Сокини маҳаллаи "Ломоносов"-и собиқ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Исматулло Юсуфов мегӯяд, дар девори "Боғи шаҳидон"-и шаҳр номи ду писар ва 9 хешу ақрабои ӯ сабт шудааст.
Айвоҷ гармтарин минтақаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ҳароратсанҷ дар он ҷо аз 52 то 55 дараҷаи гармиро нишон медиҳад. Аммо сокинонаш дар чунин гармои тоқатфарсо даст аз кори саҳро набардоштаанд.
Занони тоҷик, ки аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ, маҳрумиятҳои ғурбат ва талхкомиҳои мотам гузаштаанд, дар худ нерӯе пайдо карданд ва зиндагии худу фарзандонашонро аз нав сохтанд.
Волидони чор марзбони тоҷик, ки аз асорати Толибон раҳо шудаанд, ба дидори фарзандони худ расиданд. Онҳо гуфтанд, эҳтимол баъд аз ташхиси вазъи саломатӣ писаронашонро ба онҳо супоранд.
Зане, ки аз дидани як зани дигар дар мошини ҳамсараш ба хашм омада буд, бо бензину гӯгирд ба коргоҳи шавҳараш омада, дар пеши чашми одамон худро оташ задааст.
Бисёре аз китобу достонҳое, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар бораи фармондеҳон эҷод шуда буданд, якбора аз рафи китобфурӯшиҳо дар Хатлон "ғайб" задаанд.
Муҳаббатшоҳ Азизов, сокини 61 солаи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, ки ҳафт соли пеш қавмгароёни рус сари писари ӯро аз тан ҷудо карда буд, гӯш ба занг аст, ки додгоҳи Русия чӣ ҳукм содир мекунад.
Вилояти Хатлон аз афзоиши содироти меваю сабзавоташ ба хориҷи кишвар, ба хусус Русия, Қазоқистон, Эрон, Афғонистон, Покистон ва Туркия хабар медиҳад.
Фарзандони Нозигул Азимова, сокини Қубодиён, ки аз сӯи ду келинаш ба қатл расида ва ҷасад ба дарё андохта шудааст, мегӯянд, онҳо дар ҷустуҷӯи модар Хатлону ноҳияи Рӯдакӣ ва Душанберо гаштаанд.
Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа, раиси шӯрои уламои Хатлон мегӯяд, ҷиҳоди воқеиро онҳое анҷом медиҳанд, ки дар ватан барои пешгирӣ аз дуздию бадахлоқӣ ҷадал мекунанд.
Дар ҳамоиши мардумие бо ширкати мақомоти давлатӣ, рӯҳониён, падару модарон ва ҷавонон дар шаҳри Қӯрғонтеппа филме намоиш дода шуд, ки аз нигоҳи офарандагонаш бояд аз ҷалб шудани ҷавонон ба ҷангҳо дар Сурия ва Ироқ пешгирӣ кунад.
Партовбӣ Боронова дар васиятномааш аз наздикони худ хостааст, қарзҳояшро пардозанд ва кӯдаконашро хуб тарбия кунанд. Вай ҳарфе дар бораи шавҳараш нанавиштааст.
Бар асари сел дар ноҳияи Қубодиён як нафар ҷони худро бохт, чандин тан маҷрӯҳ шуда, зиёда аз 70 хона пурра ё қисман тахриб шуданд.
Як сокини вилояти Хатлон аз мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дархост дорад, бо гузашти 18 рӯз аз ғарқ шуданаш писараш дар рӯди "Ҷӯи хонум" ҳадди ақалл ҷасади ӯро пайдо кунанд.
Ҳукумати Бохтар ва фарҳангистони ин ноҳия тасмим доранд, ки бо таҷлили 100-солагии Ҳақназар Кабуд, гурӯғлисарои машҳур, ин жарни қариб ба нестирафтаро дубора зинда кунанд.
Бо ташкили дастаи футбол ва сарҷамъ кардани дӯстдорони ин навъи варзиш, Наимҷони Сайдалӣ, овозхони ҷавони тоҷик мехоҳад, ҷавононро аз роҳи бад, мисли рафтан ба ҷанги Сурия, бозгардонад.
Як ҷавони сокини Шаҳритӯс, ки барои ширкат дар "ҷиҳод" озими Сурия шуда буд, аз ин амали худ пушаймон шуда ва ҳамакнун мехоҳад ба Тоҷикистон баргардад. Ӯ ҳоло дар Туркия қарор дорад.
Дар пайи марзшикании шаш мактаббача дар ноҳияи Носири Хусрав, волидонашон ба пардохти ҷарима муваззаф шуда, мудири мактаби рақами 3-и ноҳия "барои бемасъулиятӣ" аз кораш ронда шудааст.
Ноҳияи Носири Хусрав, ягона минтақаи бидуни ҷавонони ифротӣ дар водии Вахш унвон шудааст.
Ёфтҳои бештар