Ева Ниакляева дар Литваву Маҷористон ва дар ҷумҳурии Чех бо вазирони ин кишварҳо дидор ва гуфтугӯ кард ва мехоҳад маҳофили байналмиллалӣ ба саркубии мухолифони сиёсии давлати Беларус аз тарафи мақомоти интизомии ин кишвар вокуниш нишон диҳанд.
Ева ба радиои Озодӣ гуфт: "Ба мо гуфтанд, ки Лаҳистон қадамҳои ҷиддӣ хоҳад бардошт ва яке аз кишварҳое хоҳад буд, ки дар Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Беларус мавзеъгирии қотеъ хоҳад дошт".
Дар ҳоле, ки номзадҳои мухолифон мавриди шиканҷаву азият қарор гирифтанд, Александр Лукашенко иддао кард, ки дар интихобот 80 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овардааст.
Вазорати корҳои хориҷаи Лаҳистон эълон кард, ки аз гирифтани ҳақи раводид ё визо барои шаҳрвандони Беларус ба нишонии ҳамраъйӣ даст мекашад ва минбаъд шаҳрвандони Беларус ба таври ройгон раводиди Лаҳистонро дарёфт мекунанд. Варшава ҳамчунин ба нақша гирифтааст, ки моҳи оянда барои баррасии роҳҳои кӯмак ба Беларус, конфронсе баргузор хоҳад кард.
19-уми декабри соли гузашта тақрибан 600 нафар, аз ҷумла 9 номзади мухолифон ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар ҷараёни раҳпаймоиҳои баъдазинтихоботӣ боздошт шуданд. Тақрибан 10 000 нафар барои эътироз бар зидди тақаллуб дар натиҷаҳои интихобот ба майдони Октябри Минск рехтанд. Пулис бераҳмона тазоҳуркунандагонро пароканда кард ва бисёре аз ширкаткунандагонро шаллоқ зад, ки дар миёни онҳо Ниакляев низ буд.
Ҳоло вай ва 4 нафари дигарро барои созмон додани тазоҳуроти пурҷамъият муттаҳам медонанд. Ниакляев бо ҷароҳатҳои мухталиф дар бемористон бистарӣ шуд, вале афроди номаълум вайро аз бистари беморӣ ба зиндон интиқол доданд. Ева гуфт, падари вай дар зиндон аз ҳуш рафтааст ва наздик будааст, ки аз фишори поини хун ҷон диҳад. Ҳоло ҳам саломатии вай хуб нест.
Ева мегӯяд: "Мо ҳамеша талош дорем, ки вайро ба бемористон интиқол диҳем, зеро воқеан аз вазъи саломатии вай нигаронем. Мо ҳоло на танҳо аз раҳоии вай тарс дорем, балки аз ҳаёти вай низ метарсем".
Ева Ниакляева гуфт, ки вай имрӯз 11-уми январ ба Олмон сафар хоҳад кард, то бо мақомоти расмии Олмон низ мулоқот кунад ва чигунагии вазъро ба онҳо низ расонад.