд додгоҳ ҳукми Бекмуҳаммад Холиқовро содир кардаву ӯро ба ҳабси абад маҳкум кардааст, аммо оид ба яке аз кушторҳои дигари вай тафтишот идома дорад. Ва ҳануз ин ҷасад пайдо карда нашудааст.

XS
SM
MD
LG