Рӯзи нахусти оғози ҳаракати шаҳрвандон ва васоити нақлиётӣ дар гузаргоҳи Кулма, воқеъ дар марзи байни Тоҷикистону Чин, барои 32 соҳибкори тоҷик бебарор анҷом гардидааст.
Додситони Бадахшон Рашид Гулматшоев изҳор дошт, ки кормандони додситонӣ ҳини сафар ба Роштқалъа бе иҷоза силоҳи оташфишон бо худ доштаанд, аммо ҳангоми вазифа ба баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ роҳ надодаанд.
Мавзуъи тағйирёбии иқлим дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар як симпозиуми байнулмиллалӣ моҳи август дар Хоруғ баргузор хоҳад шуд.
Имрӯз дар шаҳри Хоруғ гирдиҳамоӣ баргузор нашуд, вале Ҳизби сотсиал-демократ аз эҳтимолияти гирдиҳамоӣ пас аз ду моҳ изҳор доштааст.
Шӯрои сиёсии ҲСДТ бо як қарори худ баргузор намудани гирдиҳамоӣ дар шаҳри Хоруғ дар таърихи 8-уми апрелро муваққатан мавқуф гузошт.
Дар шаҳри Хоруғ ду тифли навзод, ки рӯзи Наврӯз ба дунё омаданд, ба ифтихори ин иди аҷдодӣ Шогун ва Шонаврӯз номгузорӣ шуданд.
Гурӯҳи ҳунармандони тоҷикистонӣ дидбонгоҳи марзии байни Тоҷикистону Афғонистони воқеъ дар маҳалли Теми Хоруғро убур намуданд.
Раиси Ҳизби коммунисти ҶТ Шодӣ Шабдолов нигарониҳо дар Бадахшон дар мавриди ба Тавилдара дода шудани 6 деҳаро натиҷаи халоъи (набуди) иттилоотӣ дар минтақа номид.
Кормандони муассисаҳои фарҳангии шаҳри Хоруг тайи як нома ба мақомоти шаҳрдорӣ тақозо кардаанд, ки аз мавриди таҳоҷум қарор гирифтани муассисаҳои фарҳангии шаҳр ҷилавгирӣ кунад.
Дар Бадахшон як чархболи «МИ-8»-и ширкати хавонавардии "Тоҷик-эйр" суқут намуд ва як халабони он ба ҳалокат расид.
Сокинони Бадахшон аз афзоиши бесобиқаи нархи маводҳои заруртарини истеъмолӣ дар бозорҳои минтақа изҳори нигаронӣ мекунанд.
Бар асари сармо ва боришоти зиёди барф дар рӯзҳои ахир дар Бадахшон 150 сар қутос ва 425 сар моли майда талаф ёфтааст.
Сарез – яке аз бузургтарин кулҳои Бадахшон бо захоири беш аз 17 миллиард метри мукааб оби софи ошомиданӣ, 97 сол пеш бар асари як заминларзаи шадид ва лағжиши куҳпораи азим пеши рудхонаи Мурғоб арзи вуҳуд кардааст.
Имсол барои нахустин бор сайёҳони хориҷӣ марзи Бадахшони Тоҷикистонро аспсавор убур хоҳанд кард.
Масъулини идораи андози Бадахшон зимни як нома ба мақомоти вилоят бархе аз намудҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмиро, ки барои соли 2008 муқаррар шудааст, иҷронашаванда номидаанд.
Бино бар иттилоъи Раёсати Корҳои дохилаи Бадахшон, гурӯҳи кӯдакон ҳангоми бозӣ дар маҳаллаи "Селхозтехника"-и шаҳри Хоруғ дар як бинои нотамоми ин ҷо ҷасади як сарбозеро пайдо намуданд, ки бо роҳи овехтан худро аз ҳаёт маҳрум сохтааст.
Додгоҳи Бадахшон шаҳрванди Чумҳурии халқии Чин Ли Чжо Гуаро ба ҷурми убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон муттаҳам дониста, ба муҳлати як соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.
Ёфтҳои бештар