Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории мудир ва муҷозоти волидон барои марзшикании 6 наврас


​Дар пайи марзшикании шаш мактаббача дар ноҳияи Носири Хусрав, волидонашон ба пардохти ҷарима муваззаф шуда, мудири мактаби рақами 3-и ноҳия "барои бемасъулиятӣ" аз кораш ронда шудааст.

Додгоҳи ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон волидони шаш хонандаро, ки барои убури ғайриқонунии марзи Узбакистон боздошт ва баъди як рӯз аз ҷониби марзбонони кишвари ҳамсоя озод шудаанд, ба пардохти ҷарима муваззаф кард. Бар асоси ҳукми додгоҳи Носири Хусрав, волидони ду хонанда, ҳар кадоме ба пардохти 500 сомонӣ ва чаҳор нафари дигар ба пардохти 480 сомонӣ муҷозот шудаанд.

Мактаббачаҳо рӯзи 19 апрел ба тамошои кӯҳистон баромада, хостанд, аз майдони лолазор акс гиранд, ки зоҳиран қаламрави Узбакистон будааст. Марзбонҳои давлати ҳамсоя онҳоро дар ҳамин мавзеъ боздошт карданд.

Мурофиаи додгоҳии марзшиканҳои наврас 4 май дар Қасри фарҳанги ноҳия дар миёни мардум баргузор шуд, то барои дигар волидайн намуна шавад ва аз қонуншикании фарзандонашон пешгирӣ кунанд. Илова бар ин, ҳукумати ноҳияи Носири Хусрав Ойхон Хонимқулова -- мудири мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 3-и ноҳияро, ки ин шаш нафар дар он ҷо таҳсил доранд, ба хотири бемасъулиятӣ аз мақом озод намудааст.

Ин шаш нафар сокинони ҷамоати деҳоти “Фирӯза” - хонандагони синфи 10 - Боймурод Донаев, Шӯҳрат Маҳкамов, Охунҷон Раҳматуллоев, Рамазон Менглиқулов, Муслимбек Ҳамроев ва Ҷуманазар Абдиев будаанд, ки як шабро бо марзбонони узбак дар Узбакистон саҳар кардаанд.

Қутбиддин Достизода, додситони ноҳияи Носири Хусрав, 4 май ба Радиои Озодӣ гуфт, алайҳи волидайни ин шаш нафар хонанда бар асоси “Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” парванда боз намудааст. Ҷаноби Достизода мегӯяд: “Беназорат мондани бачаҳо аз хунукназарии падару модар нисбат ба тарбияи кӯдакон, инчунин бемасъулиятии муассисаҳои таълимӣ мебошад, ки бо кӯдакон кор намебаранд.”

Ҳарчанд мақомот волидайни хонандагонро дар бемасъулиятӣ муттаҳам медонад, аммо волидон мегӯяд, ки фарзандони онҳо намедонистанд, хатти марз аз куҷо мегузарад. Хонаводаҳои наврасҳо аз ҳукми додгоҳ, ки онҳоро ба супурдани маблағ муваззаф кардааст, норозӣ буданд. Онҳо иддао доранд, ки моддаи 90-и “Қонун дар бораи масъулияти падару модар” ҷарима барои ин ҷурм аз 40 то 120 сомонӣ аст, вале додгоҳ онҳоро ҷаримаи ба маротиб зиёд намудааст.

Мамат Раҳматуллоев, падари Охунҷон Раҳматуллоев, як хонандаи мактаб, ки ҳамроҳ бо панҷ ҳамсоли дигараш як шабро дар боздоштгоҳи марзбонҳо сипарӣ кардааст, гуфт: “Фарзандам ягон ҷинояте накардааст, аз суд пурсидам, ки тибқи моддаи 90 бояд 120 сомонӣ ҷарима мешуд, вале манро 480 сомонӣ ҷарима кардаанд, наметавонам пардохт кунам.”

Додситонӣ сабаби то 500 сомонӣ боло рафтани ҷаримаро ба сангин будани ҷурми наврасҳо, яъне марзшиканӣ рабт дода.

Шӯҳрат Маҳкамов, як нафар аз гурӯҳи хонандагон аз деҳаи Муродтеппаи ҷамоати деҳоти “Фирӯза” аст, ки рӯзи 19 апрел соати 7 субҳ бо ҳамсинфонаш барои тамошо ба кӯҳ баромада ва аз он тарафи симхор, ки зоҳиран марзи Узбакистон будааст лолазореро дида аккосӣ кардаанд. Шуҳрат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо дар ҳоле дарк карданд, дар хоки сарзамини худ нестанд, ки марзбонҳои узбак онҳоро боздошт ва то рӯзи 20 апрел бозпурсӣ карданд.

Ин хонандагон, ки ҳамакнун волидайнашон барои бемасъулиятӣ ҷарима мепардозанд гуфтаанд, мақомот телефонҳои онҳоро, ки онҷо аксҳои лолазори марзи Узбакистон бардошта шудааст, то ҳол барнагардондаанд.

Бозоргул Саидова, муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав ба Радиои Озодӣ гуфт, марзшиканӣ ҷинояти ҷиддист, ки хонандагони мактаби рақами 3-и ин ноҳия анҷом додаанд, аммо мақомоти амниятии Тоҷикистон ҳамтоёни узбаки худро мутақоид сохта ин хонандагонро ба ноҳияи Шаҳритус ва аз он ҷо ба Носири Хусрав баргардонидаанд. Хонуми Саидова мегӯяд, мардум дар ин ноҳия дар мавриди хатари марзшикани маълумот надорад ва омӯзгорон муваззаф шудаанд, ки дар вохӯриҳои худ бо мардум дар бораи хатари марзшиканӣ ва ҷиноят будани он маълумот диҳанд.

Тоҷикистон дар вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва ноҳияи Турсунзода бо Узбакистон марзи муштарак дорад ваҳодисаи убури ғайриқонунии марз аз ҷониби шаҳрвандони ду кишвар дар манотиқи сарҳадӣ гоҳ-гоҳ рух медиҳанд. Дар гузашта ҷавононе наврас ва чӯпонҳои вилояти Суғд чандин моҳро дар боздоштгоҳи Узбакистон пушти сар карда ва дар пайи музокироти ҷонибҳо ба Тоҷикистон баргарштанд. Узбакистон аз кишварҳои минтқаи Осиёи Марказӣ аст, ки авоили солҳои 2000-ум бо ҳамсоякишварҳои худ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Қирғизистон виза ҷорӣ кард.

XS
SM
MD
LG