Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз паноҳандагони афғонистонӣ ҳимоят мекунад


Антонио Гуттерес, раиси кумиссариати СММ дар умури паноҳандагон, ҳини нишасти матбуотӣ дар Душанбе
Антонио Гуттерес, раиси кумиссариати СММ дар умури паноҳандагон, ҳини нишасти матбуотӣ дар Душанбе

Вазъи паноҳандагони афғонистонӣ дар Тоҷикистон мавзуъи аслии гуфтугуи А. Гутеррес, раиси кумиссариати СММ бо президенти Тоҷикистон буд.

Ҷаноби Антонио Гутерес гуфт, Тоҷикистон, ки худ таҷрибаи паноҳандагиро дар солҳои нооромӣ дида буд ва мардумаш хусусан дар Афғонистони ҳамсоя панаҳ бурдаанд, имрӯз худуди 1700 паноҳандаи афғонро ҷой додааст.

Бино ба иттилои мақомоти хукумати Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар танҳо аз Афғонистон паноҳандагон ба сар мебаранд. Вай афзуд, ман аз Тоҷикистон, ки худ чанде пеш таҷрибаи паноҳандагиро паси сар кардааст, қаноатмандам, ки барои паноҳандагони афғон ҷой додаву аз онҳо пуштибонӣ мекунад

Аксари онҳо аз мушкили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба танг омадаанд ва мегуянд дар чунини шароит кумиссариати олии Созмони Миллал дар умури паноҳандагон ба онҳо расидагй намекунад.

Билқиз Муҳаммадалӣ, яке аз паноҳандагони афғон, ки таи 13 сол дар Тоҷикисон ба сар мебарад, мегуяд, ягона мушкили мо дар Тоҷикистон мушкилои иқтисодист. Ман 6 фарзанд дорам, танҳо шавҳарам кор мекунад. Мо рӯзе мешавад нон меёбем рӯзе намеёбем. Агар СММ ба мо расидагии бештар мекард ва ё барои рафтан ба кишвари дигар кумак мекард, беҳтар буд барои мо.

Таи чанд соли ахир паноҳандагони афғон талош мекунанд ба хотири зиндагии беҳтар кишварҳои дигарро интихоб кунанд. Дар соли 2006 беш аз 2 ҳазор паноҳандаи афғон Конодаро ҷои зист интихоб карда, Тоҷикистонро тарк карда буданд.

XS
SM
MD
LG