Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Валерий Аҳадов: Русияро бегона намедонем, вале муҳиташ дигар аст. ВИДЕО


Валерий Аҳадов
Валерий Аҳадов

Валерий Аҳадов – коргардони маъруфи Тоҷикистону Русия – барои иштирок таълими кӯтоҳмуддати коргардонҳои ҷавони тоҷик ба Душанбе омадааст. Ин коргардони маъруф, ки дар охири солҳои Шӯравӣ бо театр-студияи "Нимҷазира" ё "Полуостров"-аш бештар аз худ ба ҳайси коргардони ҳунарманд дарак дод, солҳои охир дар Русия кору эҷод мекунад. Ӯ дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи Душанбеи имрӯз, масъалаи муҳоҷират ва коргардонҳои ҷавони тоҷик изҳори назар кард.

Агар муҳити фарҳангӣ набошад, албатта, чизе ҳосил намешавад. Муҳити фарҳангӣ бояд бошад. Театр бояд бошад. Кинотеатрҳои замонавӣ бояд бошанд. Бо садо ва тасвири замонавӣ. Синамогарон чӣ касе ҳастанд, ки агар онҳоро дар кинотеатр тамошо кардан натавонанд?

Радиои Озодӣ: Чанд рӯз боз бо коргардонҳои ҷавони тоҷик "мастер класс" мегузаронед. Аз назари Шумо, сифати кори онҳо чӣ гуна аст?

Валерий Аҳадов: “Вақте кор бо коргардонҳои ҷавон пешниҳод шуд, онро бо хушнудӣ қабул кардам. Як бахше аз мардум аз кишвар рафтанд ва байни синамогарони тоҷик холигӣ ба миён омад. Аз ин рӯ, барои ман ҷолиб буд, ҷавонони имрӯз, ки мехоҳанд бо филмсозӣ сару кор бигиранд, то кадом андоза ба таври ҳирфаӣ омода ҳастанд. Дувум инки то кадом андоза зиндагиро аз чашмони ҷавони худ мебинанд. Дақиқтар, то ҳоло мо ду филмномаро баррасӣ кардем. Филмномаи якум дар бораи ҷавононе аст, ки тоза вориди зиндагӣ шуда, бо таърихи мардуми худ ва бо одамон даврони Шӯравӣ ва истиқлоли Тоҷикистон зиндагӣ кардаанд. Чӣ гуна онҳо ҷойи худро дар зиндагӣ пайдо мекунанд ва шаҳрванди воқеӣ мешаванд. Сенарияи дувум дар бораи даврони ҷанги шаҳрвандӣ сӯҳбат мекунад. Коргардонҳои ҷавон дар бораи як воқеа сӯҳбат мекунанд, ки чӣ гуна одамон дар ҳамин мавриди фавқулода рафтор мекунанд. Кӣ содиқ мемонад? Кӣ метарсад? Кӣ бо ҳамаи мушкилҳо ба пирӯзӣ мерасад ва чандин фикрҳои дигар. Яъне, барои ман рӯшан аст, ки коргардонҳои ҷавон дар бораи чӣ фикр мекунанд. Ин бисёр муҳим аст, ки филми муосири онҳо дар бораи чӣ аст. Барои онки аз ин тариқ метавон ҳунарро омӯзиш дод. Метавон гуфт, ман барои ҳамин омадаам, ки онҳо ба иштибоҳҳои ҳунарӣ роҳ надиҳанд. Аммо чизе, ки дар дилу фикри онҳост, аз они худашон аст ва ин ман аз ин хеле хушнудам. Ин хеле арзишманд аст. Худоро шукр, ман киностудияи куҳнаи навро мебинам, ки дубора эҳё мешавад. Ин чиз бароям хеле хушоянд аст, ки “Тоҷикфилм” филмҳои хуб месохт. Чанд муддат пеш порае аз филми Борис Кимёгаров “Рустам ва Сӯҳроб”-ро тамошо кардам. Ингуна филмро ҳоло касе сохта наметавонад. Ҳоло ҳама графикаи компютерӣ шудааст. Аммо, он замон анбӯҳи саҳнаҳо ва костюмҳои зебо буданд. Драматургияи бузург ва умуман филмсозии хуб буд. Бахтиёр Худоназаровро аз даст додем, ки пешсафи кинематографияи мо буд.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Валерий Аҳадов: Агар муҳити фарҳангӣ набошад, чизе ҳосил намешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:19 0:00

Радиои Озодӣ: Ба ин тартиб Шумо аз кори ин коргардонҳои ҷавон хушбинед?

Валерий Аҳадов: “Ман хушҳолам. Кофӣ аст, дар чашмони он бачаҳое, ки ҳоло бо онҳо кор мекунам, эҳсос ва фикрро мебинам. Ин чизи аз ҳама зарурӣ аст.”

Радиои Озодӣ: Шумо дар як мусоҳибаи худ дар Абхазистон мегӯед, ки “Тамошочии абхазӣ гурусна аст”. Оё дар мавриди алоқамандони кинои тоҷик ҳам метавон чунин гуфт?

Валерий Аҳадов: “То андозае, ки медонам киностудия зинда мешавад, вале ба Тоҷикистон прокатаи филм ва кинотеатр намерасад. Чизе, ки дар дискҳо тамошо мекунанд, ин кино нест. Ин василаи дигари интиқол аст. Аз инҷо ман фикр мекунам, ки бале гурусна аст. Бинанда мехоҳад, кинои худро тамошо кунад. Дар бораи таърихва зиндагии имрӯзӣ ва хурсандии худ филм бубинад. Филмҳои амрикоӣ, русӣ, туркӣ ва эронӣ ҷойи онро намегиранд. Барои онки ҳар миллат дили худро дорад ва он мехоҳад, ки ҳамин дил дар ҳунар инъикос шавад. Ман фикр мекунам ин гуруснагӣ рӯ ба рафъ шудан овардааст. Чанде пеш дар Маскав филми Умед Мирзошириновро нишон доданд. Толори “Хонаи адибон” пури одам буд. Мутаассифона, ман ба далели дарсҳоям натавонистам ба тамошо биравам. Ҳамсарам аз тамошои он филм ҳайратзада шуд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки байни ҷавонон рақобат шурӯъ шудааст ва ин самараи хуб ба бор меорад.”

Душанбе тақрибан 1 миллион сокин дорад. Пас, бояд ҳадди ақал 10 кинотеатр бошад.

Радиои Озодӣ: Шумо соли 2006 пас аз як сафар ба Тоҷикистон аз мушкилҳои кинои тоҷик ёдрас мешавед, аммо назари хушбинона медиҳед. Мегӯед “бо вуҷуди ин энержӣ ва зиндадилии кино аст. Кинотеатри Ҷомӣ дар маркази шаҳр дар вазъияти хуб аст.” Аз телевизиони “Сафина” ҳамчун нишонаи хуби кинои тоҷик ёдоварӣ мекунед. Театри “Ҷомӣ” ҳамроҳ бо “Маяковский” аз байн рафтанд. Акнун чӣ мегӯед?

Валерий Аҳадов: “Ин барои ман ҷойи дард аст. Барои онки ман ҳам дар театри “Маяковский” ва ҳам дар театри “Лоҳутӣ” кор кардам. Дар кинотеатри “Ҷомӣ” ҳам нахустнамоиши филмҳои мо баргузор шуда буд. Ин, албатта, талафоти бузург аст. Умеди ягона ин аст, ки шояд театру кинотеатри нав бунёд кунанд. Ин муносибат ба фарҳанг аст. Аз сӯи дигар, раҳбарияти Тоҷикистон ба фарҳанг бо эҳтиром муносибат ва дастгирӣ мекунад. Ман дар доираи киностудия қазоват мекунам, ки дастгирии молиявии филмҳо шурӯъ шудааст. Аз сӯи дигар, агар муҳити фарҳангӣ набошад, албатта, чизе ҳосил намешавад. Муҳити фарҳангӣ бояд бошад. Театр бояд бошад. Кинотеатрҳои замонавӣ бояд бошанд. Бо садо ва тасвири замонавӣ. Синамогарон чӣ касе ҳастанд, ки агар онҳоро дар кинотеатр тамошо кардан натавонанд. Душанбе тақрибан 1 миллион сокин дорад. Пас, бояд ҳадди ақал 10 кинотеатр бошад. Чаро ки ин зиндагии фарҳангӣ аст. Мо набояд мардумро бо сухан тарбият кунем. Ҷавонҳо аз роҳи санъат хислатҳои инсониро соҳиб мешаванд. Аз ин рӯ, воқеан, ин як мушкил аст, ки шахсан барои ман ҳам дардовар аст. Ман дар театри “Маяковский” намоишномаҳо ба саҳна гузоштам. Аммо, ман умедворам. Вақте ки аз инҷо бо баъзе аз ҳунармандон ба муҳоҷират рафтам, ба онҳо гуфтам: “Мо бояд равем. Инҷо ҳеч вақт соати 7 пардаи саҳна боз намешавад”. Ман хушҳолам, ки иштибоҳ кардам.”

Валерий Аҳадов
Валерий Аҳадов

Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, ки муҳоҷир шудед. Дар робитаи муҳоҷирон мехоҳам бипурсам. Вақте як коргардони маъруфи тоҷик дар кӯчаҳои Маскав қадам мезанад ва муҳоҷири тоҷикро мебинад, дар зеҳнаш ин фикр ба вуҷуд намеояд, ки рӯзе дар бораи муҳоҷират ва муҳоҷирони тоҷик як филм месозам?

Валерий Аҳадов: “Шумо медонед, ки дар ин мавзӯъ филмҳои бисёре ҳастанд. Ҳатто бародари ман дар ҳамкорӣ бо коргардон Лариса Садилова филми “Она”-ро ба навор гирифтанд. Гуфтаниам, ки сари ин мавзӯъ бисёр кор карданд. Асосан дар бораи “гастарбайтер”-ҳо филм месозанд, ки воқеан барояшон зиндагӣ кардан дар онҷо душвор аст ва ба таҳқири бисёр дучор мешаванд. Зимнан, барои ҳамин ифротгаро мешаванд. Аммо, дар мавриди насли мо ҳанӯз филм нест. Дар бораи насле, ки аз як шакли зиндагӣ ба шакли дигар гузаштанд. Дар ин маврид филм нест. Фикри хуб додед. Намедонам ман ё каси дигар бояд ин гуна филмро бисозад. Ин бахши аъзами як насл аст, ки аз ватан рафтанд. Ҳарчанд мо одамони Шӯравӣ Русияро бегона ҳисоб намекунем. Аммо, ба ҳар ҳол дар муҳити дигар ҳастем. Инҷо барои мо роҳҳаттар буд. Инҷо ҳамаро мешинохтам. Ҳоло дар тайёра танҳо як нафарро шинохтам. Ӯ маро шинохт. Пештар ҳангоми парвоз ман 20 касро мешинохтам ва маро 100 кас мешинохт. Ҳоло дар хиёбони марказӣ қадам мезанам, аҳёнан чеҳраҳои шиносро мебинам. Шояд котибҳои пешини ҳизби коммунисти Тоҷикистон. Ин дардовар аст, аммо зиндагӣ чунин аст. Чӣ мекунӣ? Ҳамин гуна шуд. Тақсир аз мо нест ва ё шояд ҳам бошад.”

Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол дар мавзӯи муҳоҷирони меҳнатӣ фикр мекунед?

Лаҳзае аз сӯҳбати Сайф Сафар бо Валерий Аҳадов
Лаҳзае аз сӯҳбати Сайф Сафар бо Валерий Аҳадов

Валерий Аҳадов: “Алабатта. Дар яке аз намоишҳои акс як нафар ба ман гуфт, ки мо мехоҳем акси шуморо ҳамчун як муҳоҷир бигузорем. Ман унвони ходими хизматнишондодаи санъати Русияро дорам. Яъне, маро онҷо ҳамчун одами худ шинохтанд. Муҳоҷир ин эҳсос аст. Ин ягон аломат нест, ки ба ту додаанд. Агар ту эҳсос кунӣ, ки ба ҷазби он ҷомеа нашудаӣ. Ман ин эҳсосро надорам. Аммо, ман эҳсоси он одамонеро, ки дар ин замина мушкил доранд, хуб медонам. Ман дар кӯдакӣ дар Маскав зиндагӣ кардам ва дар “ВГИК” таҳсил мекардам. Ин муҳити ман аст. Ман медонам, ки шумо дар бораи чӣ мегӯед. Ин мушкил танҳо хоси Тоҷикистон нест, балки ҷаҳонӣ аст. Тамоми ҷаҳон дар муҳоҷират аст. Аммо, ин мавзӯи муҳим аст. Мавзӯи тағйири дарунии инсон аст. Вақте ки инсон шеваи зиндагӣ ва ватани худро тағйир медиҳад, як раванди бузург тай мешавад.”

Радиои Озодӣ: Дар кишварҳои пасошӯравӣ ҳанӯз ҳам ба назар мерасад, ки коргардонҳо ва дар умум шахсони вобаста ба синамо таъкид ба кумаки давлат ба кинематография мекунанд. Вале дар бисёре аз кишварҳои дигар синамо бе кумаки давлат пеш меравад ва киноҳои беҳтарин эҷод мешаванд. Яъне, давлат ҳатман бояд синаморо ҳимояти молӣ бикунад?

Валерий Аҳадов: “Русия аз Тоҷикистон кишвари бойтар аст. Онҷо синамогарон аз сӯи давлат кумаки қобили мулоҳиза мегиранд. Ман худам як филмамро бо кумаки давлат сохтам. Филм ба фарқ аз дигар навъи ҳунар ниёз ба пул дорад. Ҳеч роҳи дигаре нест. Мутаассифона, филм ҳатто дар Русия пулро боз намегардонад. Яъне, ин пули сарфшудае аст, ки боз намегарданд. Дар Тоҷикистон дастгирии синамо аз тарафи давлат вуҷуд дорад, аммо на ба он андоза, ки тавони офаридани блокбастерро дошта бошад. Мо дар рақобат бо филмҳои амрикоӣ қарор дорем, ки миллионҳо доллар харҷ доранд. Синамогарони мо дар вазъияти мушкил қарор доранд. Агар дастгирии давлат набошад, барои соҳаи филмсозӣ хеле душвор тамом мешавад. Одамони алоҳида омодаи додани пуланд, аммо ба шарти боз гардонидан, вале филм ҳанӯз барои ин чиз омода нест. Аз ин рӯ бе кумаки давлатӣ чизе ба даст намеояд. Як рассом ё нависанда метавонад. Онҳо масрафи кам доранд. Як намуна меорам. Агар лозим набошад, онро ҳазф кунед. Ман дар бораи ин мехоҳам филм ҳам бисозам. Ҷанги ҷаҳонии дуввум буд. Корхонаҳое, ки тонку тӯпу мошин истеҳсол мекарданд, аз маркази шаҳр дигар ҷой бурданд. Аммо, аввал театр ва киностудияҳоро ба шаҳрҳои дигар, ки дар ҷанг набуданд, кӯч доданд. Нависандагон имтиёзи ба ҷанг нарафтанро доштанд. Яъне, ин фаҳмиш дар миён буд, ки фарҳанг бояд таҳти ҳар шароит вуҷуд дошта бошад. Бе он мардум, миллат ва кишвар ҳам нест. Кинематография санъати пешрафтатар аст, ки ба мардум мерасад. Хондани китоб ва гӯш кардани мусиқии симфонӣ камтар шудааст. Аз ин хотир фаҳми онки кинематография силоҳи идеологӣ аст, бояд набошад. Ин ҷаҳони фарҳангӣ аст ва он албатта дастгирӣ мехоҳад.”

Валерий Аҳадов
Валерий Аҳадов

Радиои Озодӣ: Шумо ба ҳимояти молии синамо аз сӯи давлат ишора кардед. Суол инҷост, ки дар соҳаи кино пул муҳим аст, ё як идеяи хуб?

Валерий Аҳадов: “Барои кино аз ҳама муҳим драматургия, яъне сенария аст. Ва, албатта, идея. Он гуна ки дар мавриди коргардонҳои ҷавон гуфтам. Ба ман идеяи онҳо писанд омад, ки мехоҳанд дар шакли кино ба бинанда расонанд. Мо имконият дорем, ки аз роҳи ҳунар идеяи худро ба анбӯҳи одамон бирасонем. Аз ин рӯ, албатта, идея муҳим аст. Идея, ки дар сенария таҷассум ёфтааст. Кино чизи қиммат аст. Агар идея, сенария ва кормандони эҷодӣ дорӣ, аммо пул надошта бошӣ, наметавонӣ фикрҳои худро амалӣ амалӣ кунӣ. Инҳо бо якдигар ҳалқаи як занҷираанд.”

XS
SM
MD
LG