Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Китобҳоро аз "хонаҳояшон" меронанд


Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ дар Душанбе
Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ дар Душанбе

Кормандони муассисаҳои фарҳангии шаҳри Хоруг тайи як нома ба мақомоти шаҳрдорӣ тақозо кардаанд, ки аз мавриди таҳоҷум қарор гирифтани муассисаҳои фарҳангии шаҳр ҷилавгирӣ кунад.

Гуфта мешавад, тайи солҳои охир 4 хонаи маданият, ки дар гушаи биноҳои

идории мухталиф ҷой доштаанд, ба куча ронда шуда, алҳол ин марокизи фарҳангӣ бидуни ягон шароит ва аз ночорӣ дар дохили макотиб фаъолият мекунанд. Дар нома изҳори нигаронӣ шудааст, ки аз 7 китобхонаи шаҳр бо роҳҳои гуногун сетои онҳо хусусӣ ва барҳам дода шуда, баҳс бар сари дутои дигар аз китобхонаҳои боқимонда ҷиҳати кушиши хусусигардонии яке ва ба тобеияти идораи дигар даровардани дуввумӣ идома доранд.

Мудири навтаъиншудаи идораи фарҳанги шаҳр Маҳингул Назаршоева гуфт, ки дар маҳаллаи Тирчиди шаҳр китобхонаи хеле барҳаво ва дар ҳолати хуб қарор дошта, чанд сол қабл бо баҳонаи садамавӣ будани бино хусусӣ гардонида шуда, фонди китобӣ ба ҷои дигар кучонда шудааст ва ҳоло китобҳоро аз манзили навашон низ бароварданианд. Сокини маҳаллаи Хоруғи Боло Аловиддин Меҳмонов гуфт, кушиши хусусигардонидани китобхона онҳоро ба ташвиш овардааст, зеро ин ягона китобхонаи боқимонда дар Хоруғи Боло ба якчанд маҳал хизмат расонда, дорои бештар аз 15 000 фонди китобӣ мебошад.

Бинобар иттилоъ, як зан - корманди сохтори мақомоти маҳаллӣ, ки ду фарзанди хурдсол дорад, мехоҳад, китобхонаро ба манзили истиқоматӣ табдил диҳад, аммо сокинон мегуянд, ки роҳҳои дигари ҳалли мушкилоти манзил бидуни барҳам додани китобхона мавҷуд ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи маъсулини идораи фарҳанги вилоят, воҳидҳои кории муассисаҳои

фарҳангӣ дар минтақа аз соли 1992 ба ин су бетағйир мондаанд. Онҳо мегуянд, ки аммо бархе аз афрод ва масъулин моликияти мақомоти маҳаллӣ будани аксари кулли биноҳои муассисаҳои фарҳангиро баҳона карда, бархе аз биноҳои муассисоти фарҳангиро хусусӣ карданд ва ё ба идора ва муассисаи дигар "туҳфа" кардаанд.

Муовини аввали идораи фарҳанги вилоят Гулшаев Бозича изҳор дошт, ки айни ҳол 16 фонди китобӣ муваққатан дар синфхонаҳо ва зиёда аз 10-тои дигар дар манозили шахсӣ ҷо дода шудаанд. Вай гуфт, ки муассисаҳои фарҳангӣ дар мавзеъи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз бар асари ҷанги шаҳрвандӣ куллан хароб гардида, имкони барқарор шуданашон қариб вуҷуд надорад.

Мақомоти вилоятӣ бо назардошти вазъи муасисаҳои фарҳангӣ, ба вижа китобхонаҳо супориш додааст, ки мақом ва ҳолати воқеъии китобхонаҳо дар манотиқ дақиқан

муайян шуда, дар ҷаласаи наздиктарин бо ширкати раиси вилоят баррасӣ шаванд.

XS
SM
MD
LG