Ҷаноби Достиев зимни як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар мавриди беназмиҳои ахир дар Маскав гуфт: "Ман боварӣ дорам, ҳукумати Русия қодир аст, ки аз ин гуна падидаҳои номатлуб ҷилавгирӣ кунад. Лекин чанде қабл дар назди сафорат ҳам кормандони сафорат ва ҳам кормандони мақомоти расмӣ, ба хусус намояндагии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар умури муҳоҷират дар Русия ҷамъ шуда ба хулосае расидем, ки ба тамоми ҳамватанонамон, ки имрӯз дар Русия сукунат доранд, хоҳиш кардем, то ба ин муноқиша ҳамроҳ нашаванд. Гузашта аз ин, аз сайру гашти бевақт худдорӣ кунанд. Шукри худо, ки дар ин ошӯбҳо, дар ин бесарусомониҳо ҳамватанони мо осеб надиданд, ба ғайр аз оне, ки як нафар аз вилояти Суғд дар метрои назди Кохи Кремл аз вагон баромадааст ва чанд сартарошида ба вай ҳамла кардаанд ва вай беҳуш ба беморхона бурда шудааст. Кормандон рафта бо вай сӯҳбат карданд. Ёд надорад, ки ин корро кӣ кардааст. Лекин саломатиаш нағз, мо бо табибон дар тамос ҳастем. Нағз шудааст, имрӯз ё фардо мебарояд".
Суол: -Абдулмаҷид Салимович, дар робита бо ҳамин мавзӯъ дар матбуот баъзе рақамҳо ба чашм мехӯрад, ки гӯё...
А. Достиев: -Ман дар ҳамин бора ҳозир гуфтанӣ ҳастам. Мо гуфтем, ки бародарон, мо ба ин ҷо барои кор омадем. Барои таҳсил омадем, ба дасисаҳои касе ҳамроҳ нашавед, ин ошӯбҳо кори дохилии ин кишвар аст ва проблемаҳои шаҳрвандони ин кишвар бо ҳукумати худашон аст. Лекин дидам, ки як рӯзнома дар Тоҷикистон мақолае чоп карда гуфтааст, ки гӯё дар ин рӯз 10 нафар аз Тоҷикистон дар ин ҳодисаҳо кушта шудаанду тобути онҳоро ба Тоҷикистон интиқол додаанд. Инро дида баромадем. Аз ҳамин 10 нафар аз 2-юми декабр то 10-уми декабр, яъне як рӯз пеш аз бесарусомониҳо 5 нафараш аз беморӣ дар бемористонҳои Маскав, Санкт Петербург, Екатеринбург ва Новосибирск фавтидаанд. 3 нафари дигар дар ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот аз рӯи техникаи бехатарӣ фавтидаанд. Инчунин як нафари дигарро поезд пахш кардааст.
Суол: -Яъне бо беназмиҳое, ки ахиран дар Маскав рух дод, аслан иртибот надорад?
А. Достиев: - Ягон иртибот надорад. Як зан худкушӣ кардааст. Ин ҳам 6-уми декабр будааст. Вале воқеаҳо рӯзи 11-уми декабр рух дод. Рӯз дар миён ё ҳар рӯз тавссути ҳавопаймо ё поезд як ё ду тобут фиристода мешавад. Шумори зиёди мардумамон дар ин ҷо дар муҳоҷират қарор доранд. Дар садамаҳо ё аз беморӣ дармегузаранд. Ду нафари онҳо барои табобат аз Тоҷикистон омада буданд ва дар беморхонаи ин ҷо даргузаштанд.
Суол: - Дар матбуоти Русия хабаре ба нашр расидааст, ки то 20-уми октябр гӯё 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва то ба ҳамин рӯзҳои ахир 12 нафари дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҷурми узвият дар Ҳизбуттаҳрир боздошт ва онҳоро муттаҳам кардаанд, ки онҳо гӯё адабиёти Ҳизбуттаҳрир ва моддаи мунфаҷира доштаанд ва мехостаанд, роҳи оҳанро тарконанд. Вале созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар дар Русия ин иддаоро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин гуна иттиҳомот бофта аст. Шумо чӣ назар доред, назари сафорат дар ин бора чӣ аст?
А. Достиев: -Мо бо ин машғулем. Зиёда аз як моҳ қабл 9 нафарро боздошт карда буданд. Гӯё онҳоро бо моддаи тарканда ва шомил будан дар Ҳизбуттаҳрир боздошт кардаанд. Гуфта буданд, ки гӯё аз рӯи фарши хонаи зисти онҳо моддаи таркандаи пошидагӣ ёфтаанд. Ин иддао дар бораи сохта будани ин кор гувоҳӣ медиҳад. Ба фикрам, моддаи таркандаро дар як ҷо нигоҳ медоранд, на дар рӯи фарши хона онро мепошанд. Пас аз як моҳ 13 нафари дигарро дастгир карданд. Ҳамагӣ 22 нафар шуд. Гӯё онҳо мехостаанд, ки пули роҳи оҳанро тарконанд, яке аз пулҳои калони Маскавро тарконанд ва ҳамин хел... Мо бо ин масъала машғул шудем. Имрӯз танҳо се нафари онҳо мондаанд, дигаронро ҷавоб доданд.
Суол: - Яъне гуфтан мумкин аст, ки чунин иттиҳомоте, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон баста мешавад, гоҳ-гоҳе сохтаву бофта ҳам ҳаст?
А. Достиев: - Сохтаву бофта ҳам ҳаст, бофта ҳам ҳаст. Ин кор қабл ҳам буд, имрӯз ҳам ҳаст. Баъзе кормандони бевиҷдон дар ҳама соҳа, дар ҳама ҷо буданд, ҳастанд ва мутаассифона мемонанд. Мактубҳо менависем, ки чаро ҳамон соати боздошт шудани шаҳрвандони мо ба сафорат иттилоъ намедиҳед ва баъди чанд рӯз ё баъзан баъди як ҳафта хабар медиҳед.
Суол: - Матбуоти Русия навишт, ки вақтҳои охир дар назди консулгарии Тоҷикистон дар Маскав шумораи зиёди муҳоҷироне ҷамъ мешаванд, ки ҳуҷҷатҳояшон дуруст нест ва мехоҳанд барои бозгашт ба ватан шаҳодатномаи бозгашт бигиранд. Чун Русия кишвари паҳновар аст ва барои омадан ба марказҳое, ки Тоҷикистон дар он ҷойҳо консулгарӣ дорад, мисли Маскав, Санкт-Петербург ва Екатеринбург, роҳ дур аст. Оё имкон надорад, ки сафорати Тоҷикистон дар баъзе аз шаҳрҳо ба ҷамъиятҳои тоҷиконе, ки худи сафорат ба онҳо эътимод дорад ва онҳо ҳам бо ниҳодҳои интизомии минтақаи худашон ҳамкории наздик доранд, иҷоза диҳад, ки онҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳодатномаи бозгашт диҳанд?
А. Достиев: - Имрӯз аз бисёр ҷиҳат ҳамин хел ҳам ҳаст. Дар дигар консулгариҳо ё сафоратҳои кишварҳое, ки имрӯз дар Русия дар Маскав қарор доранд, ҳар як нафар бевосита бояд худаш ба сафорат ё консулгарӣ омада бояд ҳуҷҷатҳояшро таҳия кунад. Ба ҳамин нигоҳ накарда, мо маҷбур шудем ба созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон иҷоза диҳем, ки шаҳодатномаи бозгашт диҳанд. Ҳоло дар Маскаву Екатеринбург консулгарӣ дорем. Ба ғайр аз он, дар Санкт-Петербургу Калининград ва Карелия консулгариҳои ифтихорӣ дорем. Чанде пеш бо пешниҳоди раҳбарони ҷамъиятии тоҷикистониёне, ки дар Русия ҳастанд, бечуну чаро ҳуҷҷатҳоро тахт карда, ба намояндагони он ташкилотҳои ҷамъиятӣ медодем, ки бурда ба ҳамватанонамон диҳанд. Лекин падидаҳои нохубе ҳам пеш омад, аз он сарзаниш ҳам дидем. Ду нафари онҳо шаҳрвандони ҳам кишварҳои ҳамсояи Шӯравии собиқ ва ҳам шаҳрвандони Афғонистонро ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон рӯйхат карда, ба консулгарии мо фиристоданд. Вале ин одамон аз тарафи мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар он ҷо дастгир шуданд. Аз ин лиҳоз на ба ҳамаи онҳо боварӣ дорем. Бо вуҷуди ин санҷидан даркор. Зарурати омадани ҳама ба сафорат ё консулгарӣ нест. Тавассути ташкилотҳои ҷамъиятӣ онҳоро санҷида, ҳуҷҷатҳоро мефиристем.