Вақте ки тирҳо ба оби Омӯ бархӯрда, фавворачаҳоеро ба ҳаво мепошиданд ва зери ин борони марг Назрбӣ Қурбонова бо се тифл ва ҳамсараш дар болои камераи саллаи мошин сӯи соҳили афғон шино мекард, вай ҳамагӣ 24-сола буд. Ҳанӯз саҳнае аз пеши назараш дур намешавад, ки чӣ гуна ҳамсари ӯ тир хӯрд ва аз лаби балон ба рӯди Омӯ лағжид. Назрбӣ натавонист, ҷисми шавҳарашро боло кашад, ӯро раҳо карда, се кӯдакашро ба оғӯш кашид ва дигар ба қафо нанигарист.
Ҷанги шаҳрвандӣ Назрбӣ ва даҳҳо ҳазор сокини Тоҷикистонро ба Афғонистон ронд. Танҳо сулҳи соли 1997 имкон дод, ки онҳо пас аз чаҳор соли гурезагӣ ба ватан баргарданд. Вақте Назрбӣ ба деҳаи худ омад,
Сокини деҳаи Чуянчии ҷамоати "Сайёд"-и ноҳияи Шаҳритус, Назрбӣ Қурбонова ҳоло 47 сол дорад ва ҳамон тавр, ки хонаи валангорашро баъди бозгашт ба ватан дубора бино кард, ҳамин тавр баъди ҷанг худашро дигарбора сохт. Ӯ аз як зани хонашини оилаи суннатӣ, ки бе шавҳараш ба кӯча намебаромад, ба як соҳибкори муваффақ табдил шуд. Назрбӣ 17 гектар замин дорад, ки дар онҳо аз меваву сабзавот то пахтаву гандум кишт мекунад ва 15-20 нафари дигарро бо ҷойи кор таъмин кардааст.
Вай мегӯяд, ки ӯ бо шикастани қолабҳои суннатӣ тавонмандиҳои дигари як зани тоҷикро нишон дод: "Мардонавор қадам мондам, дар деҳаи мо занон намехонданд, аввалин шуда ман аз занони деҳот кор кардам. Ҳама ба ман бо чашми дигар менигаристанд ва ошкоро таъна мезаданд, ки ту бо мардҳо дар мактаб кор мекунӣ, рафта, дар хона шин, мисли ин гапҳо. Баъдан ман тавонамро дар хоҷагидорӣ санҷидам, деҳқон шудам, соҳиби хонаю дари обод шудаам," -- мегӯяд Назрбӣ Қурбонова.
Аксари саҳҳомони хоҷагии деҳқонии ӯ занонанд, баъзеи онҳо мисли Назрбӣ шавҳарони худро дар ҷанг аз даст додаанд ва якбора аз занҳои хонанишини суннатӣ ба ноновари хонадон табдил шудаанд. Назрбӣ Қурбонова мегӯяд, ки дар хоҷагии деҳқонии ӯ зиёда аз 20 нафар аз беваҳои замони ҷанг кор мекунад, музд мегиранд ва боз аз меваҳои боғ, сабзавоту ғалладонаи замин соҳиби ҳақ мешаванд.
Зайналбӣ Азизова, зани 50-сола аз ҳамсояҳои Назрбӣ аст, ки низ шавҳараш дар ҷанг кушта шуд. Вай баъди бозгашт аз Афғонистон солҳо зиндагии сангин дошт. Ҳоло даҳ сол мешавад, ки ӯ дар хоҷагии деҳқонии "Хайрхоҳ"-и Назбӣ кор мекунад.
Занҳои ҷамоати "Сайёд" мегӯянд, касе ба андозаи онҳо ба қадри ваҳдати миллӣ намерасад, зеро онҳо дар авҷи ҷавонӣ бева шуданд, талхии ғурбатро чашиданд, марги фарзандонро диданд. Ҳамаи ин занҳо нисбат ба синну соли худ ҳудудан даҳ сол бузургтар ба назар меоянд.
Махфират Сайраҳмонова, зани 45-солаи ин деҳкада бо онки ҷанги шаҳрвандӣ ба хонадони онҳо зарбаи шадид зада, ҷони се бародари ӯро рабуд, тавонист, дар сафи пеши бонуҳои соҳибкори минтақаӣ ҷойгоҳ пайдо кунад. Махфират, роҳбари хоҷагии деҳқонии "Идибек", дар чандин озмуни ҷумҳуриявӣ баранда шудаааст. Ӯ аз нахустин занҳои ин деҳа аст, ки барои таҷрибаомӯзӣ ба Амрико ва Аврупо сафар кардааст.
Фарзанди Махфират ҳамсоли ҷанги шаҳрвандист ва ҳар боре хотираҳоро тагу рӯ кунанд ва дар бораи таваллуди фарзанди аввалаш сӯҳбат равад, ашк мерезад. Махфират мегӯяд, ваҳдат онҳоро дубора ба зиндагӣ баргардонд. “Ман дар солҳои ваҳдат таҳсил кардам, роҳбари хоҷагии деҳқонӣ шудам ва соҳиби ҷоизаҳои зиёд гардидам, ҳамин ваҳдат буд, ки мо занони деҳот қадамҳои устувор гузоштем, ваҳдат чашми моро боз кард. Аммо он рӯзҳои мудҳиш, ки фирорӣ шудем ҳаргиз фаромуш намешавад, чун наздиконамонро аз даст додем, доғи фарзандони падар ва наздикони дигар шифо намеёбад,” -- мегӯяд Махфират Сайраҳмонова.
Бо вуҷуди дарду андӯҳи солҳои гузашта ин занҳо ҳамеша ба пеш менигаранд. Ҳоло Назрбӣ Қурбонова бо як ширкати чинӣ шартномаи ҳамкорӣ имзо кардааст ва Махфират дар садади ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли меваҳои хушк аст. Мисли онҳо ҳудудан 50 зани дигар аз деҳаи Чуянчӣ азизони худро дар ҷанг аз даст додаанд ва ҳатто намедонанд, ки гӯри онҳо дар куҷост.
Раҳматулло Нораков, раиси ҷамоати деҳоти "Сайёд"-и ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, ки дар ҷанги панҷсола аз ин ҷамоат наздики 300 нафар кушта шудаанд, ки дар байни онҳо занону кӯдакон низ буданд.
Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки соли 1992, чанд моҳ пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аз тазоҳуроти тарафдорон ва мухолифони давлати комунистии вақт дар Душанбе шурӯъ шуд, бо мудохила аз хориҷ панҷ сол идома кард. Рӯёрӯиҳои шадид дар водии Вахш, минтақае, ки Назрбӣ ва Махфират дар он таваллуд шудаанд, ҷараён гирифт. Теъдоди қурбониёни ин ҷанг даҳҳо ҳазор ҳисоб шудааст.