Дар ҳоле, ки асарҳои Ҳофизи Шерозӣ, ғазалсарои бузурги тоҷику форс ба барномаи таҳсили макотибу донигоҳҳои кишвар шомил шудааст ва садҳо олим аз рӯи асарҳо ӯ рутбаи докторӣ гирифтаанд, кормандони гумруки Хатлон вуруди онро ба кишвар хатарнок мешуморанд.
Масъулони Идораи гумруки вилояти Хатлон мегӯянд, ки китоби “Фоли Ҳофиз”- ро ҳамроҳи асаре бо номи “"Нақши Сулаймонӣ" дар гузаргоҳи Панҷи Поён, дар бағоҷи шаҳрвандони Афғонистон кашф карданд. Хадамоти гумрук мегӯяд, ки ин китобҳо бо ҳадафи фурӯхтан вориди Тоҷикистон шуданд.
Файзиддин Қосимов, як масъули Хадамоти гумруки вилояти Хатлон рӯзи 22 июл гуфт, ки “ин китобҳо моҳияти сеҳру ҷоду доранд ва ворид карданашон ба қаламрави Тоҷикистон бар асоси қонунҳои амалкунанда мамнӯъ аст.”
Ба гуфтаи ин масъули Хадамоти гумруки вилояти Хатлон, китобҳои "Нақши Сулаймон" ва "Фоли Ҳофиз"- ро Аҳмад Фозилҷон ва Муҳаммад Ҷовид -- ду шаҳрванди Афғонистон мехостанд ба қаламрави Тоҷикистон ворид кунанд.
Файзиддин Қосимов мегӯяд, ташхиси идораи дини вилояти Хатлон маълум кардааст, ки ин ду китоб бо забони дарӣ ва ҳуруфи форсӣ дар Кашмири Ҳиндустон нашр шудаанд. "Ин китобҳои шубҳаноканд, маънии сеҳру ҷодуро дорад. Инҳо дар Кашмири Ҳиндустон бо забони дарии афғони навишта шудааст. Мазмуни ин китобҳо ҷоду кардан, гарму хунукӣ кардан будааст"- гуфт масъули гумруки Хатлон.
Алайҳи ин ду шаҳрванди Афғонистон, ки ҳоло дар боздошт ҳастанд, тибқи моддаи 579, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, парванда боз шуда ва баррасии аъмоли онҳо дар додгоҳи ноҳияи Қумсангир давом дорад.
Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2007 ба ин тараф фаъолияти фолбину ҷодугарҳоро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон карда, аз вуруди китобҳои “сеҳру ҷоду” ҷилавгирӣ кардааст. Моҳи октябри соли гузашта мақомоти гумрук дар гузаргоҳи Панҷи Поён дар марз бо Афғонистон ҳангоми тафтиши бағочи Бибишарифа Қаршибекова, як сокини ноҳияи Панҷ се китоби машкукро пайдо кардаанд. Мақомот мегӯянд, аз вуруди китобҳои “сеҳру ҷоду” ба ин хотир пешгирӣ мекунанд, ки шаҳрвандони кишвар ба доми фолбину муллоҳо наафтанд.
Аммо маълум нест, ки “Фоли Ҳофиз”- мунтахаби ашъори ин шоири бузури тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ, ки дар Тоҷикистон низ ӯро эҳтиром мекунанд ва миллионҳо эронӣ дар шаби соли нав- Наврӯз бо ғазалҳои ӯ барои худ фол мекушоянд, чӣ тавр ба рӯйхати китобҳои мамнӯъ шомил шудааст.
Рустами Тағаймурод, адабиётшинос ва устоди Донишгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, ривоятҳои зиёде дар бораи "Фоли Ҳофиз" шунида мешавад, аммо ӯ ин китобро борҳо хонда ва аслан сеҳру ҷодуро дар он мушоҳида накардааст. “Ривояте аст, ки сари қабри Ҳофиз духтарон рафта мегӯяд, ки агар Ҳофиз зинда мебуд, кадоми моро мегирифт. Китобашро боз карда мехонад, ки ман хоҳони руи хуши ҳамаи шумоям. Ин китобро дар Эрон ҳамагӣ мехаранд, аслан чизи динӣ ё зиёноваре надорад, зиён аз ҳамин худи муллоҳо аст, на аз китобҳо"- мегӯяд ин донишманди тоҷик.
Умарҷон Сафаров, як масъули шӯъбаи дини вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки вурӯди "Фоли Ҳофиз" дар қатори даҳҳо китоби дигар ба қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ шудааст. Ӯ мегӯяд, " Мо дар мазҳаби Имоми Аъзам ҳастем ва фолро мо инкор мекунем. Расули Худоро мепурсанд, ки охири дунё кай аст? Мегӯяд, ки ҷуз Худо касе намедонад. Дар ин комиссияи мо, ки зиёда аз 10 нафар аст, таҳлил мекунем. Шахсе, ки аввал ин китобро ворид мекунад, бояд андеша кунад, ки идеологияи бегонаро таблиғ накунад, қонун онҳоро ҷазо медиҳад. Мо зиёд андеша мекунем, ки агар касе шикоят кард, исбот карда тавонем."
Зимнан, ба иттилои масъулони Хадамоти гумруки вилояти Хатлон, дар ду соли ахир даҳҳо китобҳои “шубҳанок” –ро аз шаҳрвандони Афғонистон мусодира кардаанд, ки қасди вуруд ба Тоҷикистонро доштанд.
Соли 2013 аз шаҳрвандони Афғонистон китобҳои "шубҳанок", назири "Канзул-ул-Ҳусайн", "Ганҷинаи амалиёт","Тим-тимӣ", "Ҷавоҳири таъвизот" ва "Хазинаи таъвизот" мусодира шуда буд, ки ташхиси давлатии диншиносони Кумитаи дин муайян кардааст, ки ин китобҳо таблиғгари сеҳру ҷоду буда ва ба инсонҳо зиёни ҷисмонӣ мерасонад. Аммо бори аввал аст, ки “Фоли Ҳофиз” – ашъори ин шоири суфӣ, ки дар асри 14 зиндагӣ кардааст, дар феҳраси китобҳои хатарнок ҷой гирифтааст.