Пурсиши хабарнигори Радиои Озодӣ нишон дод, ки раисони навоҳии Хатлон ҳамеша дар кунҷе аз дилашон тарс доранд, аммо тарси онҳо аз тарси сокинони оддӣ фарқ мекунад.
Агар дар гузашта арӯс ба хонаи домод бо сандуқи молу матоъ ва кӯрпаву болин ё мизу курсию ҷевон меомад, акнун дар чанд деҳаи дурдасти кӯҳистонӣ тақдими қуттиҳои пур аз занбӯри асал ба навхонадорон расм шудааст.
Дар ҳоле ки масъулони қисми ҳарбии 2803-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтаанд, ки Нуралӣ Ҳайдаров дар об ғарқ шуда, ҷон додааст, вале наздиконаш мегӯянд, ки дар пешонаи ӯ пайи тирро дидаанд.
Овозхони тоҷик Рустам Маҳмадов, маъруф ба Рустами Сарбандӣ, барои иштироки бидуни шартномаш дар тӯйи яке аз сокинони шаҳри Сарбанд ба пардохти ду ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф шудааст.
Шералӣ Саидов, маъруф ба "Шерчангол" - аз аъзои пешини Ҷабҳаи Халқии водии Вахш ба 9 солу 5 моҳи зиндон маҳкум шуд. Мақомот мегӯянд, ин бори дувум аст, ки ӯ равонаи зиндон мешавад.
Кӯҳансолтарин дарахтҳо дар вилояти Хатлон, ки аз 100 сол бештар умр доштаанд, ҳамчун мероси табиӣ таҳти ҳифозати вижаи ҷангалбонҳо қарор мегиранд.
Як сокини ноҳияи Шаҳритус бо таҳияи санади тақаллубӣ худро корманди Оҷонсии мубориза бо фасод муаррифӣ карда ва 20 ҳазор доллари сокини дигари ин минтақаро ба яғмо бурдааст.
Мақомоти гумруки вилояти Хатлон дар баробари чанд китоби “сеҳру ҷоду” китоби “Фоли Ҳофиз”-ро низ ҳамчун адабиёти мамнӯъ, мусодира карданд.
Корвони мошинҳои пурбори кӯмакҳои мардуми Хатлон рӯзи 22 июл ба самти Бадахшон ҳаракат кард.
Дар Қубодиён аз ҳар довталаби зиёрати Хонаи Худо даъват шудааст, ки қабл аз таҳияи ҳуҷҷатҳои сафари Ҳаҷ, ба зарардидагон аз сел дар деҳаи Заркамар 1200 сомонӣ кумак намоянд.
Даҳҳо ноболиғи хатлонӣ ҳамроҳи хонаводаҳояшон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави террористӣ пайваста, дар қаламравҳои ҷангии кишварҳои хориҷӣ қарор доранд.
Додситонии вилояти Хатлон дар ним сол нисбати 158 нафар бо иттиҳоми даст доштан дар тақсими ғайриқонунии замин парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Модари Ҳусейн Содиқов аз раисиҷумҳур хост, ки барои раҳоӣ ва ё ҳадди ақалл кам кардани мӯҳлати ҳабси писараш кумак кунад. "Қорӣ Ҳусейн" барои ҷалби ҷавонон ба Сурия 18 сол зиндонӣ шудааст.
Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа ба иллати қарздорӣ аз Идораи андоз, парвозҳояшро мутаваққиф карда ва даҳҳо кормандонашро рухсат додааст.
700 зан аз вилояти Хатлон дар як муроҷиатнома аз занҳои кишвар даъват кардаанд, ки аз пайвастани фарзандон ва хешу таборашон ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҷилавгирӣ кунанд.
Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон ба занони ҳомила ҳушдор додааст, ки дар рӯзҳои гарми тобистон, ки ҳарорат аз 47 дараҷа болост, аз эҳтиёт кор бигиранд, то ба саломатии худ ва тифлони дар батнашон буда, осебе нарасад.
Додгоҳи ноҳияи Шаҳритус шахсеро, ки ба иттиҳоми ҷалби ҷавонони тоҷик ба Сурия ва роҳбаладии онҳо то Туркия боздошт шуда буд, ба 18 соли зиндон маҳкум кард.
Дар пайи ҷанги ду хонавода дар деҳаи Маданияти ҷамоати деҳоти "Ваҳдати миллӣ"-и ноҳияи Қумсангир дар ҷануби Тоҷикистон, як нафар кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шудаанд.
Ба дунболи ҳушдори Вазорати тандурустӣ аз шиддати гармо дар охири моҳи июн, пизишкони ноҳияи Бохтар аз афзоиши бемориҳо дар байни кӯдакони ва маргу мири баъзеи онҳо хабар доданд.
Маъмурони пулиси ноҳияи Қубодиён ба таҳқиқи худкушии як ҷавони ҳаждаҳсола пардохта, дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Ёфтҳои бештар