Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа Шералӣ Саидови 52-сола, яке аз аъзои собиқи Ҷабҳа ё Фронти Халқии водии Вахшро, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ бо лақаби "Шерчангол" маъруф буд, аз озодӣ маҳрум кард. Шералӣ Саидов ба доштани силоҳи ғайриқонунӣ ва тиҷорати маводи мухаддир гунаҳкор дониста шуд.
Манобеи додгоҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳукми "Шерчангол" ҳафтаи гузашта эълон ва ӯ барои барои 9 солу 5 моҳ равонаи зиндон шудааст. Шералӣ Саидов моҳи феврали соли ҷорӣ аз ҷониби раёсати Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди президенти кишвар дар Хатлон боздошт гардид.
Раёсати Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Хатлон авоили соли ҷорӣ аз хонаи Шералӣ Саидов як туфангчаи "Макаров"-ро низ бо як тирдон дарёфт карда буд. Инчунин, баъди кофтукоб аз манзили ӯ наздик ба ним кило афюн пайдо намуданд.
Ҷонмаҳмад Қаюмов, муфаттиши раёсати ин Оҷонсӣ рӯзи 27 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки алайҳи Шералӣ Саидов тибқи моддаи 195, қисми 1, яъне ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташнишон, моддаи 200 қисми 3, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор парванда боз шуда буд. Ҷонмаҳмад Қаюмов мегӯяд, "Шерчангол, собиқ узви Фронти Халқӣ соли 2000 барои роҳзанӣ, авбошӣ бо истифода аз яроқ низ зиндонӣ шуда буд. Тибқи қонун дар бораи афв соли 2007 ба озодӣ баромад, аммо ба хулосаи даркорӣ набаромада, боз ҷиноят содир кард."
Ба гуфтаи манбаъ, Шералӣ Саидов, ки сокини ҷамоати деҳоти "Бохтариён"-и ноҳияи Бохтар мебошад, аз ҷумлаи силоҳбадастоне будааст, ки дар чандин харобкориҳо даст доштааст.
Аммо Олуфта Саидова, ҳамсари Шералӣ Саидов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди поёни ҷанги шаҳрвандӣ шавҳараш яроқҳои доштаашро супурда буд ва дар хона силоҳ надошт, вале ӯро бо тӯҳмат аз озодӣ маҳрум кардаанд. Олуфта Сайдова мегӯяд, ки хонаводаи онҳо аз ҳукми баровардаи додгоҳ шикоят накардааст: "Дар дасти шавҳарам ман яроқ надидаам. Вақте, ки ҳамроҳи Файзалӣ Саидов буд, силоҳ дошт, аммо баъдан бурда супурданд. Аз одамҳои Файзалӣ Саидов ҳамин як шавҳари ман мондааст, ки бояд несташ кунанд. Шавҳарам афюнро дар захмҳои баданаш мемолид. Ҳоло ин захмҳояш дард мекунад, вазъияташ чандон хуб нест."
Мардуми ҷамоати деҳоти "Бохтариён"-и ноҳияи Бохтар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Шералӣ Саидов аз дӯстон ва ҳамсангарони Файзалӣ Саидов, фармондеҳи Фронти Халқӣ дар минтақа буд ва аз мардуми ин деҳа пуштибонӣ кардааст. Ба гуфтаи ҳамдеҳагони Шералӣ Саидов, ӯ то оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар мактаб омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ буд ва даҳҳо ифтихорнома дошт.
Солҳои 1992-97, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистон даҳҳо ҷангсолори маҳаллӣ дар минтақа тохтутоз мекардад, аммо мақомот онҳоро як-як баъди содир намудани ҷиноятҳо равонаи зиндон намуд. "Шерчангол", ки он солҳо ҷон ба саломат бурд, баъдан дар чандин ҷиноят даст дошто ва ҳоло маротибаи дувум зиндонӣ шуд.
Тобистони соли гузашта додгоҳи вилояти Хатлон Тоҳир Тешаев, ки дар миёни мардум бо лақаби "Тоҳир Сиёҳ", "Тоҳири ланг" ва "Тоҳир рэкет" шинохта мешуд, ба мӯҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум намуд. "Тоҳири сиёҳ", раҳбари гурӯҳи силоҳбадастони ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппа, аз ҳамяроқони Файзалӣ Саидов, яке аз раҳбарони маъруфи Фронти Халқӣ буд.