Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи парвозҳо аз фурудгоҳи Қӯрғонтеппа (ВИДЕО)


Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа ба иллати қарздорӣ аз Идораи андоз, парвозҳояшро мутаваққиф карда ва даҳҳо кормандонашро рухсат додааст.

Хушвақт Сафаров, муовини раиси Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа рӯзи панҷшанбеи 9 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, сабаби мутаваққиф шудани парвози ҳавопаймоҳо аз ин фурудгоҳ, ба мушкилоти молии фурудгоҳ бастагӣ дорад. Ба гуфтаи ҷаноби Сафаров, мизони қарзи фурудгоҳ дар назди Идораи андози вилояти Хатлон маблағи беш аз 80 ҳазор сомонӣ ё муодили ҳудуди 15 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ба ин далел, ҷаноби Сафаров мегӯяд, даҳҳо корманди фурудгоҳро ба рухсатии дарозмудати бемузд фиристодааст. Дар натиҷаи мутаваққиф шудани парвозҳо аз ин фурудгоҳ, 200 нафар ё 80 дарсади кормандони фурудгоҳ ба рухсати бемузд фиристода шудаанд.

Зимнан, Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа баъди солҳои бефаъолиятӣ соли 2010 дубора ба кор даромада буд ва асосан ширкати “Ист Эйр”-и Русия дар як ҳафта аз 8 то 16 парвозро ба шаҳрҳои Маскав, Санг Петербург, Новосибирск ва Самара анҷом медод.

Аммо пас аз яку ним соли фаъолият боз парвозҳо дар ин фурудгоҳ мутаваққиф гардиданд. Моҳи октябри соли 2014 масъулони фурудгоҳ сабаби қатъ шудани хатти парвозро дар анҷом расидани шартнома ба ширкати ҳавопаймоии Русия унвон карда буданд. Пас аз як моҳ парвозҳо дар ин фурудгоҳ дубора аз сар гирифта шуданд, аммо ҳамакнун як моҳ боз фаъолияти фурудгоҳ мутаваққиф шудааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди Хушвахт Сафаров, муовини раиси Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа, 90 дарсади муҳоҷирони минтақаи Қӯрғонтеппа аз ҳамин фурудгоҳ истифода мекарданд.

Қатъи парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Қурғонтеппа
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Дар ҳамин ҳол бо гузашти чор сол аз судури ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нисбати ду халабони "Ролканд Инвестмент ЛТД", ҳанӯз ҳам ҳавопаймоҳои мусодирашуда дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа дар ҳабс нигоҳдорӣ мешавад.

Мақомоти фурудгоҳи Қӯрғонтеппа мегӯянд, ҳанӯз ҳам сарнавишти ин ҳавопаймоҳои ширкати Ролкан, ки ба суди давлати Тоҷикистон мусодира шуданд, дар ҳоли беҳаракатӣ дар майдони ҳавоии ин фурудгоҳ нигоҳ дошта мешаванд ва дар ин чор сол аслан мавриди истифода қарор нагирифтаанд. Манбаъ афзуд, ки вазъи техникии ҳавопаймоҳои ҳавопаймоҳои навъи АН-72 бад буда, ба кор андохтани онҳо берун аз имкон ба назар мерасад.

8 ноябри соли 2011 додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳои ширкати хориҷии "Ролкан Инвестмент ЛТД" - Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстонияро бар асоси се банди кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла қочоқ, убури ғайриқонунии марз ва нақзи меъёрҳои байналмилалии парвоз муҷрим дониста, ҳар якеро ба муҳлати 8,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Додгоҳ ҳамчунин ду ҳавопаймои навъи АН-72 ва муҳаррике, ки 1 миллиону 88 ҳазор сомонӣ арзиш дошт ва мансуб ба ширкати "Ролкан Инвестмент ЛТД" буд, ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира кард.

XS
SM
MD
LG