Намояндагони гумруки Бадахшон гуфтанд, ки ин соҳибкорон аз дидбонгоҳҳои марзии Қарасӯи тарафи Чин ба далели ин, ки раводиди вазорати хориҷаи Тоҷикистон қобили амал намебошад, бозпас гардонда шудаанд,
Ҳамза Мукаррамшоев, як соҳибкори тоҷик, гуфт, ки марзбонони Чин ҷиҳати чораҳои шадиди амниятӣ дар пешорӯи бозиҳои олимпӣ раводидҳои вазорати хориҷаи Тоҷикистонро лағв кардаанд. Ба соҳибкорони тоҷик эълом шудааст, ки аз ин ба баъд онҳо метавонанд ҷиҳати сафар ба Чин аз гузаргохи Кулма ва он ҳам танҳо бо раводиди сафорати Чин дар Тоҷикистон истифода кунанд.
Вале дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, раводиди вазорати хориҷаи Тоҷикистон барои мусофирони хатсайри Душанбе – Урумчӣ қобили амал мебошад.
Соҳибсултон Шоқиёмова, як тоҷирзан аз Хоруғ, бар ин аст, ки муқаррароти нав барои соҳибкорони минтиқа мушкилот эҷод кардааст: масолеҳи сохтмонӣ ва дигар маводди ниёзи мардумро соҳибкорон аслан аз шаҳри Кошғари Чин, ки нуқтаи наздики тиҷоратӣ барои Тоҷикистон аст, дарёфт мекунанд. Аммо акнун, мегӯяд ин тоҷирзан, соҳибкорон маҷбуранд аз Хоруғ ба Душанбе, сипас ба Урумчӣ ва аз он ҷо ба Кошғар сафар карда, бо ҳамин роҳ бозпас гарданд, ки ин чи барои сафар ва чи барои овардани мол аз кишвари ҳамсоя вақт ва хароҷоти зиёдро талаб менамояд ва бадеҳист, ки қимати ниҳоии мол хеле баланд мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Мирзомуддин Набиев, намояндаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар Хоруғ гуфт, ки барояш сабаби лағви раводид номаълум боқӣ мемонад, вале, тибқи як банди созишномаи тарафайн, дар мавридҳои зарурӣ ба далели амниятӣ мешавад дар амали раводид маҳдудият ҷорӣ намуд. Ӯ чунин маҳдудиятро муваққатӣ хонд.
Вале коршиносони сиёсӣ чунин маҳдудиятро ба масоъили марбут ба минтиқаи ҷудоиталабиТибет пайваста медонанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъйиди сардори идораи гумруки Бадахшон М. Меҳрафзунов, 4-уми май дар гузаргоҳи марзии Кулма байни намояндагони мақомоти Тоҷикистон ва Чин мулоқот доир гардид, ки тибқи он акнун аз то 30-вуми ноябр ин гузаргоҳ ҳамарӯза, ғайр аз рӯзҳои истироҳат ва расмии ид, кушода мебошад.