Омор мегӯяд:
Бино бар омори Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, феълан, дар саросари кишвар 121 000 маъюби дараҷаҳои мухталиф ба сар мебаранд, ки аз ин миён беш аз 70 дар садро занону кудакон ташкил мекунанд. Ба ҳисоби миёна, нафақапулии маъюбон дар Тоҷикистон аз 16 то 60 сомониро ташкил мекунад, ки баробар ба 20 доллари амрикоист.
Масъулин мегӯянд:
Ғарибшоҳ Суфишоев - мудири бахши иҷтимоии Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, феълан, дар саросари кишвар беш аз 40 маркази иҷтимоӣ ҷиҳати кӯмак ба маъюбон фаъолият мекунад. Дар вилоятҳо хоҷагиҳои махсус вуҷуд дорад, ки маъюбон дар онҳо кор мекунанд. Ҳамчунин, дар назар будааст, ки дар ҳамкорӣ бо Бунёди имом Хоманай, чанд корхонае таъсис шавад, ки дар онон маъюбон кор бикунанд.
Маъюбин мегӯянд:
Зайнулло Муродови 25 сола мегӯяд, беш аз 10 сол аст, ки пойҳояш кор намекунанд ва аз бистар хеста наметавонад, аммо дастонаш саломатанд ва метавонад бисёр корҳоро ба ҷо орад. Вай ба ҷузъ 42 сомонӣ, ки баробар ба 12 доллари амрикоист, ҳеҷ ягон имтиёзи дигаре аз ҷониби давлат намегирад. Зайнулло мегӯяд, ҳатто дар рӯзи ҷаҳонии маъюбон ( 3 декабр) ягон чорабиние барои ӯву ҳамтақдиронаш ташкил накардаанд ва касе аз масъулин ба ӯ занг назадааст. Ягона орзуе, ки Зайнулло дар дил дорад, ва ба гуфтаи вай, он метавонад ӯро аз танҳоӣ ва ниёзмандӣ вораҳонад, доштани ҷойи кор ва аробачаи маъюбӣ будааст. Ба гуфтаи Зайнулло, вай ду лоиҳа оид ба таъсиси корхонаҳои вижа барои маъюбон таҳия намуд ва ба ниҳодҳои масъул фиристод, аммо ин тарҳҳои ӯ дастгирӣ наёфтаанд.
Конвенсиюн мегӯяд:
Дар конвенсиюни Созмони ҷаҳонии кор омадааст «Маъюбоне, ки имкони кор карданро доранд, мисли ҳама афроди солим ҳақ доранд, ба соҳибкорӣ, тиҷорат, ташкили гуруҳҳои коллективӣ машғул бошанд, аммо ҳамзамон маъюбонро иҷборан кор фармудан ва ё сӯистифода кардан аз қувваи кории онҳо манъ аст.»