Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯистифода аз розҳои маҳрамонаи Wikileaks


Рӯзноманигорони рус ба таври густарда дар бораи номаҳои электронии маҳрами дипломатҳои Амрико, ки WikiLeaks ифшо кардааст, мақолаҳо ба нашр мерасонанд. Аз ин мақолаҳо на ҳамаи онҳо ба воқеияти ҳол мутобиқат мекунанд.

Масалан, бино ба навиштаи маҷаллаи "Русский Репортёр", хуруҷи дастҷамъонаи дипломатҳои ғарбӣ аз толори СММ ҳангоми суханронии Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон дар сентябри соли 2009 гӯё кори аз қабл барномарезишудаи Вошингтон будааст. "Русский Репортёр" бо такя ба маводи WikiLeaks, ки 2-юми декабр ба нашр расид, иддао мекунад, ки гӯё мақомоти расмии Амрико дар остонаи суханронии Аҳмадинажод ба намояндагони кишварҳои аврупоӣ муфассал машварат додаанд, ки кай ва чӣ тарз бояд толорро тарк кунанд. Вале "Русский Репортёр" барои ин иддаои худ намунае пешниҳод накардааст.

Коршиносон ҳамаи маводи мунташираи WikiLeaks-ро мутолеа кардаанд ва дар ин бора дар маводи WikiLeaks нуктае пайдо накардаанд. Бо назардошти чунин намуна, коршиносон ба хулосае расидаанд, ки баъзе нашрияҳо гӯё аз қавли WikiLeaks таблиғоти худро низ пеш мебаранд.

Юлия Латинина, рӯзноманигорони рус дар бораи дурустии чопи ин мақолаи "Русский Репортёр" аз қавли WikiLeaks изҳори шубҳа мекунад:

"Мушкилии хурд ин аст, ки бояд чунин намунаҳо дар телеграммаҳо ё номаҳои электронӣ таъйид шуда бошад, вале чунин телеграммаҳо чоп нашудаанд ва чунин иддао ба қавле дар ҳаво муаллақ мемонад".

Гузашта аз ин, WikiLeaks ба чанд дархост дар бораи ҳамкориаш бо маҷаллаи "Русский Репортёр" посух надод. Ин маҷалла иддао мекард, ки бо WikiLeaks ҳамкорӣ дорад. Вале он гуна, ки худи WikiLeaks ҳам гуфта буд, вай барои чопи иттилооти маҳрамонаи худ танҳо бо чаҳор расонаи хабарӣ, яъне бо "Гордиан"-и Британия , "Ле Монд"-и Фаронса, "Эл Пейс"-и Испания ва "Шпигел"-и Олмон ҳамкории мустақим дорад.

Намунаи дурӯғи расонаҳои хабарии Русия дар бораи мулоқоти маҳрамона ва пасипардагии Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо дипломатҳои амрикоӣ низ дар маводи WikiLeaks пайдо нашуд ва чун ин хабар тайид нашуд, акнун чунин ба назар мерасад, ки ин хабар низ шояд аз бофтаҳои навбатии худи расонаҳои Русия аст.

Чанд нашрияи покистонӣ низ мисли "Русский Репортёр" даст ба чунин сӯистифода задаанд. Онҳо гӯё бо истифода аз номаҳои маҳрамонаи электронӣ навиштаанд, ки дипломатҳои амрикоӣ аз Ҳиндустон интиқод кардаанд ва гуфтаанд, ки Ҳиндустон аз бунёдгароёни исломии кишвари худ ҳимоят мекунад ва ба тундравҳои исломӣ дар Покистон кӯмак мерасонад. Нашрияи "Express Tribune"-и Покистон дар сафҳаи аввали худ дар шумораи 10-уми декабр барои чопи ин хабар узрхоҳӣ кард ва навишт, ки ин хабарро бидуни таъйид чоп кардааст.

Эътирозҳои бештар бар зидди маводи маҷаллаи "Русский Репортёр" ба чашм мехӯрад, ки роҷеъ ба ҷанги моҳи августи соли 2008-и Русияву Гурҷистон дар ба чоп расондааст. Леонид Велихов-сардабири рӯзномаи "Совершенно Секретно" дар ин бора чунин мегӯяд:

"Вақте, ки ман ин сафсатаро дар бораи рӯйдодҳои Гурҷистон хондам, зуд ба сомонаи ин номаҳои маҳрамона ворид шудам ва дидам, ки ин як чизи комилан дурӯғ аст ва бофта."

Гӯё дар номаҳои дипломатҳои Амрико омадааст, ки Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури Гурҷистон ҷангро оғоз кардааст. Аммо дар номаҳои ифшошудаи WikiLeaks ин нукта комилан баръакс аст. Виталий Лейбин, сардабири маҷаллаи "Русский Репортёр", ки аз ҷониби Кохи Кремлин ҳимоят мешавад, мегӯяд, ки ин маҷалла қасдан хонандагонро ба гумроҳӣ набурдааст, вале Лейбин эътироф кардааст, ки баъзе иштибоҳҳо ҳангоми чопи маводи WikiLeaks рух додаанд.

"Бале, ба мо зарур аст, ҳамаи номаҳоеро, ки хулосаҳои моро таъйид мекунад, ба нашр расонем, то ки дар ин бора баҳсҳо пеш наояд, он ҳам вақте, ки WikiLeaks барои чопи ин мавод ба мо иҷоза медиҳад".

Дар муқоиса бо "Русский Репортёр", нашрияҳои дигари ҳамкор бо WikiLeaks аз қабили "Гордиан"-и Британия , "Ле Монд"-и Фаронса, "Эл Пейс"-и Испания ва "Шпигел"-и Олмон замони чоп ва феҳристи номаҳои маҳрами электрониро барои нашри ҳамзамон бо ҳам машварат мекунанд, ки гувоҳи ҳамкориашон бо WikiLeaks аст.
XS
SM
MD
LG