Чунин тасмими ҳукумати дунявии Озарбойҷон, боиси эътирози баъзе аз қишрҳои ҷомеа шудааст, ҷомеае, ки беш аз пеш дар он ифтихороти мазҳабӣ роҳ меёбад.
Ангезаи сиёсии масъалаи ҳиҷоб
Дар ҷомеаи Озарбойҷон, ки аксарияти мардумро мусулмонон ташкил медиҳанд, ин масъала тадриҷан ангезаи сиёсӣ гирифтааст. Чунин равиш метавонад тундгароии мазҳабиро доман занад.
16-уми декабр, ҳангоми баргузории рӯзи Ошуро дар деҳкадаи Нордорон дар наздикии шаҳри Боку, ҳазорон нафар бар зидди мамнӯъияти пӯшидани ҳиҷоб шиор медоданд. Ҳатто яке аз раҳбарони мазҳабӣ аз онҳо хост, ки ҳар мусулмон бояд барои ҳифзи муқаддасоти динии худ ба шаҳодат омода бошад.
"Бо ман бихонед: Беҳтар аст мо барои ҳифзи ҳиҷоб ҷон бидиҳем. Вале танҳо гуфтани ин суханон кофӣ нест. Шумо воқеан бояд барои ҳифзи эътиқодоти мазҳабии худ ба шаҳодат омода бошед".
Боку бо мамнуъияти пӯшиши ҳиҷоб мехоҳад ба либоси мактабӣ ва донишгоҳии давраи Шӯравии пешин баргардад. Вале ҳуқуқдонон ва фаъолони ҳифзи ҳуқуқ низ садо баланд кардаанд ва мегӯянд, ки ҳукумат ҳақ надорад пӯшидани либоси исломӣ дар мактабҳову донишгоҳҳоро мамнӯъ эълон кунад, зеро дар Қонуни Асосии Озарбойҷон чунин маҳдудият пешбинӣ нашудааст.
Вусала Қулиева аз ҷумлаи садҳо нафарест, ки баъд аз манӯъ эълон кардани ҳиҷоб дар донишгоҳҳо, ба мактаб намеравад. Вай дар синфи 11-уми яке аз мактабҳои Боку дарс мехонад:
"Ман ҳеҷ гоҳ ҳиҷоби худро аз сар намегузорам. Онҳо барои мамнуъияти ҳиҷоб, ба мо ҳеҷ санади расмӣ нишон надодаанд. Ман дастури шифоҳии онҳоро намефаҳмам ва ба он итоат ҳам намекунам".
Нороҳатии волидон аз мамнуъияти ҳиҷоб
Баъд аз изҳороти Мисир Мардонов-вазири маорифи Озарбойҷон дар бораи муқаррароти нав либоси мактабӣ, баъзе падару модарон низ дар ин кишвар аз мамнуъияти ҳиҷоб изҳори нороҳатӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, ки чунин маҳдудият дар ягон қонун пешбинӣ нашудааст ва наметавонад ҷорӣ шавад. Баъзе аз падару модарон ҳатто барои духтарони худ мактабҳои хусусиеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки дар он ҷойҳо пӯшиши ҳиҷоб мануъ нест.
Аммо баъзе аз шахсони расмӣ, мисли Алӣ Аҳмадов мегӯянд, бояд духтарон ва падару модарони онҳоро муттақоид сохт, ки ба мактаб бо ҳиҷоб наоянд.
"Мо бояд бовар кунонем, ки духтарони мо бо ҳиҷоб ба мактаб наоянд. Фарқ надорад, ки дар ин бора дастур шифоҳӣ аст ё хаттӣ содир шудааст".
Нозим Маликов- яке аз волидон низ аз ин ақида ҷонибдорӣ мекунад ва мегӯяд:
"Дар дастури вазир гуфта шудааст, ки ҳиҷоб метавонад барҳам дода шавад. Вай нагуфтааст, ки ҳиҷоб бояд якбора барҳам дода шавад".
Мухолифати миёни давлат ва диндорон дар Озарбойҷон дар ҳоле афзоиш меёбад, ки Илҳом Алиев-раиси ҷумҳур ба муқаррароти дунявии давраи Шӯравӣ дар ин кишвари 96 дарсад мусулмон пойбанд аст.
Озодиҳои мазҳабӣ дар Озарбойҷон маҳдуд шудааст
Вазорати корҳои хориҷаи Амрико дар гузориши солонаи худ дар бораи озодиҳои мазҳабӣ навишт дар Озарбойҷон маҳдудияти мазҳабӣ ташдид меёбад. Мисли даврони Шӯравӣ, дар ин кишвар масҷидҳо сабти ном мешаванд ва онҳоро сахт зери контрол нигоҳ медоранд.
Дар гузориши солонаи вазорати корҳои хориҷаи Амрико омада буд, ки дар давоми сол дар Озарбойҷон шуморе аз масҷидҳо баста шуданд. Чунин маҳдудият дар кишварҳои дигари Шӯравии собиқ низ мушоҳида мешавад. Қабл аз Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон низ ин роҳро тай карданд.
Вазъ мушобеҳ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон дар давоми се соли ахир баҳсҳо пиромуни манъи ҳиҷоб идома дорад. Ҳатто Давлатмоҳ Исмоилова, донишҷӯи ҳиҷобпӯш се соли пеш, дар моҳи августи соли 2007 вазорати маорифи Тоҷикистонро ба додгоҳ кашид. ҲНИТ низ аз мавзеъгирии вай дифоъ кард.
Вале дар ҷомеаи Тоҷикистон ҷонибдорони ҳиҷоб ё сатр дарсадии ками аҳолиро ташкил медиҳанд. Биби Фотима- як сокини шаҳри Душанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ҳиҷоб ё сатр ба ин маъно нест, ки он ба ҷуз аз чашмҳо ҳамаи сару рӯйро бипӯшонад:
"Мо бо гуфтани сатр чиро дар назар дорем? Мо намегӯем, ки мувофиқи шариат рӯта пӯш, дасту почата пӯш. Зан бояд, ки рӯяш намоён бошад. Фақат сару гарданаш намоён набошад. Ана ҳаминро мо сатр мефаҳмем".
Аммо дар Озарбойҷон ҷонибдорони ҳиҷоб ё сатр нисбат ба кишварҳои мусулмоннишини Шӯравии пешин фаротар по гузоштанд ва дар назди бинои вазорати маориф тазоҳуроти эътирозӣ анҷом доданд.
Онҳо ҳатто акси вазири маорифро дар ҷараёни ин тазоҳурот оташ заданд. Таҳлилгарон мегӯянд, масъалаи манъи ҳиҷоб дар Озарбойҷон баҳонаест ва мухолифони давлат мехоҳанд бад-ин васила таваҷҷуҳи аҳолиро ба мушкилиҳои ҷиддии сиёсиву иқтисодии кишварашон ҷалб кунанд.