Президенти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Мамадшо Илолов гуфт, ки қарор аст, то охири сол байни Фарҳангистони улуми кишвар ва Фарҳангистони улуми Русия як созишномаи ҳамкориҳои илмӣ дар мавриди фаъолсозӣ ва истифодаи муштараки пойгоҳи астрофизикии Помир – Чикалтой, воқеъ дар маҳалли Акархари ноҳияи Мурғоб имзо шавад.