Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лучоб: Тахриби хонаҳо барои сохтмони мактаб


Замоне, ки мо ба маҳаллаи Лучоби ноҳияи Синои пойтахт омадем, миёни сокинони ин маҳалла ва намояндагони ҳукумат ва додгоҳ моҷаро идома дошт.

Намояндагони ҳукумат мегуфтанд, тибқи қарори додгоҳ, бояд 7 манзили шахсии ин маҳалла, ки дар ҳудуди сохтмони мактаби нав қарор дорад, ҳамин рӯз холӣ ва тахриб карда шавад. Ва дар мошинҳо иҷборан амволи хонаводаҳоро бор карда ва худи онҳоро аз манзилҳояшон меронданд.

Аммо сокинони ин манзилҳо, ки аксарашон оилаҳои серфарзанд буда, аз 9 то 32 нафар аъзо доранд, намехостанд манзилҳои қонунии ҳудро тарк кунанд. Бино ба гуфтаи намояндагони ҳукумати шаҳр, манзили ин сокинонро ба хотири сохтмони мактаби нав, ки барои беш аз 650 нафар фарзандони ҳамин маҳалла сохта мешавад, тахриб мекунанд, аммо сокинон мегуянд, дар тамоми маҳаллаи Лучоб ҳудуди 300 нафар хонанда ҳасту бас.

Хайринисо Холова, сокини 75 солаи маҳаллаи Лучоб, мегуяд, хонаводаи ӯ аз 28 нафар иборат аст. Дар як ҳавлӣ 7 писараш бо оилаҳояшон ба сар мебаранд. Аммо ба ивази манзилашон, ки тақрибан беш аз 100 000 доллар арзиш дорад, танҳо 2 манзили сеҳуҷрагӣ додаанд, ки нисфи аъзои хонавода ҷой мегиранду бас. Хонум Хайринисо афзуд, фишору таҳдидҳои пайвастаи намояндагони мақомоти давлатӣ ӯро ба бемории фишори баланди хун грифтор кардааст, ки феълан маъюб гаштаву пойҳо ва забонаш дуруст кор намекунанд.

Аксари хонаводаҳои маҳаллаи Лучоб мегуянд, дар таъмини онҳо бо манзил, ҳукумат ва додгоҳ ба қонуншиканӣ роҳ додааст ва ҳуқуқи шаҳрвандии онҳоро помол кардааст. Сокини дигари маҳаллаи Лучоб, ки худро Саймуддин Раҳимов муаррифӣ кард, мегӯяд, хонаводаи ӯ аз 32 нафар иборат аст ва ҳавлии ӯ тақрибан 200 000 доллар арзиш дорад, аммо манзиле, ки ба ивази хонааш ба у пешниҳод кардаанд, ӯро қаноатманд намекунад.

Дар ҳамин ҳол Мирзоҳаёт Тағоев, масъули бахши манзили ҳукумати шаҳри Душанбе, ба суоли мо, ки оё чаро тибқи Кодекси манзили Тоҷикистон, ба ин шаҳрвандон ҷойи зисти баробар ба манзилҳояшон дода нашудааст, чунин посух дод, ки бояд онҳо норизоӣ накунанд, зеро мо, то ҷое имкон буд, кӯшиш кардем, ба ин сокинон манзили мувофиқ диҳем.

Ёдовар мешавем, ки баҳси миёни сокинони маҳаллаи Лучоб ва ҳукумати шаҳри Душанбе ҳанӯз аввали зимистони соли гузашта шурӯъ шуда буд ва сокинон манзилҳое, ки дар ҳудуди сохтмони мактаби нав қарор доранд, ба додгоҳ ва дигар ниҳодҳои зидахл ва ҳамчунин раисиҷумҷур муроҷиат карданд, то ба ивази манзилҳояшон ба онҳо ҷойи зисти мувофиқ дода шавад.

Аммо додгоҳ ба манфиати ҳукумати шаҳр қарор содир кард ва ба онҳо на мувофиқи теъдоди аъзои хонаводаҳо, балки мувофиқи шумори ҳуҷраҳо манзил додаанд, ки боиси норизоии сокинони маҳаллаи Лучоб гаштааст.

XS
SM
MD
LG