Маҳаллаи "Ломоносов"-и собиқ дар шаҳри Қӯрғонтеппа шояд ҷоест, ки ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97-и Тоҷикистон аз он сар шудааст. Мардуми ин маҳалла, ки дар наздикияш пойгоҳи нерӯҳои Шӯравии пешин воқеъ буд, бовар доштанд, ки "артиши СНГ" онҳоро ҳифз хоҳад кард ва ба даргирие дар ин минтақа роҳ нахоҳад дод. Аммо чунин нашуд ва тавре сокини деринаи ин гузар ва шоҳиди зиндаи ҷанги Тоҷикистон Исматулло Юсуфов мегӯяд, бо фанду фиреб, "бегонае тоҷиконро ба ҳам ҷанг андохт, кори худро кард ва гузашту рафт".
Ду писари Исматулло Юсуфов дар соли 1992 кушта шуданд. Баъд боз 9 нафар аз хешу наздиконаш, вале дар авҷи ин рӯйдодҳои хунин низ вай умедашро ба сулҳ аз даст надода буд. Дар як рӯз аз ин гузар наздик ба 200 нафар ба ҳалокат расиданд. "Умеду орзу бояд ҳамеша бо инсон бошад. Набояд ҳаргиз умедро гум кард. Мо ҳам умедвор будем, ки рӯзҳои сахт мегузаранд ва сулҳу оштӣ меояд, зеро ҳама як мардум будем ва як мардум ҳастем."
Дар девори ёдбуди маҳалла, ки акнун "Хатлон" гуфта мешавад, ному насаби даҳҳо нафар аз қурбониёни ҷанги дохилии Тоҷикистон сабт шудааст. Аммо амаки Исматулло Юсуфов мегӯяд, дар он ҷанг мардуми зиёде талаф шуд. "Одамони зиёде кушта шуданд. Аз сад ҳазор нафар бештар. Шукр сулҳу оштӣ ҳам омад. Ҷаноби олӣ сулҳ овард. Вай ба ҳамин ҷо омад ва ҳамаи онҳоеро, ки хешу наздиконашонро аз даст дода буданд, ҷамъ кард, маҷлис кард ва гуфт, даври сулҳ расидааст. Мо ба ин сулҳ шукр мегузорем."
Аз сӯҳбатҳои Исматулло Юсуфов аён мегардад, ки дарду доғи қатли ду писар ӯро тарк накардаанд ва ҳамчунон куштори хешовандон ва даҳҳо ёру дӯсту ҳаммаҳаллаҳояш. Аммо ӯ мегӯяд, дилро бояд аз кина пок кард. "Инсон набояд кина нигоҳ дорад. Ман ягон кина надорам. Бахшидам. Ҳамааш гузашт ва мо боз дидем, ки як мардумем, як халқем. Он рӯзҳо набояд такрор шавад..."