Додситони Бадахшон Рашид Гулматшоев гуфт, ниҳодҳои ҷумҳуриявӣ зимни тафтиши парванда дар робита бо ҳаводиси Роштқалъа, ки ба низоъ байни сокинони маҳал ва намояндагони додситонӣ ва ба дунболи он таҷаммуъи гуруҳи мардум дар назди бинои мақомоти вилоятӣ бо изҳори норизоият аз амалкарди кормандони додситонӣ анҷом шудааст , ба ин натаҷа расидаанд.
Додситон гуфт, ки бинобар як тарафи ҷабрдида ҳисоб ёфтани додситонӣ дар ҳодисаи Роштқалъа таҳқиқи он ва умуман 10 парвандаи дигар ба ихтиёри мақомоти болоӣ ҳавола шудааст. Доситон гуфт, ки корманди додситонии ғайриқонунӣ силоҳро бо худ гирифта муҷрим дониста шуда, масъалаи аз сафи кормандони додситонӣ хориҷ шуданаш ба доситони кул пешниҳод шудааст ва вай мутмаин аст, ки ба амали ҳамаи тарафҳо дар ин парванда баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода мешавад.
Додситон афзоиши ҳаводиси поймолшавии қонун ба дунболи шуруъи ҷанги шаҳрвандӣ ва мероси гарони боқӣ аз собиқ роҳбарияти додситонии вилоятро яке аз сабабҳои мавҷудияти норизоият нисбати мақомоти додситонӣ дар минтақа мешуморад. Доситон гуфт, дар ин давра сатҳи таълиму тарбия коста гардида, ашхосе ба макотиби ҳуқуқшиносӣ дохил шуданд, ки ҳадафи асосии онҳо ба воситаи мансаб соҳиби сарват гаштан будааст.
Додситон баён дошт, ки ҳини шурӯъ ба иҷрои вазифа 2 сол қабл дар Бадахшон вай маҷбур шудааст, барои аз вазифа озод намудани собиқ додситони шаҳр ва додситони Мурғоб бинобар мавҷудияти норизоият аз аъмоли онҳо ва ноуҳдабароӣ ба додситони кул пешниҳод ироа кунад. Бинобар иттилоъи додситон ҳамчунин як корманди додситонӣ, ки нисбаташ шикоятҳои зиёд вуҷуд доштаанд, ахиран бинобар мубтало будан ба касалии руҳӣ аз ҳайҳати додситонӣ хориҷ шудааст.
Додситон афзуд, ки аммо солҳои охир 8 кадри ҷавон ва босавод ба додситонӣ ба кор омаданд, ки қобилияти хуби касбӣ ва муомила бо мардумро доранд ва вай бовар дорад, ки додситонӣ ба ҷойгоҳи сазовори сохиби нуфуз ва обру соҳиб мегардад. Додситон афзуд, ки мақомоти додситонӣ дар мавқеи ифротгароии касбӣ пофишорӣ карданро ҷоиз намешуморад ва хатоиҳои кормандони худро эътироф намуда, аз чунин аъмол натиҷагирӣ хоҳад кард, аммо нисбати онҳое низ,ки ба қонуншиканӣ дар муносибат бо кормандони додситонӣ роҳ доданд, чора хоҳад дид.