Рӯзи якшанбе, 23-уми январ, ҳазорон нафар дар пойтахти Тунис раҳпаймоӣ карда, истеъфои ҳукуматро тақозо намуданд.
Раиси сиёсати хориҷаи ИА мегӯяд, кишварҳои абарқудрати ҷаҳон аз музокироти дурӯзаи Истамбул бо Эрон "дилсард" шудаанд.
Эҳдоси шабакаи интиқоли барқи Тоҷикистон ба Покистон бо номи CASA-1000 дар ин рӯзҳо дубора сари забонҳо омадааст.
Духтари Уладзимир Ниакляев-номзади нерӯҳои мухолифони Беларус дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар, ки рӯзи интихобот бераҳмона латукӯб шуд, аз кишварҳои аврупоӣ боздид мекунад, то ҳимояти ин кишварҳоро аз мухолифони Беларус ҷалб кунад.
Пешбинӣ шудааст, ки соли ҷорӣ мақомоти муҳоҷиратии Тоҷикистону Русия дар бораи реадмиссия қарордоде имзо кунанд. Дар сурати имзои ин қарордод, ҷониби Тоҷикистон маҷбур хоҳад шуд, ки муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷикро бо пули худ аз Русия ба Тоҷикистон баргардонад.
Интизор меравад, ки дар соли 2011 миёни Тоҷикистону Русия қарордод дар бораи реадмиссия" ба имзо расад. Чунин қарордод миёни Русия ва Иттиҳодияи Аврупо вуҷуд дорад ва Русия муҳоҷирони ғайриқонунии худро аз ҳисоби худ аз кишварҳои аврупоӣ ба Русия бармегардонад.
Ахиран дар деҳаи Бешқунғайи наздикии Бишкек даргирие ба вуқуъ пайваст ва дар он ду ҳамлавар ва се корманди гурӯҳи вижаи пулиси ин кишвар кушта шуданд. Кумитаи амнияти ин кишвар эълон кард, ки дар ин даргирӣ "Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ" ширкат доштааст.
Сокина Муҳаммади Оштиёнӣ, зани эронӣ, ки ба муҷозоти эъдом маҳкум шудааст, имрӯз дар шаҳри Табрез ба назди рӯзноманигорон баромад ва гуфт, "бисёриҳо" аз парвандаи ӯ сӯйистифода мекунанд.
Дар моҳи октябри соли ҷорӣ Додгоҳи олии Русия "Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия"-ро баст. Дастури манъи ин созмон бо дархости вазорати адлияи Русия сурат гирифта, Иттиҳоди тоҷикистониён дар нақзи қонунҳо айбдор мешавад.
Соли 2010 барои муҳоҷирони корӣ дар Русия пур аз мушкилот буд. Бӯҳрони молӣ дастмузди муҳоҷиронро коҳиш дод, фишор ба мардуми ғайрирус бештар гашт ва Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия мамнӯъ эълон шуд.
Бонки Осиёии Рушд дар стротегияи ҳамкориҳои худ барои солҳои 2010-2014 навиштааст, 60 дарсади занони Тоҷикистон дар бахшҳои кишоварзӣ ва бахшҳои ғайрирасмӣ кор мекунанд ва василаи мӯътамади рӯзгордорӣ надоранд.
Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия, хабари бархе аз расонаҳо дар бораи кушта шудани 10 тоҷик дар рӯзҳои тазоҳуроти миллатгароён дар Маскавро рад кард. Ӯ гуфт, марги ин шаҳрвандон ба низоъҳои қавмӣ дар ин кишвар рабт надорад.
Аз замоне, ки ҳукумати Озарбойҷон бастани рӯсарӣ дар донишгоҳҳоро мамнӯъ эълон кард, садҳо нафар донишҷӯдухтарони ин кишвар аз рафтан ба донишгоҳ худдорӣ кардаанд.
Рӯзи 11-уми декабр дар шаҳри Петербург гурӯҳи миллатгароёни руси мусаллаҳ бо кордҳо ба як ҷавони тоҷик бо номи Фирдавс Юсупов ҳамла карданд. Чолокии Фирдавс ӯро аз марг наҷот дод ва бо 8 зарби корд ӯ зинда монд.
Раъйгирӣ барои интихоботи раиси ҷумҳури Беларус аз бомдоди имрӯз оғоз шуд. Александр Лукашенко, ки 16 соли ахир зимоми умури ин кишварро дар даст дорад, ҳамчунон хоҳони мондан бар сари қудрат аст.
Парлумони Қирғизистон бо аксарияти оро Алмосбек Ҳотамбоев, раиси Ҳизби сотсиал-демократро раҳбари ҳукумати Қирғизистон интихоб кард. Алмосбек Ҳотамбоев дар даврони президентии Қурмонбек Боқиев чанд муддат нахуствазири Қирғизистон буд.
Тасмими Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, дар бораи ихроҷи Манучеҳр Муттакӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон, аз таркиби кобинаи ин кишвар ғайримунтазира ва бераҳмона буд.
Рӯзноманигорони рус ба таври густарда дар бораи номаҳои электронии маҳрами дипломатҳои Амрико, ки WikiLeaks ифшо кардааст, мақолаҳо ба нашр мерасонанд. Аз ин мақолаҳо на ҳамаи онҳо ба воқеияти ҳол мутобиқат мекунанд.
Дар давоми як моҳи ахир дар шаҳри Ӯш чаҳор зани ҷавони узбакро афроди номаълум дар маҳаллаи узбакнишини шаҳр рабудаанд ва баъд аз се ё чаҳор рӯз онҳоро дар қисматҳои мухталифи шаҳр дар кӯча раҳо кардаанд.
Тоҷикистон аз тасмими хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, дар сурати аз Афғонистон берун шудани нирӯҳои эътилофӣ ҳукумати Тоҷикистон маҷбур мешавад, ки хароҷоти марбут ба ҳифозати марзро зиёд кунад.
Ёфтҳои бештар