Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фотима мегӯяд, "ақаллан мурдаи писарамро ёфта диҳед..."


Фотима Ниёзова
Фотима Ниёзова

Як сокини вилояти Хатлон аз мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дархост дорад, бо гузашти 18 рӯз аз ғарқ шуданаш писараш дар рӯди "Ҷӯи хонум" ҳадди ақалл ҷасади ӯро пайдо кунанд.

Фотима Ниёзова, сокини ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ, ки писари 8-солааш - Илҳомҷон дар рӯдхонаи "Ҷӯи хонум"-и шаҳри Қӯрғонтеппа ғарқ шудааст, бештар аз ду ҳафта боз шабро бо умеди дарёфти ҷасади фарзандаш дар канори ин дарёча рӯз мекунад. Ӯ солҳо боз аз ҳамсараш ҷудост ва дар ошхонаи "Водии вахш" дар маркази вилояти Хатлон кор мекунад, ки ин дарёча дар паҳлӯи ошхона ҷойгир аст.

Ниёзова мегӯяд, писари ҳаштсолааш бояд имсол ба мактаб мерафт ва азбаски дар манзили иҷораашон дар Қӯрғонтеппа танҳо мемонд, ночор ӯро ҳам ба ҷои кор меовард. "Чун ҳарвақта дар ошхона машғули дегу табақшӯӣ будам. Чун рӯзии мо аз ҳамин ҳисоб аст. Ӯ дар беруни ошхона бозӣ мекард ва намедонам дар кадом ҳолат ба дарёча афтода, рафтааст,"--мегӯяд ӯ.

Ин сокини 33-солаи Ҷалолуиддини Румӣ мегӯяд, бо гузашти бештар аз ду ҳафта ба зинда мондани писараш бовар надорад, аммо бисёр мехоҳад, ки мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳадди ақалл ҷасади ӯро барояш пайдо кунанд. Ба қавли вай, бархе аз сокинон дар сӯҳбат гуфтаанд, ки ҷасади писарашро дидаанд ва он рӯи об мерафт: "Баъзеҳо ҷасадро дидаанд. Рӯзҳои аввал бовар доштам, ки зинда аст ва бо ёрии мардум аз об берун мебарояду ба пешам меояд. Аммо баъд аз чунин нақли сокинон умедам канда шудааст."

Талаби модари Илҳомҷон аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:33 0:00

Дар ҳамин ҳол, масъулони Идораи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон мегӯянд, ҷараёни оби "Ҷӯи хонум" тез аст ва ғаввосҳо дар ин шароит наметавонанд ба Фотима Ниёзова барои ҷустуҷӯи ҷигарбандаш кумак намоянд. Ба қавли онҳо, бояд барои ҷустуҷӯи ҷасад пеши роҳи об гирифта шавад, ки барои ин дастури раиси вилояти Хатлон зарур будааст.

Ҳотамшо Шарифов, сардори Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, оби ин дарёча ба чанд ноҳияи минтақаи ҷануби кишвар тақсим мешавад ва дар мавсими баҳор пеши роҳи онро бастан метавонад ба киштзори сокинон зиён расонад ва аз ин рӯ ин тасмим дар сатҳи болои вилоят ҳал мешавад. Ӯ гуфт, "мо низ мехоҳем ҷасади ин писарро ёфта ба модараш диҳем. Аммо дар мавриди гирифтани пеши роҳи об бояд бигӯям, ки дар паси он ҳаёти одамон ва киштзорҳо меистад. Ҳамаи онҳо бояд заминашонро обёрӣ кунанд ва эҳтимол бастани пеши роҳи об ба баъзе киштзорҳои ноҳияҳои минтақа зиён расонад."

Фотима Ниёзова мегӯяд, ки шахсан ба раиси вилояти Хатлон барои бастани пеши роҳи "Ҷӯи хонум" муроҷиат накардааст ва хабар ҳам надорад, ки ин кор бояд дар чунин сатҳи боло ҳал шавад. Аммо ӯ мегӯяд, 18 рӯз пеш, дар пайи ба дарёча ғарқ шудани писараш мақомоти ҳолатҳои фавқулодаро огоҳ карда, аз онҳо кумак хоста буд.

"Ба Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ муроҷиат кардам, ки писарамро аз об бароред. Ақаллан мурдаашро ба ман диҳед, вале касе кумак намекунад. Дар канори ҳамин об хаста шудаам ва намедонам мурдаашро аз куҷо пайдо кунам,”-мегӯяд ӯ. Ҳоло Фотима Ниёзоваро дар ин шабу рӯзҳои барояш мушкил хоҳараш Майсара ҳамроҳӣ дорад.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз сокинон хостанд, дар мавсими баҳору тобистон фарзандонашонро нагузоранд, ба ҷойҳое бираванд, ки барои оббозӣ ё шино пешбинӣ нашудааст. Ҳар сол дар рӯду дарёҳои Тоҷикистон чандин нафар ғарқ шуда, ҷони худро аз даст медиҳанд. Махсусан чунин ин ҳолатҳо дар дарёи Сир ё Сайҳуни шаҳри Хуҷанд бештар мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG