Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"50% дарсади занони тоҷик ба шевае хушунат дидаанд". ВИДЕО


Бунёди ҷамъиятии “Нотабене”-и Тоҷикистон, Созмони ҳамкории байналмилалӣ ва Бунёди Хелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон бо нашри як гузориши муштарак гуфтаанд, ки бештари қурбониҳои хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон пас аз 4 соли қабули қонун оид ба ҷилавгирии хушунат дар оила, ҳанӯз ҳам беҳимоят мемонанд.

Ин гузориши 74-саҳифаӣ дар пайи таҳлили санадҳо, мусоҳиба ва гузаронидани таҳқиқот моҳҳои октябр ва ноябри соли гузашта анҷом шудааст. Муаллифони ин гузориш мегӯянд, ки дар Тоҷикистон то ҳанӯз дар сатҳи ҳукумат пойгоҳи ягона барои ҷамъоварии маълумот оид ба мавридҳои хушунати хонаводагӣ, вуҷуд надорад.

“Ғайр аз ин барои ҷамъоварии маълумот аз равишҳои ноҳамоҳанг истифода мешавад. Поин бурдани нишондиҳандаҳо мушкили ҳамешагӣ шудааст. Бо вуҷуди ин, натиҷаи баъзе аз таҳқиқотҳо нишон медиҳад, ки наздик ба 50 дарсади занони тоҷик дар бархе аз вақтҳои

Ин гузориш мегӯяд, наздик ба 50 дарсади занони тоҷик дар бархе аз вақтҳои зиндагии худ аз сӯи шавҳар, хушдоман ва аъзои дигари оила дучори хушунати хонаводагӣ мешаванд.

зиндагии худ аз сӯи шавҳар, хушдоман ва аъзои дигари оила дучори хушунати хонаводагӣ мешаванд”,-омадааст дар ин гузориш.

Дар бахши дигаре аз ин гузориш бо ишора ба қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” набуди механизмҳои дақиқи амалисозии он, мафҳуми муайяни хешовандон ва “хушунати хонаводагӣ”, ҷиноят шинохтани ҳамаи шаклҳои хушунати хонаводагӣ ва кафолати ҳаққи ёрии ҳуқуқӣ ба қурбонии хушунати хонаводагӣ, аз норасоиҳои ин қонун гуфта шудааст.

Назари сокинон дар бораи хушунатҳои хонаводагӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Бар пояи гузориш, ин қонун ҳукуматҳои маҳаллиро барои фароҳам кардани паногоҳ ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ муваззаф накардааст ва ба ин тартиб аз сӯи давлат чунин паногоҳҳо хеле кам бунёд шудаанд. "Дар Тоҷикистон суннати зиндагии якҷояи хешовандони дур ва наздик ба таври густурда, аз ҷумла ба далели камбуди маблағи оилаҳои ҷавон барои сохтани хонаи алоҳида, вуҷуд дорад. Аз ин рӯ набуди муқаррароти қонунии ироаи имконоти паноҳандагӣ пас аз рафтан аз хона, зиндагии қурбонии хушунати хонаводагиро зери хатар мебарад”,-мегӯяд ин гузориш.

Гулҷаҳон Бобосодиқова.
Гулҷаҳон Бобосодиқова.

Гузориш мегӯяд, ки тибқи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ давлат вазифадор аст, ки ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ кӯмак расонад. Аммо тибқи ин гузориш, ҳаҷми хизматрасонӣ ба қурбониён хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон хеле кам аст ва давлат ба таъмини молии ин гуна хизматрасониҳо аз будҷаи худ таваҷҷуҳ намекунад ва таъминоти молӣ ба дӯши донорҳои байналмилалӣ аст ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шарики калидии амалисозии кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ аст мебошад.

Гулҷаҳон Бобосодиқова, раиси созмони “Бонувони бо таҳсилоти олӣ” дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” дар робита ба ин гузориш гуфт: “Мо дар Тоҷикистон ин қадар омори аниқ надорем. Бояд, ки якҷоя бо ташкилотҳо ва идораҳои давлатӣ як роҳи

Соли 2015 дар Тоҷикистон 400 ҳодисаи худкушии занон сабт шудааст, ки бахши умдаи ин қурбониҳо дар пайи хушунати хонаводагӣ қасди ҷони худ кардаанд.

ҷамъбаст кардани баъзе оморҳоро ба даст гирем. Вале, хушунат чандин паҳлӯ дорад. Хушунати рӯҳӣ, поймол кардани ҳуқуқи инсон ва чандин намуди дигараш аст. Барои ҳамин гуфтан мумкин, ки ҳар намудаш дар баъзе мавридҳо ҷой доштанд ва ҳоло ҳам доранд.”

Хонум Бобосодиқова дар мавриди қонун алайҳи хушунат гуфт, “барномаҳои татбиқи он вуҷуд доранд, вале назорати онро бояд пурзӯр кард. То соли 2023 барномаи амалӣ гардонидани ҳамин қонун рӯи даст аст. Дар вай ҳамаи роҳҳои ҳал шудани масъалаҳои хушунат вуҷуд дорад. Аммо нисбати иҷрои он назорат бояд сахттар бошад.”

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҳанӯз омори дақиқе дар робита бо хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон рӯи даст нест. Вале ба қавли созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон ва ҳам ҳукумати Тоҷикистон, ҳар рӯз ҳадди ақалл 2 шикоят аз хушунати хонаводагӣ ба дасти онҳо мерасад

Соли 2015 дар кишвар 400 ҳодисаи худкушии занон сабт шудааст, ки бахши умдаи ин қурбониҳо дар пайи хушунати хонаводагӣ қасди ҷони худ кардаанд. Созмони Human Rights Watch, ки аз ҷумла масъалаи хушунатро дар Тоҷикистон таҳқиқ мекунад, мегӯяд, қонуни махсуси ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ, ки соли 2013 қабул шудааст, ҳанӯз ҳам пурра кор намекунад. Дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамоно бисёриҳо ба ин фикранд, ки мушкилоти дохили хонавода набояд аз чаҳорчӯби хона берун равад, вале ин пинҳонкориҳо гоҳо бо фоҷиа меанҷомад.

XS
SM
MD
LG