Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи Бунёди академик Раҳим Масов


Бунёд ё сандуқи хусусии академик Раҳим Масов, раиси пажӯҳишгоҳи таърих ва бостоншиносии Тоҷикистон, дар Душанбе пойтахти кишвар таъсис ёфт.

Сандуқи илмӣ-пажӯҳишии худро академик Раҳим Масов дар назди Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон бо дороии хусусии худ таъсис додааст. Бино ба гуфтаи Баҳриниссо Қобилова, муовини раиси бунёди мазкур, ин бунёд ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ буда, ҳадафи аслиаш дастгирӣ ва татбиқи пажӯҳишҳо ва тадқиқотҳо оид ба таърих ва мероси миллати тоҷик ва ҳифзу омӯзиши таърих, ёдгориҳои бостонӣ ва асноди гирдоварда ва китобҳову пажӯҳишҳои худи академик ва раиси бунёди мазкур Раҳим Масов мебошад.

Баҳриниссо Қобилова ҳамчунин гуфт, Раҳим Масов дар тули фаъолияти илмиаш бисёр ёдгориҳо ва ҳуҷҷатҳои муҳими таърихиро пайдо ва дар осорхонаи шахсиаш маҳфуз доштааст, ки ҳар яке барои омӯзиши таърихи миллати тоҷик ва роҳи тайкарда ва забону фарҳанги тоҷикон дар тули таърихи куҳан бозёфти пуарзише мебошад. Вай гуфт, бунёди мазкур тасмим дорад дар оянда бо созмонҳои бонуфузи байнулмиллӣ ва бостоншиносони ҷаҳон ҳамкорӣ кунад ва инчунин дар роҳи боз ҳам пурра кардани осорхонаи худ аз асноду бозёфтҳои таърихӣ бо мардуми кишвар дар робита ва ҳамкорӣ қарор дошта бошад.

Бино ба иттилоъи бунёди мазкур, таҳия ва иҷрои барномаҳои илмӣ ва пажӯҳишӣ дар бахши таъриху мероси миллати тоҷик, баргузории ҳамоишҳо ва нишастҳои илмӣ, таъсиси стипендия барои донишҷӯёни беҳтарин ва пуштибонии молӣ аз олимони ҷавон низ аз ҳадафҳои аслии сандуқи академик Раҳим Масов маҳсуб меёбад.

XS
SM
MD
LG