Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби таҳқиқи одилонаи марги сарбоз Элчибеков


Рӯзи 27 феврал ҳудуди 70 сокини ноҳияи Рӯшон дар назди бинои ҳукумати ин ноҳия гирди ҳам омада аз мақомоти маҳаллӣ тақозо карданд, ки марги Эҳсон Элчибеков, сарбози қисми низомии 06870-и Вазорати дифоъро одилона ва мунсифона таҳқиқ кунанд. Онҳо бовар доранд, ки сарбози 19-сола баъди 8 моҳи хизмат дар артиш кушта шудааст, вале мақомот талош доранд сабабҳои аслии марги ин низомиро аз хешовандон пинҳон кунанд.

Дар аксари ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиши Тоҷикистон дар давоми се соли охир мақомот на вуҷуди хушунат ва меҳтарсолорӣ, балки беморӣ ва ё худкушии сарбозонро сабаби аслии марги онҳо арзёбӣ кардаанд.

Хоҷаназари Лутфулло, иҷрокунандаи раиси ноҳияи Рӯшон бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ рӯзи 27 феврал гуфт, ки баъди таҷаммӯи сокинони маҳаллӣ, хешу табор ва чанде дигар аз ҷамъомадагонро қабул кардааст. Ба гуфтаи ин мақоми ноҳия Рӯшон, “талаби хешу табор як чиз буд, ки ҳамин қазия дар доираи қонунгузории Тоҷикистон баррасӣ ва гунаҳкорон муҷозот шаванд. Баъдан пешниҳод карданд, ки минбаъд кӯшиш кардан даркор аст, ки ингуна чизҳо рух надиҳанд.”

Ҳудуди 70 сокини ноҳияи Рӯшон рӯзи душанбе дар назди бинои ҳукумати ин ноҳия гирди ҳам омада аз мақомоти маҳаллӣ тақозо карданд, ки марги Эҳсон Элчибеков, сарбози қисми низомии 06870-и Вазорати дифоъро мунсифона таҳқиқ кунанд.

Раиси ноҳия Рӯшон дар мавриди қазияи марги Эҳсон Элчибеков гуфт дар ҳамкорӣ бо Комиссариати ҳарбии ноҳия ва вилояти Бадахшони Кӯҳӣ таҳқиқи онро пайгирӣ мекунем “ва натиҷаи онро барои мардум мерасонем”.

Шоназар Шамиров, комиссари ҳарбии Вилояти мухтори Бадахшон дар сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, “фардо хешу табори ин сарбоз меоянд ва онҳоро пеши додситонии ҳарбии вилоят мебарем”. Ӯ аз шарҳи ҷузъиёти бештари ин ҳодиса ва ҳам ҷараёни тафтишот худдорӣ кард ва гуфт, ин мавзӯъ дар салоҳияти додситонии ҳарбӣ аст. Дар Душанбе рӯзи 27 феврал масъулини додситонии ҳарбӣ аз шарҳи ин қазия худдорӣ карданд. Муҳаммадамин Шарифзода, прокурори ҳарбии гарнизои Хоруғ ҳам дар мавриди қазияи марги Эҳсон Элчибеков ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтишот дар Душанбе идома дорад ва кулли тафсилотро онҳо медонанд.

Таҷаммулшо Акобиршоев, яке аз иштирокдорони вохӯрӣ бо раиси ноҳияи Рӯшон дар сӯҳбат бо Радио Озодӣ гуфт, талаби дигари онҳо ин будааст, ки ҳамаи сарбозони ин ноҳия дар тамоми қисмҳои низомӣ номнавис шаванд. ”Баъдан ҳар замон раисони ҷамоатҳо, сардори шӯъбаи корҳои дохила ва намояндаҳои комиссариати ҳарбӣ рафта бо сарбозон вохурӣ гузаронанд ва аз аҳволи онҳо огоҳ шаванд”.

Ин сокини ноҳияи Рӯшон гуфт, дар сӯҳбат бо раиси ноҳия ҷамъомадагон талаб карданд, ки ба хизмати аскарӣ сафарбар шудани фарзандони мақомдорон, аз ҷумла “раисон ва вазирон” ҳам ҷиддӣ гирифта шавад. Акобиршоев афзуд, “вақте маъракаи даъват ба хизмат сар мешавад, аввалин шуда бояд фарзанди раиси ноҳия равад. Фарзандони ҳеҷ кадоме аз фарзандони раисони собиқи ноҳия хизмати ҳарбӣ нарафта буданд”,- гуфт ӯ.

Эҳсон Элчибеков рӯзи 16 феврал даргузашт ва ҷасади ӯро рӯзи 21 феврал ба волидонаш дар деҳаи Бағуи ноҳияи Рӯшон супурданд. Додситонии гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе гуфт, ки таҳқиқи ҳодисаро ба ӯҳда дорад ва аз рӯи ин ҳодиса як нафар боздошт шудааст.

Баробари дастрас кардани ҷасади фарзанд наздикон ба ҳодисаи марги табиии писари сарбозашон шубҳа карда, аз мақомот хостанд, ки омилони марги писарашонро ба ҷавобгарӣ кашанд. Ин сарбоз моҳи майи соли 2016 ба хидмат даъват шуда, дар қайди як қисми низомии сохтори Вазорати дифоъ дар Душанбе буд.

Эҳсон Элчибеков рӯзи 16 феврал даргузашт ва ҷасади ӯро рӯзи 21 феврал ба волидонаш дар деҳаи Бағуи ноҳияи Рӯшон супурданд.

Шоназар Шамиров, комиссари ҳарбии Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ дар сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҷасади сарбоз шаби 20 ба 21 феврал, яъне баъд аз панҷ рӯз ба хонааш расид”. Шамиров гуфт, барои супурдани ҷасади писар ба волидон намояндагони ниҳодҳои ҳарбӣ аз Душанбе ба Рӯшон рафта буданд.

"Ба марг расонда шуд"?

Дар ҳоле ки масъули комиссариати ҳарбӣ ва ҳам мақомоти дигари дахлдор аз шарҳи расмии ҳодиса худдорӣ мекунанд, як манбаи Радиои Озодӣ дар Вазорати дифои Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, Эҳсон дар натиҷаи як моҷаро бо ҳамхидмати худ “ба марг расонда шуд”. Ҳарчанд ӯ аз талаффузи вожаи “кушта шуд” худдорӣ кард, аммо дар шарҳи ин моҷаро чунин гуфт, “миёни Элчибеков ва як сарбози дигар моҷаро хест ва онҳо дар соати 12-и шаб пушти ҳоҷатхонаи қисми ҳарбӣ гузашта, занозанӣ карданд. Ниҳоят ҳамхидматаш ӯро хафа кардааст.”

Элчибеков аз чап
Элчибеков аз чап

Хешовандони Эҳсон Элчибеков мегӯянд, баробари аз назар гузарондани ҷасад ва ҳам дидани осори захмҳои эҳтимолӣ, ба ин фарзия бештар бовар мекунанд, ки писари онҳо «ба марг расонда шудааст». Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, вуҷуди ду захми монанд ба теғи корд дар қисмати пушти гардани Эҳсон ишора ба куштори ӯ дорад.

Худоназар Элчибеков, амаки Эҳсон, рӯзи 21 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз деҳаи Бағу гуфт, “навори захмҳои гарданашро гирифтем. Намояндаҳои комиссариати ҳарбии ноҳияи Рӯшон ваъда карданд, ки хулосаи тафтишотро ба дасти мо мерасонанд. Баъди он ба тамоми созмонҳои байналмилалӣ ва президенти Тоҷикистон муроҷиат мекунем.”

Додситонии ҳарбӣ таҳқиқ мекунад

Амаки Эҳсон гуфт, бародарзодааш як ҷавони болобанду ҳузарб ва “қадаш ду метр буд”. Моҳи майи соли гузашта ба хидмат даъват шуд ва дар муддати тақрибан як соли хидмат то мартабаи фармондеҳи гурӯҳ (командир отделения) расида буд. Хешовандонаш мегӯянд, дар давоми мӯҳлати хидмат Эҳсон ҳеҷ гоҳ аз шароити артиш ва ё вуҷуди хушунат шикоят накардааст.

Аз рӯи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, дар чаҳорчӯби таҳқиқи ҳодиса, ки аз ҷониби додситонии гарнизони низомии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст, як ҳамхидмати Эҳсон, ҷавони зодаи ноҳияи Файзобод ба унвони гумонбари содир кардани ин ҷиноят боздошт шудааст. Мақомот мегӯянд, ки танҳо бар пояи хулосаҳои тафтиши пешакӣ маълум мешавад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шавад, ё на. Аз рӯи баъзе иттилоъ, дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ чанд тан аз фармондеҳони қисми ҳарбии 06870 ҳам ба саволи муфаттишон посух медиҳанд.

Сабти даҳ ҳодисаи марги сарбозон дар артиш

Масъалаи марги мармуз ва куштори низомиён дар артиш яке аз ҳассостарин масоили хидмати сарбозӣ дар солҳои истиқлоли Тоҷикистон шудааст. Вуҷуди ҳодисаҳои меҳтарсолорӣ ё дедовшинаро, ки чанд сол пеш созмони “Ампаро” ҳамчун “як система” ё падидаи роиҷ дар артиш номида буд, аз сабабҳои аслии вуҷуди хушунат дар миёни низомиён медонанд.

Аз соли 2014 то имрӯз, дар гузоришҳои созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ 10 ҳодисаи марги сарбозон дар артиш сабт шудааст. Дар бисёре аз ин ҳолатҳо талоши волидону наздикон барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ин ҳодисаҳо зиёд натиҷа надодааст. Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, вуҷуди хушунат ва «дедовшина»-ро дар артиш шадидан маҳкум мекунанд ва талош доранд, аз роҳи дарсҳои тарбиявӣ ахлоқи ҳамидаи низомиро дар миёни сарбозон талқин кунанд.

Аммо бо ин вуҷуд, то ҳанӯз маҳз ба хотири хушунат ва таъминони заифи сарбозон ҷавононро ба хидмат дар артиш чандон дилгарм намекунад ва ин аст, ки бисёре аз ҷавонҳои 18 то 28-сола аз рӯи имконият талош мекунанд бо дохил шудан ба мактаби олӣ ва ё муҳоҷират ба Русия аз хидмат сарпечӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG