Тақрибан аъзои дусад хонавода дар шаҳри Хоруғ – маркази вилояти Бадахшон – ба ҷои амн кӯч дода шуданд. Умед Тӯтишоев, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода дар Хоруғ, рӯзи 18 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аксари ин афрод сокинони маҳаллаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав ва Моёншо Назаршо буда, “хавфи фаромадани тармаи бузург ба болои манзилашон” вуҷуд дорад.