Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги ду авлод дар Қумсангир: як куштаву чаҳор захмӣ


Идораи пулиси ноҳияи Қумсангир.
Идораи пулиси ноҳияи Қумсангир.

Дар пайи ҷанги ду хонавода дар деҳаи Маданияти ҷамоати деҳоти "Ваҳдати миллӣ"-и ноҳияи Қумсангир дар ҷануби Тоҷикистон, як нафар кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шудаанд.

Дар як муноқишаи байни ду авлод дар ноҳияи Қумсангир як марди 53-сола кушта шудааст. Аз гурӯҳи ҳамлагар, ки зоҳиран хонаводаи Муҳриддиновҳо буданд се нафар боздошт шуда, феълан дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доранд ва мақомот онҳоро бозпурсӣ мекунанд.

Як мақоми ҳукумати ноҳияи Қумсангир рӯзи чоршанбеи 1 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари ҷанги ду хонаводаро тасдиқ кард ва гуфт, ки мақомоти қудратӣ ба тафтиши ҳодиса шурӯъ кардаанд. Ҷанги гурӯҳӣ бо ширкати 100 намозгузор ва 50 ҳамлагар шаби 28 июн баъди анҷоми намози таровеҳ дар саҳни масҷид рух додааст.

Ҳуҷумкунандаҳо аз миёни 100 намозгузори масҷид, ки баъди таровеҳ ба хонаҳои худ роҳӣ буданд, ба Хисрав Муҳаммадови 63-сола, муаззини ин масҷид ҳамла карда ба сараш бо оҳан куфтанд ва ӯро аз пой афтоданд. Муҳаммадов дар роҳ ба сӯи бемористон ҷон додааст. Дар ҷараёни занозанӣ се писари Хусрав Муҳаммадов ва як бародарзодааш захмҳои мухталиф бардошта, дар бемористони ноҳияи Қумсангир бистарӣ шуданд.

Шокир Сайдмуҳиддинов, раиси маҳаллаи Маданият, ки дар вақти сар задани ин ҳодиса дар масҷид будааст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зарардидаҳо Сулаймон, Аминҷон ва Ҳасан ва Муъминҷон Муҳаммадовҳо буданд. Шокир Саймуҳиддинов мегӯяд, "Ин ду хонавода миёни худашон як муноқиша доштанд, дар ин ҳодиса чор нафар захмӣ шудаанд. Як нафараш, ки ҷоғаш ва дигаре дасташ шикастааст, дар бахши махсуси беморхона мебошанд. Ин ду хонавода ба якдигар талаб гузоштанд, ки бояд яке аз онҳо аз деҳа баромада равад, ҳоло намедонем, ки оқибати ин кор чӣ мешавад."

Сокинони деҳаи Маданият, ки шоҳиди ҳодиса буданд, мегӯянд, азбаски ҳамлагарон бо чӯбу оҳан мусаллаҳ буданд, онҳо ҷуръат накарданд, ки онҳоро аз ҳам халос кунанд. Бо ин ҳам пулис аз сокинони деҳаи Маданият баёнот гирифтааст. Додарҷон Муҳаммадови 34-сола, яке аз 7 писари Хисрав Муҳаммадов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷанҷол дар пайи хусумати кӯҳнаи ду хонавода сар задааст.

"Сабабаш ин аст, ки соли гузашта як писари амакам бо бачаҳои хонаводаи Муҳриддинов футболбозӣ карда буд. Футбол ба ҷанг печид ва боиси кинаи ду хонавода шуд. Дар Рамазони имсола бошад, муаззини масҷид, Хисрав Муҳаммадов, ҳамоне, ки кушта шуд, ҳангоми рӯзакушоӣ ба табақи хонаводаи Муҳриддиновҳо гӯшти кам гузошт. Ин бор гӯшти кам боиси хархаша дар байни ду тараф шуд ва саҳари дигар хонаводаи Муҳриддинов дар намози бомдод аз мо талаб карданд, ки аз деҳа баромада равем, вагарна моро мекушанд. Бовар накардем, фикр кардем, ки асабӣ шудаанд. Бегоҳӣ навбати хӯрок аз мо буд, ки отала бурдем, вале онҳо набуданд, тоза намозро шурӯъ кардем, ки онҳо оҳиста - оҳиста омаданд. Дар миёни онҳо як нафар хешовандашон, ки пулис буд ва Умар ном дошт, падарамро зада кушт"- иддао кард Додарҷон Муҳаммадов.

Додарҷон мегӯяд, ӯ низ аз зарби калтак осеб дид ва натавонист падарашро муҳофизат кунад, зеро тарафи ҳамлагар бо занҷиру арматур ва калтак мусаллаҳ буд.

Аз беморхонаи ноҳияи Қумсангир низ иттилоъ додаанд, ки чаҳор маҷрӯҳи ин задухӯрд таҳти назорати духтурон қарор доранд. Ба гуфтаи масъулони беморхонаи Қумсангир, як нафар, ки ҷоғаш шикастааст, дар бахши эҳёгарӣ ё реаниматсия нигаҳдорӣ мешавад. Пулиси ноҳияи Қумсангир бо баҳонаи дар тафтиш будани қазия аз додани маълумот дар бораи ин ҳодиса, ки дар он як нафар кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шудаанд, худдорӣ кард.

Зимнан, гурӯҳе, ки ба хонаводаи Муҳаммадовҳо ҳамла кардаанд, бародарон Мақсуд, Баҳромиддин ва Анвар Муҳриддиновҳо будаанд, ки ҳоло дар боздошт қарор доранд. Дар баробари бародарон пулис даст доштани аъзои дигари хонавода, корманди пулис Умар Муҳриддиновро бозҷӯӣ мекунад, вале ӯ то ҳол боздошт нашудааст.

Ба гуфтаи сокини деҳаи Маданияти ҷамоати деҳоти "Ваҳдати миллӣ"-и ноҳияи Қумсангир, ин ду хонавода аз табақаи миёнаҳол буда, зоҳиран даъвои моливу пулӣ надоштанд. Аз як баҳси сода сар задани хусумат дар миёни ин ду хонаводаро раиси ноҳия Фотеҳ Аминзода низ тасдиқ кард ва ба хотири ҷилавгирӣ аз паёмад он, бо ин ду хонавода сӯҳбат анҷом дод.

XS
SM
MD
LG