Вай ҳини мулоқот бо донишҷуёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ гуфт, қаблан сокинони ин деҳот ба навоҳии вилояти Хатлон муҳоҷир шуда, ин деҳаҳо ва чарогоҳҳои гирду атрофии онҳо бидуни даровардани тағйироти марзӣ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон барои истифодаи дарозмуддат ба ВМКБ дода шуда буданд.
Шодӣ Шабдолов афзуд, бо тағйир ёфтани вазъ ва ба охир расидани муҳлати истифода соли 2003 масъалаи бозпас ба Тавилӣдара баргардони ин 6 деҳа ба миён омад ва ахиран дар ҷаласаи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ оид ба ҳудуди ноҳияи Тавилдара муштамил донистани ин деҳот бо масоҳати умумии 2358 гектар қарор қабул шудааст.
Дар айни замон Шодӣ Шабдолов мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти олии қонунбарори кишварро ба он муттаҳам кард, ки бе анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ ва расонидани иттилоъи дуруст ва пурра оиди ин масъала қарор қабул кардааст, ки ин ба эҷоди нигаронӣ ва овозаҳо дар байни мардум сабаб шудааст.
Дар ҳамин ҳол як шахси валомақоми ноҳияи Дарвоз дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, барои сокинони ин 6 деҳа иртибот бо маркази ноҳияи Тавилдара наздиктар аст, аммо дар даврони собиқ Шуравӣ бархурдор будан аз бархе имтиёзҳо ва тайи солҳои ахир ҷиҳати вуруди зиёди кумаки башардустона, ба вижа маводи ғизо ба Бадахшон ва тақсими баробари он ба масокини вилоят, побандкунандаи сокинони ин деҳот ба ноҳияи Дарвоз буданд. Вай гуфт, аммо бо аз байн рафтани имтиёзҳо ва коҳиши маводи башардустона акнун бештари сокинони ин деҳот майлу хоҳиши дар ҳайати Тавилдара зистанро изҳор доштаанд.
Аммо раиси кумитаи заминсозии Бадахшон Амоншо Наврузшоев гуфт, ки бо кушодашавии ағбаи Хобурубот комиссиюни вижаи вилоятӣ ба ин деҳот сафар намуда, иншоотро, ки ҳануз мутааллиқи ҳудуди Бадахшон мебошанд, ба ихтиёри Тавилдара хоҳанд дод.
Ҳамзамон раиси Ҳизби сосиал –демократ дар Бадахшон Алим Шерзамонов мегуяд, агар ин заминҳо ба ҳудуди Бадахшон барои истифодаи муввақатӣ дода мешуданд, ба тасвиби қарори Маҷлиси Олии Маҷлиси Миллӣ эҳтиёҷ мавҷуд набуд. Вай гуфт, дар ҳар сурат ин масъала бояд қаблан тибқи қонунгузориии Тоҷикистон дар Маҷлиси Вакилони Халқии вилоят баррасӣ мешуд, вале сарфи назар шудани ин ҳолат буҳронро ба вуҷуд овардааст.
Раиси бахши бадахшонии Ҳизби сосиал-демократ гуфт, дар мавриди вогузор кардани 1 ҳазор километри мукааб ҳудуди Тоҷикистон ба Чин низ иродаи Маҷлиси вакилони вилоятӣ сарфи назар шудааст. Вай гуфт, танҳо дар лаҳзаи охир раиси вилоят ҳангоми сафари призиденти кишвар ба Чин дар соли 2001 ва имзои созишнома дар ин маврид ба ҳайати корӣ шомил ва аз тасмими имзои созишнома огоҳ шудааст.