Ҷониби Покистон гуфтааст, ин тарҳ метавонад барқи арзонро аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон интиқол диҳад ва бояд барои омӯзиши бартариҳои ин тарҳ дар Покистон як гурӯҳи корӣ ташкил шавад.
Сафири Тоҷикистон дар Покистон мегӯяд, ширкати канадагии "SMS Навалин" таҳияи ин тарҳро бар ӯҳда гирифтааст ва сармоягузории он аз сӯи Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломӣ сурат мегирад ва мумкин аст Бонки Осиёии Рушд низ дубора ба ин тарҳ баргардад.
Вале дар баробари Тоҷикистон кишварҳои дигари минтақа низ талош доранд, ки дар Покистон барои судури барқи худ бозор пайдо кунанд. Дар гуфтугӯе Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Покистон гуфт, эҳтимол дар ояндаи наздик барои оғози корҳои марбут ба эҳдоси ин хатти интиқоли барқ тендер ё озмун эълон шавад.
Зубайдулло Зубайдов: Ҳарчи зудтар оғоз намудани ин тарҳ ба фоидаи кишварҳои минтақа аст. Ин тарҳ бояд аз Қирғизистону Тоҷикистон оғоз шавад ва то ба Афғонистону Покистон бирасад. Ин хатти 500 киловат нерӯи барқро ба Покистон интиқол медиҳад. Шабакаи марбут ба Тоҷикистон аз нерӯгоҳҳои барқи обии Роғуну Сангтӯда шурӯъ мешавад ва дарозии он 700 километрро ташкил медиҳад.
Ин тарҳро Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки исломӣ ва пештар Бонки Осиёии Рушд низ дастгирӣ мекард, вале бо "кӯмак"-и баъзе ҳамсояҳо, Бонки Осиёии Рушд аз ин тарҳ баромад ва ҳоло омода аст, ки бори дигар ба ин тарҳ баргардад. Ин тарҳро ширкати канадагии "SMS Навалин", ки яке аз ширкатҳои маъруф дар ин бахш аст, тарҳрезӣ кардааст ва, ба фикри ман, мумкин аст моҳҳои наздик кор дар ин бахш ба итмом расад. Сипас, тендер эълон мешавад ва сохтмон ҳам шурӯъ хоҳад шуд.
Суол: Ҷаноби Зубайдов, бубинед, дар бозори дохилии Покистон барои таъмини аҳолӣ бо барқ рақобат зиёд аст. Барои мисол, кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Эрон, мехоҳанд, ки барои судури барқи худ дар Покистон бозор пайдо кунанд. Фикр намекунед, ки агар сохтмони тарҳи CASA-1000 ба таъхир афтад, ин бозорро Тоҷикистон метавонад аз даст бидиҳад?
Зубайдулло Зубайдов: Албатта, мо бояд дар ин кор хеле фаъол бошем. Ба таъхир афтодани сохтмони тарҳ боис ба мушкилиҳои зиёд мешавад ва мумкин аст ин тарҳ аз даст биравад. Ба ҳар ҳол, ин бозори озод аст. Покистон тақрибан аз 7 то 10 ҳазор мегаватт ба барқ ниёз дорад. Фикр мекунам, ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон ва ҳар кишвари дигаре, ки майл дорад, метавонад барқи худро ба Покистон содир кунад. Вале то кунун тарҳи аз ҳама муфид барои Покистон тарҳи CASA-1000 аст, ки дар ин кишвар бисёриҳо аз он пуштибонӣ мекунанд. Сохтмони CASA-1000 ҳарчи зудтар шурӯъ шавад ва олимони Покистон моро дастгирӣ карданд, ки дар бораи CASA-1000 бояд як гурӯҳи корӣ ҳам дошта бошем. Ин гурӯҳи корӣ ба мардуми минтақа бояд дуруст фаҳмонад, ки CASA-1000 барномаи барои кишвар муфид аст ва сохтмони он барои ҳамаи кишварҳои минтақа фоида дорад.
Суол: Дар ин авохир дар матбуот хабаре ба нашр расид, ки гӯиё роҷеъ ба наҷоти баҳри Арал як комиссия ташкил ва он боис ба норизоятӣ дар баъзе доираҳои дипломатии минтақа шудааст. Шумо дар ин бора чӣ назар доред ва асли матлаб чӣ аст?
Зубайдулло Зубайдов: Дар мақолае дар ин бора чунин навишта буданд, ки гурӯҳи корие ташкил шудааст ва ба он донишмандону намояндагони порлумон ва афроди маъруфи Покистон шомиланд ва ҳадафи онҳо наҷоти Арал аст. Ҳадаф ин буд, ки ҳамаи нерӯгоҳҳои бузург, ки дар минтақа сохта мешаванд, ин гурӯҳ зидди он аст. Яъне ин ҷо сад дарсад нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар назар аст. Вале дар асл, дар ин бора касе сӯҳбат накардааст. Ин мақола комилан аз рӯи ғараз аст. Ман бо тамоми намояндагоне, ки дар он мақола аз онҳо ном бурда шудааст, сӯҳбат кардам. Институте ҳам номбар шуда буд. Ин институт хусусӣ аст. Он нафаре, ки дар мақола аз вай нақли қавл карда буданд, гуфтаҳои мақоларо рад кард. Вай ҳатто аз мо узр пурсид.