Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ахиран натиҷаи озмуни экологии худро эълон кард ва Қурбон Аламшоев, рӯзноманигори шинохтаи тоҷикро барои филми мустанади “Фарҳанги шикор дар Помир” баранда эълон кард. Ба ин тартиб, ҷои аввал ва мукофоти пулии 4000 сомонӣ ба Қурбон Аламшоев барои филми мустанад дар мавзӯи “Фарҳанги шикор дар Помир” дода шуд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар сӯҳбат бо Қурбон Аламшоев сӯҳбат анҷом дод ва ибтидо аз ӯ пурсид, ки чӣ чиз сабаб шуд, ки ӯ ба таҳияи филм дар бораи фарҳанги шикор дар Помир рӯ оварад?
Ҳадафи ниҳоии ин китоб ва корҳои дигаре, ки дар ин замина кардем, нигоҳ доштани он донишҳои фаромӯшшуда аст. Онҳо барои мо хеле заруранд. Ин донишҳо дар замони проблемаҳои ғайримунтазир ба монанди тағйири иқлим, обхезӣ ва гармшавӣ ба мо кумак мекунанд, то табиати ваҳшии худро хуб ҳифз кунем.
Қурбон Аламшоев: Бояд гуфт, ки инҷо натанҳо филм, балки як идеяи калон аст, ки филм як ҷузъи он мебошад. Ин идеяи мо иборат аз ҷамъоварии донишҳои мардумӣ дар бораи шикори анъанавии мардуми Бадахшон ва баъдан дар ин замина чоп кардани китоб ё рисола ва омода сохтани филму таҷлили фестивал “Табиати ваҳши Помир” аст. Мо ҳар се онро тавонистем дар дохили як тарҳ ба иҷро расонем, ки натиҷаи хуб доданд.
Радиои Озодӣ: Чаро фарҳанги шикор аз нигоҳи шумо ин қадар муҳим аст, ки китоб, филм ва фестивалро ба он бахшидаед?
Қурбон Аламшоев: Шикор дар назари аввал як чизи камаҳамият ба назар мерасад. Вале, агар фикр кунем, шикор ин як шуғлест, ки дар ҳаёти маишӣ ва иқтисодии мардуми тоҷик, бахусус мардуми куҳистон нақши хеле зиёд дорад. Дар тӯли асрҳо маҳз шуғли шикор тавонистааст мардумро бо ғизо таъмин кунад. Дар замонҳои пеш на роҳ буд, на иртибототи хуб. Ҳар деҳа дар тӯли шаш моҳ дар як инзиво қарор дошт. Мардумон аз ҳамдигар дар дурӣ зиндагӣ мекардад ва махсусан дар фасли зимистон аз маводи ғизоӣ танқисӣ мекашиданд. Вале, боз ҳам ин масъала ҳал мешуд. Чӣ тавр? Ман фикр кардам ва аз манбаъҳо ёфтам, ки маҳз аз роҳи шикор. Яъне, шикор буд, ки мардум мезист. Шумо медонед, ки шикор касби аввалини инсоният аст. Помир яке аз минтақаҳое аст, ки дар онҷо нигораҳои рӯисангӣ зиёданд. Масалан, дар болои санг акси бузи кӯҳӣ, озодапаланг ва шикорчӣ кашида шудааст. Ин нигораҳои рӯисангӣ аввалин офаридаҳои шикорчиёни қадиманд. Ҳамин тавр дар тӯли асрҳо шикор на танҳо фақат ба даст овардани ғизо буд, балки ба як фарҳанги бузург табдил ёфт. Дар байни мардуми тоҷик як фарҳанг ба вуҷуд омад, ки он тавонист муносибати инсон бо табиатро ба танзим медаровард. Ин фарҳанг ба он кӯмак мекард, ки инсон ба табиат бо таваҷҷуҳи хос ва чашми эҳтиёткорона нигоҳ кунад. Ҳамин гуна мекард, ки ҳайвоноти ваҳшӣ, ки ҳеч як соҳиб дар табиати озод надоранд, ба дасти инсонҳо ҳам истифода ва ҳам муҳофизат мешуданд.
Радиои Озодӣ: Чун унвони филми шумо “Фарҳанги шикор дар Помир" ном дорад мешавад гуфт, ки дар Помир фарҳанги махсуси шикор аст, ки дар қисматҳои дигари Тоҷикистон набошад? Мешавад чанд мисол биоред?
Ҳолномаи Қурбон Аламшоев
Қурбон Аламшоев, рӯзноманигор ва номзади илмҳои таърих, соли 1960 дар деҳаи Миденшарви ноҳияи Роштқалъа ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург мебошад. Фаъолияти корияшро ба ҳайси муҳаррир аз нашриёти «Маориф»-и шаҳри Душанбе шурӯъ карда, аз соли 1987 то 1992 дар нашрияи «Бадахшони Советӣ» кор кардааст. Муҳимтарин дастоварди Аламшоев мураттаб сохтани шарҳи ҳоли сиёсиву илмӣ ва шахсии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шоҳтемур исботи илмии он, рӯшан кардани баъзе паҳлӯҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии солҳои сиюми асри бист дар Тоҷикистон мебошад. Рисолаи номзадиашро низ дар мавзӯи "Нақши Шириншоҳ Шоҳтемур дар таъсис ва ташаккули давлатдории тоҷикон" соли 2013 дар Институти таърих, этнография ва археологияи ба номи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе дифоъ кардааст.
Қурбон Аламшоев: Мардуми тоҷик аз куҳантарин мардуми рӯи замин аст ва албатта фарҳанги шикор дар байни тамоми мардуми тоҷик вуҷуд дорад ва ба ҳамаи минтақаҳо дахл дорад. Вале, мо ин пажуҳишро танҳо дар мисоли мардуми Бадахшон гузаронидем. Ҷолибияти ин мавзӯъ дар он аст, ки мо аз худ чизе нанавиштем. Танҳо ҷамъ овардем. Яъне, ман тавонистам дар рустоҳои дурафтодатарини ноҳияи Шуғнон, Рӯшон, водии Бартанг, Вахону Шуғнони Тоҷикистон ва Афғонистон бо шикорчиёни куҳансол ва ҳомилони донишҳои мардумӣ суҳбат кунам. Мардум ба табиат ҳамчун ба як офаридаи Худо бо шукргузорӣ ва нияти пок муносибат мекардад. Масалан, агар як гунҷишкро шикор мекарданд, ҳамеша шукргузорӣ мекарданд, ки ин ризқро ба онҳо Худо додааст ва бояд аз он тавре истифода кунанд, ки ҳама қонеъ шаванд. Дар ҳар деҳа 2-3 нафар шикорчӣ буд. Онҳо афроде буданд, ки дар замони қаҳттарин мардумро бо ғизо таъмин мекарданд. Натанҳо барои оилаи худ ба шикор намебаромаданд, балки барои ҷамоати худ шикор мекарданд. Ҳамин тавр дар байни мардум парастишҳои гуногун пайдо шуд. Фарҳанги шикор ба вуҷуд омад. Масалан, вақте ки шикорчиёни Помир нияти шикор мекарданд, ҳатто то як ҳафта бо ҳамсари худ ҳамхоба намешуданд. Тамоми ҷисму ҷони худро пок мекарданд. Замоне ба шикор мебаромаданд, ки аз пеши рӯяшон касе набарояд. Ҳар як иқдоми онҳо дуои худро дошт. Барои мисол, тирмонӣ, тирафканӣ ва буридани сари сайд дуоиҳои хоси худро доштанд. Ҳеҷ як қадами онҳо бе дуо ва шукргузорӣ амалӣ намешуд. Онҳо табиатро нигоҳ медоштанд ва табиат онҳоро. Байни инсону табиат як мувозинат барқарор буд. Ҳадафи ниҳоии ин китоб ва корҳои дигаре, ки дар ин замина кардем, нигоҳ доштани он донишҳои фаромӯшшуда аст. Онҳо барои мо хеле заруранд. Ин донишҳо дар замони проблемаҳои ғайримунтазир ба монанди тағйири иқлим, обхезӣ ва гармшавӣ ба мо кумак мекунанд, то табиати ваҳшии худро хуб ҳифз кунем.
Радиои Озодӣ: Ҳамин фарҳангҳои шикоре, ки ном бурдед шикорчиёни Помир риоя мешавад?
Қурбон Аламшоев: Ин фарҳанг дар байни афроди куҳансол вуҷуд дорад. Онҳое, ки шикорчиёни авлодӣ ҳастанд, ин фарҳангҳоро риоя мекунанд. Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ силоҳҳои ғайриқонунӣ хеле зиёд шуд. Пештар шикорчиён бо камони пилтаӣ ба шикор мерафтанд ва зиёда аз се тир холӣ намекаранд. Як фарҳанги дигар ҳамин буд. Агар бо афкандани се тир шикор насибашон намешуд, бармегаштанд. Ҳоло баъзе аз одамон ба автомат ва силоҳҳои дигар ба монанди дурбинҳои электронӣ дастрасӣ доранд ва ҳар чизе аз пешашон меояд сайд мекунанд. Қаблан як фарҳанги дигар роиҷ буд, ки бояд фақат ҷондорҳои пир шикор шаванд. Бояд аз ҳафтсола боло шикор шавад. Модабуз, бузғола ва барраи гусфанди ваҳшӣ бояд шикор нашаванд. Агар шикорчӣ ин чизҳоро риоя намекард, ҳазорҳо тавба мекард. Зимни тадқиқот барои ман муяссар шуд, ки рисолаҳои махсуси марбут ба шикорро пайдо кунам. Масалан, “Рисолаи туфанг” ва “Рисолаи шикор” ном доранд. Дар рисола ин гуна гапҳо ҳастанд, ки шикорчиён бояд бо туфанг чӣ гуна муомила кунанд. Масалан, як чиз аст, ки ҳеч вақт туфангро ба сӯи инсон рост накунанд. Туфанг бояд ҳамеша овезон бошад. Аз болои он гузаштан мумкин нест. Агар касе аз болои туфанги шикорчӣ гузарад, шикори ӯ баста мешавад.
Радиои Озодӣ: Оё риоя нашудани ҳамин фарҳанг боис шудааст, ки баъзе аз ҳайвонҳои нодир кам шаванд?
Қурбон Аламшоев: Мақсади ман ин аст, ки аз шикорчиён бояд русуми қадимаи моро риоя кунанд. Масалан, дар Бадахшон як расми дигар буд, ки як шикорчӣ ҳаққи шикор кардани се сарро дошт. Аз се сар бештар барояш ҳаром ҳисоб мешуд. Ман ҳоло ният дорам, ки аз рӯи он донишҳои ҷамъоварда “Кодекси этикаи шикорчӣ”-ро тартиб диҳам. Онро дар рустоҳои дурдаст, ҷойе ки шикори ғайриқонуӣ ё дуздишикор (браконьерство) вуҷуд дорад, тақсим кунем. Агар шикори ғайриқонунӣ идома пайдо кунад, барои мисоли гуспанди Марко Поло, бузи куҳӣ ва озодапаланг (снежный барс), ки яке аз боигариҳои муҳими Тоҷикистон аст, ба нестӣ мерасад. Ғизои аслии ин паланг ҳамин ду ҳайвони ваҳшӣ мебошанд. Дар ҳар ҷойе, ки ин паланг вуҷуд дорад, нишонгари покии он сарзамин аст. Тоҷикистон аз 12 кишвар дар ҷаҳон аст, ки Озодапаланг дар он зиндагӣ мекунад.
Радиои Озодӣ: Ҷамъияти шикорчиён ва ниҳодҳои марбут ба экология дар мавриди шикори ҳайвоноти ваҳшӣ чӣ бурду бохтҳое доранд?
Қурбон Аламшоев: Масъули асосии ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ дар Тоҷикистон Кумитаи ҳифзи муҳити зист аст, ки дар Бадахшон ҳам корҳои зиёде мекунад. Мо тавонистем бо ин ниҳод дар деҳаи Вездараи водии Шохдара фестивал доир кунем. Ман орзуи онро дорам, ки ҳамин гуна фестивалҳо дар мавриди табиат бояд дар ҳамаи минтақаҳо доир шавад. Зеро табиати зебо ва боирагиҳое ба монанди ҳайвоноти ваҳшӣ, рустаниҳои доруӣ ва обҳои маъданӣе, ки мо дорем, кам кишварҳо доранд. Мо бояд як рӯзи худро ба табиат бахшем. Як рӯз бояд фақат дар бораи табиат ва рафтори худ дар он суҳбат кунем.
Радиои Озодӣ: Шумо бабри барфиро “Озодапаланг” ном ниҳодаед. Ин номро аз куҷо пайдо кардаед?
Қурбон Аламшоев: Ин номро ман намондаам. Дар китобҳои илмӣ ва васоити ахбори омма одатан ҳамаи муҳаққиқон бабри барфӣ ё паланги барфӣ менависанд, ки ин тарҷумаи таҳтулафзии “snow leopard”-и англисӣ ё “снежный барс”-и русӣ аст. Вақте ки ман дар деҳаҳои Вахон, Роштқалъа ва Шуғнон тадқиқот мебурдам, мӯсафедон мегуфтанд, ки он на “снежный барс” , балки “Озодапаланг” аст. Ман сахт мутаҳайир шудам. Баъд фаҳмидам, ки он ҳайвон ҳақиқатан як ҳайвони хеле озодарафтор аст. Руҳи хеле озода дорад ва ин ном барояш хеле мувофиқ аст. Аз ин рӯ ҳар чизе, ки менависам, фақат “Озодапаланг” менависам ва аз муҳаққиқон низ хоҳиши онро дорам, ки дар тоҷикӣ чунин нависанд. Калимаи сирф тоҷикӣ аст. Дар луғатҳо дидам ҳатто дар Эрон онро “Юзпаланг” мегӯянд. Гӯё “юз” аз калимаи “ёзидан” аст. “Озодапаланг” беҳтарин калима аст, ки бояд онро истифода барем.